“Маргбортарин сол барои журналистон”. Як созмони байналмилалӣ аз рӯзноманигорони зиндониву кушташуда ном бурдааст
     TJ RU EN
09:45 / 2024-12-19

“Маргбортарин сол барои журналистон”. Як созмони байналмилалӣ аз рӯзноманигорони зиндониву кушташуда ном бурдааст

20231213 APДар ин феҳрист номи рӯзноманигорони тоҷик ҳам ҳаст.

Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон (IFJ) феҳристи наздики 400 нафар рӯзноманигорони дар саросари ҷаҳон зиндонишударо нашр кард, ки дар он дастикам исми 4 журналисти тоҷик зикр шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, танҳо дар соли 2023-юм 393 рӯзноманигор ва кормандони расонаҳо бо ҷурмҳои гуногун паси панҷараҳои зиндон рафтанд.

Миёни рӯзноманигорони зиндонишуда дар соли 2023 номи Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷик, ки аз водии Зарафшон барои расонаҳои кишвар гузориш таҳия мекард, зикр гардидааст.

Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон инчунин аз рӯзноманигорони соли гузашта маҳкумшудаи тоҷик - Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов) низ ном бурдааст.

Ҳамчунин, ин созмон дар гузориши солонаи худ феҳристи кишварҳоеро нашр кардааст, ки рӯзноманигорони бештарро зиндонӣ кардаанд.

Дар садри ин феҳрист Чин бо 80 рӯзноманигори зиндонӣ ва Ҳонконг низ бо 80 рӯзноманигори зиндонӣ қарор доранд.

Дар Мянмар - 54, Туркия - 41, Русия - 40, Беларус - 35, Миср - 23, Ветнам - 18, Арабистони Саудӣ - 11, Ҳиндустон - 10 ва Сурия - 9 рӯзноманигор зиндонӣ шудаанд.

Ин созмони байналмилалӣ боздошт ва ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ кардани рӯзноманигоронро “идомаи саркӯбҳои сиёсӣ” гуфта ва онро “тарҳрезишуда” унвон кардааст.

“Маргбортарин соли рӯзноманигорон”
Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон инчунин дар соли 2023 аз кушта шудани 94 рӯзноманигор ва кормандони расонаҳо дар саросари ҷаҳон иттилоъ медиҳад.

Ба гузориши солонаи созмон, ин дар қиёс ба як соли гузашта, ки 68 рӯзноманигор ба ҳалокат расида буданд, қариб 40 дарсад бештар аст.

Теъдоди бештари рӯзноманигорон - 68 нафар дар ҷараёни даргириҳо миёни Исроил ва гурӯҳи фаластинии Ҳамос кушта шуданд. Ин созмон навиштааст, “рӯзноманигорони фаластинӣ дар навори Ғазза қурбонии бомбборони бесобиқаи артиши Исроил шуданд”.

“IFJ аз мақомоти байналмилалӣ даъват мекунад, ки риояи қонунҳои байналмилалиро таъмин кунанд ва ба қатли рӯзноманигорон дар Ғазза хотима диҳанд”, - таъкид шудааст дар гузориши солонаи созмон.

Ба гуфтаи Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон, аз соли 1990, ки созмон ба сабти феҳристи кормандони кушташудаи расонаҳо оғоз кардааст, бо сабаби ҷанг дар Ғазза имсол маргбортарин сол барои хабарнигорон аст.

Дар давоми сол дар Ховари Миёна ва кишварҳои арабӣ 71 хабарнигор кушта шудаанд.

Ҳамчунин, дар даргирӣ миёни Русия ва Украина 3 рӯзноманигори украинӣ, рус ва фаронсавӣ ҳангоми бозтоби он ҷони худро аз даст доданд.

Сурат: Рӯзноманигорони зиндонии тоҷик, Коллажи АП

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20231212/margbortarin-sol-baroi-zhurnaliston-yak-sozmoni-bainalmilal-az-rznomanigoroni-zindonivu-kushtashuda-nom-burdaast


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима