Грантҳо барои барномаҳои далелсанҷӣ
     TJ RU EN
02:26 / 2024-12-23

Грантҳо барои барномаҳои далелсанҷӣ

20240103 IFCN

Ташкилотҳои бо далелсанҷӣ машғул метавонанд барои дарёфти грантҳо муроҷиат кунанд.

Шабакаи Байналмилалии далелсанҷони Пажӯҳишгоҳи Пойнтер (IFCN) грантҳои Бунёди далелсанҷони фаромиллиро пешниҳод мекунад.

Бунёди мазкур ташкилотҳои далелсанҷеро, ки Кодекси принсипҳои IFCN-ро имзо кардаанд, инчунин ташкилотҳои шарикиро тӯли се сол дастгирӣ хоҳад кард.

Ин Бунёд грантҳоро ба маблағи то 12 миллион доллар пешниҳод мекунад ва маблағгузорӣ дар се сатҳ дастрас аст: то $25,000, то $50,000 ва то $100,000. Се марҳилаи маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст: «таъсис», «инкишоф» ва «иштирок».

Дар марҳилаи сеюм грантҳо ба маблағи то 1 миллион доллар пешниҳод мегардад. Грантҳои инфиродӣ то $ 100 000-ро ташкил медиҳанд.

Мӯҳлати охирини марҳилаи дуюми дархостҳо 8 январи соли 2024 мебошад.

Маълумоти муфассал (бо забони англисӣ)

https://ijnet.org/ru/opportunity/%D0%B3%D1%80%D0%B0%D0%BD%D1%82%D1%8B-%D0%BD%D0%B0-%D1%84%D0%B0%D0%BA%D1%82%D1%87%D0%B5%D0%BA%D0%B8%D0%BD%D0%B3%D0%BE%D0%B2%D1%8B%D0%B5-%D0%BF%D1%80%D0%BE%D0%B3%D1%80%D0%B0%D0%BC%D0%BC%D1%8B-%D0%B2%D0%B5%D1%81%D1%8C-%D0%BC%D0%B8%D1%80


Тақвим

<< < Декабрь 2023 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31
 
Пайвандҳои лозима