Доштани таҷрибаи корӣ дар расонаҳо ҳатмӣ нест.
“Азия-Плюс” рӯзноманигорони шаҳрвандиро аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ба ҳамкорӣ даъват мекунад. Доштани таҷрибаи корӣ дар расонаҳо барои номзадҳо ҳатмӣ нест. Муҳим хоҳиши омӯзиш ва қобилияти дарёфту инъикоси ҳаводиси шавқовар аст.
Барои рӯзноманигори шаҳрвандӣ шудан ва ба тими мо пайвастан, шуморо лозим аст, ки дархости онлайниро дар ин суроға пур кунед.
Зимнан:
- доштани таҷрибаи корӣ дар расонаҳо ҳатмӣ нест;
- барои мо муҳим нест, ки шумо дипломи рӯзноманигорӣ доред ё на;
- ба шахсоне, ки аз гӯшаи дурдасти Тоҷикистон ҳастанд, бартарӣ дода мешавад;
- мо ба синни шумо низ аҳаммият намедиҳем.
Муҳим:
- хоҳиши кор доштани шумо;
- тавони иҷрои саривақтии супориш;
- қобилияти омӯзиш;
- маҳорати дарёфти мавзӯъи шавқоваре, ки дигарон аҳамият намедиҳанд.
Дигарашро мо ба шумо меомӯзонем: навиштани маводи шавқовар ба забонҳои тоҷикиву русӣ, наворбардории гузоришҳои зебои видеоӣ ва омода кардани суратгузоришҳои ҷолиб.
Барои ҳар як маводи омодакарда ҳаққи қалам (гонорар) пардохт мешавад.
Маротиба аввал нест, ки “Азия-Плюс” рӯзноманигори шаҳрвандиро ба ҳамкорӣ даъват менамояд. Қаблан, чанд нафаре, ки дар доираи ин лоиҳа бо мо ҳамкорӣ намуда буданд, барои минбаъда роҳи рӯзноманигориро интихоб карданд ва рӯзноманигорони хуб ҳам шуданд.
Хабарнигорони мардумӣ дар асоси озмун интихоб мешаванд.
https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20221221/aziya-plyus-rznomanigoroni-sharvand-meyad