Ассотсиатсияи миллии ВАО мустақили Тоҷикистон рӯзҳои 12-13 ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе доир намудани тренинг оид ба кори дастаҷамъӣ, таҳияи лоиҳа ва идоракунии лоиҳа ба нақша гирифтааст. Ба тренинг кормандони штатии ташкилотҳои аъзо, инчунин аъзоёни алоҳида — журналистони озод, ки ба баланд бардоштани ихтисоси худ манфиатдор мебошанд, фаро гирифта мешаванд.
Тренинг дар доираи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори АМВАОМТ тавассути таҳияи "Харитаи роҳ" оид ба рушди ассотсиатсия, инчунин мусоидат ба таблиғи ахлоқи ВАО ва механизмҳои худтанзимкунӣ дар матбуот» бо дастгирии ташиклоти Internews дар Тоҷикистон доир мегардад.
Шумораи ҷой барои иштирокчиён маҳдуд аст.
Дархостро то рӯзи 9-уми ноябри соли ҷорӣ ба суроғаи Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол кардан мумкин аст.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед бо рақамҳои +992 372213711, +992 93 504 30 13 тамос гиред.
Хадамоти мониторингии АМВАОМТ