СPJ аҳволи матбуоти Тоҷикистонро "бисёр бад" хондааст
     TJ RU EN
02:10 / 2024-12-23

СPJ аҳволи матбуоти Тоҷикистонро "бисёр бад" хондааст

Radio OzodiЯк гурӯҳи ҳомии озодии баён мегӯяд, матбуот дар Тоҷикистон пас аз ҷанги дохилии солҳои 90-ум “бадтарин аҳвол”-ро дорад, чун раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон худро ба “раҳбари мутлақе табдил додааст, ки ҳеҷ таҳаммули мухолифон”-ро надорад.

Кумитаи Дифоъ Аз Хабарнигорон дар гузориши солонаи худ дар бораи вазъи матбуот дар рӯзи 4-уми январ гуфтааст, солҳои 2022 ва 2023 саркӯби матбуот дар Тоҷикистон сахттар шуд ва дар ин ду сол 7 хабарнигор бо иттиҳомоти шубҳабарангез ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

Чаҳор хабарнигор, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, аз 7 то ба 7.5 сол зиндон маҳкум шуданд. Хушом Ғулом барои 8 сол, Далери Эмомалӣ барои 10 сол ва Улфатхоним Мамадшоеваро барои 20 сол равонаи зиндон карданд, ки ин амалкардро Кумитаи Дифоъ Аз Хабарнигорон нуқтаи авҷи тамоюли нафасгир кардани матбуот номидааст.

Дар ин гузориш таҳти унвони “Матбуоти мустақили Тоҷикистон зери фишори давлат нафасгир шудааст” парвандаҳо ба зидди хабарнигорон ҳамчун ниқор аз онҳо барои корашон дониста шудаанд. Муаллифони гузориш гуфтаанд, ки фазои фаъолияти матбуот дар Тоҷикистон то 10 сол пеш гуногун ва нисбатан озодтар буд, чун мақомот ба интиқоду баҳс иҷоза медоданд, ба шарте, ки расонаҳо аз гузориш додан дар бораи раиси ҷумҳур ва хонаводааш худдорӣ кунанд.

Ба навиштаи Кумитаи Дифоъ Аз Хабарнигорон, ҳоло дар дохили Тоҷикистон фақат ду расонаи мустақил мондааст, ки яке хабаргузории хусусии “Азия Плюс” ва дигар Радиои Озодӣ аст, ки аз тарафи Конгреси Амрико сармоягузорӣ мешавад. Айни замон ҳарду расона ҳам ба озору азияти мақомот ва таҳдид аз тарафи онҳо рӯ ба рӯ мешаванд ва гоҳо вебсайтҳояшонро мебанданд. Дар гузориш омадааст, ки баъди таҳдиди мақомот барои бастани "Азия Плюс" ин расона маҷбур шуд, инъикоси масоили сиёсиро камтар кунад.

Ба чаҳор хабарнигори Радиои Озодӣ пас аз мусоҳибаашон бо Улфатхоним Мамадшоева ҳамла карданд ва ба “Азия Плюс” барои инъикоси тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳушдори сахте доданд. Дигар матбуоти мустақил аз тарси ҳукумат, аз инъикоси масоили сиёсӣ комилан даст кашидаанд ва ё ба сабаби надоштани пул ба сахтӣ фаъолият мекунанд.

Кумитаи Дифоъ Аз Хабарнигорон дар гузориши худ гуфтааст, ки ҳукумат бо истифода аз абзорҳои давлатӣ, ба мисли идораи молиёт ё мақомоти интизомӣ ба расонаҳо фишор меорад. Як хабарнигори тоҷик бо шарти зикр нашудани номаш ба ин созмони ҳомии озодии баён гуфтааст, ки мақомот “ба расонаҳои гирифтори мушкилоти молӣ гӯшзад мекунанд, ки агар ба ҳарфи онҳо гӯш надиҳанд, ҷаримаи бузург мешаванд ё мудиронашонро ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд.”

Чанд хабарнигори дигар ҳам бо шарти ошкор нашудани номашон ба муаллифони гузориш гуфтаанд, ки аз бими қасос гирифтани мақомот худсонсуриро пеш гирифтаанд. Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки баъди саркӯби сахти матбуот дар соли 2022 рӯҳияи хабарнигорони тоҷик “шикастааст”. Баъди ин фирори хабарнигорон аз Тоҷикистон ва тарки пеша кардани онҳо афзуда ва ҳаваси ҷавонон ба интихоби пешаи хабарнигорӣ кам шудааст.

https://www.ozodi.org/a/32762883.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2023 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
     
    Пайвандҳои лозима