Ҳамасола Маркази Байналмилалии Рӯзноманигорон (ICFJ) рӯзноманигорони барҷастаро бо Ҷоизаи худ дар чаҳорчӯби барномаи "Арҷгузории журнаистон" қадрдонӣ менамояд.
Айни ҳол пешниҳоди номзадҳое, ки гузоришҳои бунёдкоронаи онҳо ё навовариҳояшон дар васоити ахбори омма ба ҳаёти одамон дар кишварҳо ё минтақаҳои онҳо таъсир расонидааст оғоз гардидааст.
Номзадҳо метавонанд хабарнигорон, муҳаррирон, технологҳо, менеҷерони ВАО ё рӯзноманигорони шаҳрвандӣ аз кишварҳое бошанд, ки дар иҷрои кори худ бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Онҳое, ки ба меъёрҳои ҷоиза мувофиқат мекунанд, метавонанд номзадии ХУДРО пешбарӣ кунанд.
Мӯҳлати ниҳоӣ 8 феврал аст.
Ғолибон рӯзи 14 ноябр дар маросими ICFJ Tribute to Journalists 2024 дар Вашингтон, Колумбия қадрдонӣ карда мешаванд.
https://www.icfj.org/news/2024-icfj-knight-awards-nominations-are-now-open