Ҷанги иттилоотӣ таҳқиру дашном нест!
     TJ RU EN
11:14 / 2024-12-19

Ҷанги иттилоотӣ таҳқиру дашном нест!

Пас аз ҳар низоъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баҳси “ҷанги иттилоотӣ” миёни журналистон, коршиносони соҳа ва намояндагони мақомот рӯй мазанад. Пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2022 дар марз ва ғасби фазои иттилоотии минтақа аз ҷониби расонаҳои кишвари ҳамсоя, мавзӯи заифии расонаҳои кишвар ва бохт дар “ҷанги иттилоӣ” боз ҳам доғ шуд.

Журналистони ҳирфаӣ бояд “ҷанг” кунанд, на шикорчиёни ҳавасманд
Нокомӣ дар набарди иттилоотӣ боис гардид, ки чанд рӯз пас аз сар задани муноқишаи ахири марзӣ роҳбарони ташкилотҳои журналистӣ ва расонаҳои Тоҷикистон гирди ҳам омаданд, то дурнамои рушди ВАО дар кишвар ва ҳамин тариқ, истодагӣ дар қиболи ҳамлаҳои густардаи иттилоотиро баррасӣ кунанд. Аз назарпурсӣ то доир кардани тренинг барои журналистони кишвар аз ҷониби ташкилотҳои журналистӣ, ба хусус НАНСМИТ гузаронида шуд.


Нуриддин Қаршибоев, роҳбари АМВАОТ гуфт:

-Инъикоси масоили наздимарзӣ ҳассос аст. Ба он бояд журналистони ҳирфаии масъулиятшинос машғул шаванд, на “шикорчиён”-и иғво аз доираҳои атрофи журнализм. Дар раванди кор сари ин мавзӯъ на космопотолизм ва на ватандӯстии дуруғин раво нест!

Аз мушкили журналистони тоҷик то роҳи ҳал
Фарзон Муҳаммадӣ, хабарнигори радиои “Озодӣ”, медия-тренер:

—Шахсан ман ҳамчун журналист моҳи апрели соли 2021 вақте дар замони муноқиша рафтам, ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шудам. Надонистани сарҳад, надонистани ҳолатҳои ҷангӣ ва дидани ҳолатҳои фавт. Вақте ба макони баҳс меравӣ, намедонӣ, ки дар хонаҳои тоҷикон ҳастӣ ё қирғизҳо. Сарҳад муайян нест ва дар ҳамсоягии зич зиндагӣ мекунанд.

Мушкили дигар надонистани урфу одати мардуми минтақа аст. Шахсан ман ҳамеша бо чунин мушкил гирифтор мешавам.

Шаҳноз Комилзода, намояндаи ТВ «Иран Интернейшнл»:

-Дар ҷанги охир расонаҳои байналмилалӣ ба мисли «Ал Ҷазира» ва чандтои дигар Тоҷикистонро ба мисли кишвари агрессор (таҷовузгар) инъикос мекарданд ва ҳатто қирғизҳо онҳоро даъват карданду макони низоъро нишон доданд. Ман интизор доштам, ки онҳо дар воқеъ Тоҷикистонро кишвари таҷовузкор муаррифӣ мекунанд, вале ман дақиқан дидам, ки ҳамон расонаҳои CNN, TRT, Euroasianet, Al Jazira баръакс, баланс (мувозинат)-ро риоя карданду ҳарфе дар ин бора назаданд. Ҳатто, дар саҳифаҳои хусусиашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ чунин рафтор намуданд.

Ҳатто медиагигантҳояшон дар саҳифаҳои хусусиашон бо ишора гуфтанд, ки бас аст дуруғпароканӣ. Мо медидем, ки ҷониби Қирғизистон субҳ як рақамро медоданд ва аллакай нисфирӯзию бегоҳ боз иттилоъ дигаргуна мешуд. Яъне, инҷо иттилоъ қурбони суръат шуда буд.

Мушкили омӯзонидани журналистикаи ҳассос ба низоъ
Раҷаб Мирзо, журналист- тренер:

— Омӯзонидани журналистикаи ҳассос ба низоъ ҳамеша мушкил аст. Зеро дар ҳолати низоъ ҳамкасбони мо аз як сӯ шоҳиди бадбахтиҳои зиёд мегарданд, ки ҳатман ба рӯҳияи онҳо бетаъсир намемонад, аз ҷониби дигар бояд рисолати касбии худро анҷом бидиҳад. Дар ҳолати машғул шудан ба фаъолияти касбии худ низ аз ҷониби як тарафи низоъ ҳатман ба суроғаи худ ҳарфҳои носазое мешунавад.

Махсусан инъикос кардани низоъҳои марзӣ осон нест. Чун аз як тараф эҳсоси ватандорист, аз сӯи дигар риоя намудани меъёрҳои касбӣ- тавозун, беғаразӣ ва мисли ин. Аммо баъзан, балки бисёр вақт як ҷониб, хоса ҳамватанон, ки талафот дидаанд, дар мавриди ҷониби дигар ҳарфе шунидан намехоҳанд. Пас як журналист чӣ гуна метавонад ҳам рисолати касбии худро анҷом бидиҳад ва ҳам аз муҳаббати Ватану ҳамватанон канор намонад?

Таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ ва воқеӣ аз ҷангҳои иттилоотӣ
Шералӣ Ризоён, сиёсатшинос:

-Тавре аз нуктаи боло маълум мешавад, қудратҳои ҷаҳонӣ дар фазои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои минтақа ҷанги иттилоотиро муқобили ҳамдигар ба роҳ мондаанд. Шароити мазкур силсилаи таҳдиду хатарҳоро меофарад, ки онро шартан эҳтимолӣ ё воқеӣ номбар мекунем. Пешбинӣ намудани тағйири таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ ба воқеӣ мушкил аст. Чун солҳои тӯлонӣ хусусияти эҳтимолиро дошта метавонад ва ё зуд ба воқеӣ табдили муҳтаво мекунад.

Нуктаи калидӣ дар он аст, ки ворид шудани ҷомеаи Тоҷикистон ба ҷангҳои иттилоотии қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ (агар ба масъалаҳои миллии мо дахл надошта бошад) ба ҷуз зарар чизе намеорад. Аз ҷониби дигар, тавоноии иштирок дар ин ҷангҳо мавҷуд нестанд, чун абзорҳои лозима низ (манзур сатҳи таъсири расонаҳо ва зарфияти кадрии онҳо) дар он шакле нест, ки талаб мешавад. Дар умум, ширкат дар ҷангҳои иттилоотии қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ барои кишвари мо сузанда аст. Ҳамчун шароити эҷодкунандаи таҳдиду хатар се нуктаро, ки бо ҳамдигар иртибот доранд, зикр менамоем:

Якум, осебпазир ва қавӣ набудани манбаъҳои дохилии афкорсоз. Масъалаи мазкур диди фарохро ба масъала талаб дошта, муайян кардани сатҳи таъсири расонаҳои музофотӣ ва марказиро (новобаста аз шакли моликият) ба афкорсозӣ тақозо дорад. Низоми ВАО-и ватанӣ (ба ҳайси ВАО-и ватанӣ мо расонаҳоеро дар назар дорем, ки аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон таъсис ва мудирият мешаванд) шакл гирифта аст (бо сарфи назар накардани диди интиқодии мутахассисону пажуҳишгарони соҳа) ва вуҷуд дорад. Вале масъалаи тавонмандиҳои расонаҳои миллӣ дар баробари ҳуҷуму партобҳои берунаи иттилоотӣ нигаронкунанда мебошад. Масалан, дар пасманзари ҷанги иттилоотӣ оид ба ҳаводиси марзӣ миёни расонаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон маълум шуд, ки бахши аъзами ВАО-и ватанӣ аз ин раванд берун буданд ва тақрибан ширкат накарданд. Баъди гузаштани давраи ҳассос чандин матлабҳои матнӣ ва аудиовизуалӣ таҳия шуданд, ки эффекти лозимаро ба вуҷуд оварда натавонистанд. Расонаҳои кишвари ҳамсоя барои худ, барои минтақаву ҷаҳон ва ҳатто барои Тоҷикистон афкорсозӣ карданд.

Таҷрибаи ҷанги иттилоотӣ дар масъалаи марз дар солҳои 2021-2022 нишон медиҳад, ки шарти муҳими тақвияти манбаъҳои дохилии афкорсоз, коҳиши осебпазирӣ ва боз ҳам баланд намудани сатҳи таъмини озодии баён дар кишвар аст. Боло рафтани тавонмандиҳои расонаҳои миллӣ ба ҳайси унсури табиии пешгирикунанда аз таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ ба воқеӣ баромад мекунад. Зеро “ғалаба”-и абзорҳои беруна бар абзорҳои дохилии афкорсоз – шароитро ба бесуботӣ мебарад.

Дуюм, таъсири баланди расонаҳои хориҷӣ ба афкори мардум. Ин мавзуъ ба нуктаи боло иртиботи бевосита дорад ва арзёбии мунсифонаро талаб мекунад. Барои мисол муҳтавои фазои миллии иттилоотиро перомуни ҷанг дар Украина баррасӣ мекунем. Боиси таассуф аст, ки фазои ватанӣ то ҷое зери мудирияти расонаҳои хориҷӣ будааст. Абзорҳои афкорсозӣ хориҷӣ бо назардошти ҳадаф ва вазифаи худ тафсири гуногуни вазъи имрӯза дар Украинаро ба роҳ монданд. Дар 70 рӯзи охир пурбаҳстарин матлабҳои расонаҳо дар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ ба вазъи Украина бахшида шудаанд. Теъдоди қобили мулоҳизаи корбарони ватанӣ ба ҳақ будани танҳо як ҷониб бовар доранд, баҳс мекунанд, далелҳо (дурустараш партобҳои иттилоотии таблиғотӣ)-ро такрор менамоянд. Селаи иттилоои бардуруғ аз ҷониби рақибон дар бораи ин ҷанг паҳн карда мешавад, ки ташхиси рост ё хато будани он имкон надорад. Аз ҷониби дигар, табиист, ки дар ҳолати фаъоли низоъ ҷонибе пурра иттилои саҳеҳро паҳн намекунад ва ҳатман дасткорӣ менамояд.

Гуфтумонҳо дар байни пажуҳишгарони соҳа дар бораи баланд будани таъсири расонаҳои хориҷӣ ба афкори мардум садо медод, вале дар пасманзари ҳодисаҳои Украина он бештар намудор гашт. Ҳолати мазкур таҳдиди воқеӣ ба субот ва амнияти миллӣ аст, чун расонаҳои хориҷӣ ба манбаъи ҳақиқат табдил ёфта истодаанд. Бо маҳдуд намудани фаъолияти сомонаҳои онҳо “масъала” ҳал намешавад (имкони техникии он вуҷуд надорад). Сари кор овардани гурӯҳи расонаҳои миллии рақобатпазир, зиёд намудани тафсири вазъи минтақа ва ҷаҳон аз диди худ ва боло бурдани зарфияти инсонӣ (ҳузури рӯзноманигорон ва таҳлилгарон) аз қадамҳои зарурӣ шуморида мешавад.

Сеюм, муосир набудани мудирияти соҳа. Фарогир шудани ҷомеаи иттилоотӣ ба таври табиӣ расонаҳоро ба муҳимтарин захираи миллӣ табдил дод. Ҷангҳои иттилоотӣ, партобҳои иттилоотӣ, дасткориҳои иттилоотӣ, афсурдаҳол ва ё рӯҳбаланд намудани мардум ва ғайра аз тамоюлҳои имрӯзаи ҷомеаи иттилоотӣ аст. Барои муосир намудани мудирияти соҳа лозим ба назар мерасад, ки ислоҳоти амиқи сиёсати иттилорасонӣ дар кишвар бояд роҳандозӣ шавад. Аз маблағгузории бевоситаи расонаҳо гузаштан ба усули ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ шароити комилан дигарро барои рушди расонаҳои ватанӣ ба вуҷуд меорад. Иқдоми мазкур сатҳу сифати таъмини амнияти иттилоотӣ (ба хусус паҳлуи зеҳнии он)-ро дигар карда, пӯшиши иттилоотии фаъолияти роҳбарияти олии давлат ва шохаҳои дигари ҳокимияти марказӣ, инчунин фаъолияти мақомоти маҳаллиро комилан дигар мекунад.

Вижагии ҷомеаи иттилоотӣ дар он аст, ки насли наврас ва ҷавон аллакай “фарзанди замони худ” ҳастанд ва пурра ҳаёти рақамиро пеш мебаранд. Мудирияти соҳаи иттилорасонӣ бояд онҳоро низ дарбар гирад, ки нуктаи мазкур баҳсу баррасии алоҳидаро талаб менамояд. Хулоса, мудирияти муосири соҳа рукни муҳими тақвияти тавонмандиҳои Тоҷикистон дар ҷанги иттилоотӣ аст. Зеро он захираҳои миллиро барои рушди устувор, татбиқи зарфияти инсонӣ ва таъмини суботу амнияти фарогир самт медиҳад ва сафарбар менамояд.

https://pressa.tj/%d2%b7angi-ittiloot%d3%a3-ta%d2%b3%d2%9biru-dashnom-nest/


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима