6 феврал Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» соати 09:00 дар ин бонк доир карда мешавад.
Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотиро соати 10:30 дар Иттифоқи «Тоҷикматлубот» баргузор менамояд.
Нишасти матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 13:00 дар маркази мазкур барпо мегардад.
Нишасти матбуотии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 14:00 дар Хадамоти иҷро баргузор мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04.