Дар Тоҷикистон тадқиқоти нав дар самти муайян кардани афзалиятҳои расонавии сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
     TJ RU EN
09:38 / 2024-12-19

Дар Тоҷикистон тадқиқоти нав дар самти муайян кардани афзалиятҳои расонавии сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.

20231204 FarajТадқиқоти мазкур пурсиши зиёда аз 2,5 ҳазор аҳолии кишварро пешбинӣ мекунад. Аз натиҷаҳои тадқиқот маълум мешавад, ки сокинони кишвар кадом шабакаҳои телевизиониро мебинанд, кадом радиоҳоро мешунаванд ва кадом рӯзномаю маҷаллаҳоро мехонанд.

Чӣ тавре ки Набӣ Юсупов – директори ташкилоти ҷамъиятии “Машварати расонавӣ” хабар дод, ғайр аз бартариятҳо ба расонаҳои анъанавӣ, ба монанди ТВ, радио, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо, тадқиқот инчунин интихоби аҳолӣ дар нисбати шаклҳои нави расонидани иттилоъ тавассути абзорҳои интернетӣ – сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва почтаи электрониро низ муайян хоҳад кард.

Ба гуфтаи созмондиҳандагони тадқиқот, тавассути муайян кардани симои корбари фаъоли воситаҳои мухобироти оммавӣ, тадқиқот метавонад якбора ба се ҳадаф ноил шавад. Якум, аудиторияи истеъмолкунандагон ва сатҳи истифодаи ВАО-ро муайян кунад. Дуввум, ба расонаҳои ватанӣ барои беҳтар сохтани муҳтаво кумак намояд. Ва сеюм, ба манбаъҳои ахбор дар муайян кардани воситаҳои муассиртарин барои паҳн кардани маҳсулоти иттилоотӣ, ки мустақиман ба аудиторияи мақсадноки онҳо нигаронида шудаанд, ёрӣ расонад.

Тадқиқоти афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон бори чаҳорум баргузор мешавад. Н.Юсупов гуфт, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” шарикони ташкилоти “Машварати расонавӣ” мебошанд. Дастгирии молиявии ин лоиҳа аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Чӣ тавре, ки Набӣ Юсупов қайд кард, тадқиқоти мазкурро бидуни дастгирии Вазорати фарҳанг ва Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” баргузор кардан мушкил буд. “Барои ҷилавгирӣ аз бархӯрди манфиатҳо мо дидаву дониста ба идораҳои соҳавӣ муроҷиат накардем, – мегӯяд Н.Юсупов. – Бинобар ин, аз Вазорати фарҳанги ҶТ сипосгузорем, ки бори чорум барои бо сифати баланд баргузор кардани тадқиқот мусоидат мекунад”.

https://farazh.tj/habari-ruz/muajjan-kardani-afzalijati-rasonaho-dar-tojikiston/


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима