Дарди музмин? Воқеиятҳои талхи нишастҳои матбуотӣ
     TJ RU EN
10:17 / 2024-12-20

Дарди музмин? Воқеиятҳои талхи нишастҳои матбуотӣ

Ojidanie brifingaДар муносибати мансабдорон тағйирот ҳаст, вале на ҳама аҳамияти дастрасӣ ба иттилоотро дарк мекунанд.

Нишастҳои матбуотии тобистона ба анҷом расид. Бардоштҳо аз ин нишастҳо гуногун аст. Коршиносони соҳа ва рӯзноманигорон аз ҷараёни маъмулии нишастҳо сухан мегӯянд, аммо баъзеи онҳо таъкид мекунанд, ки нисбат ба нишастҳои матбуотии қаблӣ, то андозае дигаргунӣ ва паҳлӯҳои мусбат мушоҳида мешуд.

Аз ҷумла, мансабдорон ба нишастҳо бо тайёрӣ ҳозир шуда, дар умум ба аксари саволҳои рӯзноманигорон посух гуфтанд. Ташвиши журналистон ва коршиносон аз нишасти ахири матбуотӣ аз дарди кӯҳна, вале ба шакли бисёр дағал бурӯзкардаи тамаллуқкориву беомодагии ҷиддӣ ба нишастҳо ҳозир шудани баъзе рӯзноманигорони тоҷик буд.

Камбудиҳои мушоҳидашуда. Таъсири мактуб?
Нишастҳои матбуотии ахир ҳамагӣ чанд рӯз пас аз ирсоли мактуб ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва Додситонии кулли кишвар аз сӯйи чанд созмони журналистӣ ва рӯзноманигорон оғоз гардид. Дар мактуби ирсолкардаи созмонҳои журналистӣ аз шеваи баргузории нишастҳои матбуотӣ ва муносибати баъзе мансабдорон бо рӯзноманигорон нигаронӣ карда мешуд.

Ба ин мактуб аз сӯйи Додситонии кулли кишвар посух ҳам омад ва дар он, агар бисёр мухтасар гӯем, тамоми нигарониҳои баёнкардаи ҷомеаи журналистӣ рад шуд, ғайр аз як ду банди кӯчак. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол посух надодааст.

Аммо, ҷараёни нишастҳои матбуотӣ бозгӯи он буд, ки нигаронии ҷомеаи журналистӣ то ҷое ба гӯши мансабдорон расидааст. Зеро бо фарқ аз нишастҳои матбуотии қаблӣ, ин маротиба фазо ва муносибати мансабдорон бо рӯзноманигорон то андозае фарқкунанда буд. Яъне, он ҳама муносибати дағал, маҳдуд кардани вақти баргузории нишастҳои матбуотӣ, ширкат накардани вазирону раисон дар нишаст, дар маҷмӯъ, нақзи баргузории нишастҳои матбуотӣ ва таъмини дастрасӣ ба иттилоот аз сӯи тамоми ниҳодҳои давлатӣ камтар ба назар мерасид.

Метавон гуфт, аксари мансабдорон бо омодагӣ ба нишастҳо ҳозир шуда буданд, ҳарчанд баъзан ба саволҳо посухҳои умумӣ пешниҳод мекарданд.

Бо ин вуҷуд, намешавад гуфт, ки нишастҳои матбуотӣ дар ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ ба шакли хуб баргузор гардид.

Масалан, дар нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии кишвар боз ҳам мисли шаш моҳи пеш аз рӯзноманигорон хоҳиш карда шуд, ки ба вазир як савол диҳанд. Ҳарчанд рӯзноманигорон бо истифода аз ҳуқуқи қонунии худ ба саволҳояшон посух гирифтанд, аммо садгузорӣ дар пешниҳоди савол гувоҳи он аст, ки дар Вазорати корҳои хориҷии кишвар ҳоло ҳам аз ҳадафи аслии баргузории нишасти матбуотӣ огоҳ нестанд.

Чунин ҳолат дар Вазорати энергетика ва захираҳои об ҳам мушоҳида шуд. Худи вазир аз рӯзноманигорон хост, то як саволӣ пешниҳод кунанд, аммо ин талаби ӯ аз ҷониби рӯзноманигорон нодида гирифта шуд.


Бо вуҷуди ин, ба чандин саволи рӯзноманигорон оид ба қарзи ширкати “Da Afghanistan Breshna Sherkat”-и Афғонистон, тамдиди иҷозатномаи фаъолияти НБО “Сангтӯда-1”, қатъи интиқоли барқ дар баъзе манотиқ посухи мушаххас надод.

Вазири фарҳанг ҳам аз посухи мушаххас додан ба баъзе саволҳо худдорӣ кард. Аз ҷумла, ба саволи такрорӣ оид ба муҳлати бунёди бинои нави театри Маяковский посух нагуфт.

Дар нишасти матбуотии “Тоҷикматлубот” бошад, роҳбари он умуман ширкат накард ва муовинони ҳузурдошта ба чанде аз саволҳои рӯзноманигорон посухи қонеъкунанда надоданд.

Дар нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати меҳнат, муҳоҷрат ва шуғли аҳолӣ ва Кумитаи сохтмон ва меъморӣ бошад ба бештари саволҳо посухҳои умумӣ дода шуд.

Ҳамчунин, дар чанд ниҳод мисли солҳои пеш роҳбарони аввал дар нишаст ширкат накарданд. Масалан, роҳбари Хадамоти алоқа, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе ва роҳбари Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ ҳузур надоштанд.

Имсол бархе ниҳодҳо дар нишаст навгонӣ ворид карданд. Ба расонаҳое, ки бо онҳо “ҳамкории зич” доштанд, сипоснома ва тӯҳфа доданд. Аз ҷумла, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба ҳамаи расонаҳои дар нишаст ҳузурдошта сипосномаву туҳфа дод. Ҳатто ба расонаҳое, ки қаблан бо ба додгоҳ кашидан таҳдид карда буданд.

Минтақаҳо чӣ ҳол доранд?
Аз минтақаҳо ҳам шикоятҳо буданд. Масалан, раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ба нишасти матбуотӣ дер ҳозир шуд ва бар замми ин, ба ҳамаи саволҳои рӯзноманигорон посух надод.

Ӯ пас аз як соати оғози нишаст, толорро тарк кард ва гуфт, саволҳои боқимондаро хаттӣ пешниҳод кунед.

Ҳамчунин, чанд сол аст, рӯзноманигорони минтақаи Суғд аз баргузор накардани нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби чанд сохторҳои муҳим шикоят мекунанд. Мушкил ин аст, ки шумораи онҳо сол аз сол меафзояд.

Рӯзноманигорони вилояти Суғд дар нишасти матбуотии раиси вилоят
Акс аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Аз ҷумла, Неъматулло Мирсаидов, рӯзноманигори собиқадор аз вилояти Суғд аз натиҷаи нишастҳо шикоят кард, ки сол аз сол баъзе сохторҳои вилоят бо сабабҳои номаълум аз рӯйхат “хориҷ шудан мегиранд”.

Ӯ ба таври мисол аз Додгоҳи вилоятӣ ва сохторҳои “Барқи тоҷик” ном бурд, ки имсол нишаст баргузор накарданд. Соли чорум аст, ки Раёсати корҳои дохилии ВКД дар вилояти Суғд нишасти матбуотӣ баргузор намекунад.

Бояд гуфт, Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон низ се сол аст, нишасти матбуотӣ баргузор намекунад. Сабабашро ҳам касе шарҳ намедиҳад.

Аз мост, ки бар мост?
Бо оғози нишастҳои матбуотии тобистона Хуршеди Атовулло, рӯзноманигори варзида ва роҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбуки худ навишт: “Ҳамкасбони гиромӣ, дар нишастҳои матбуотӣ аз гирифтани лифофа,асалу чормағзу писта ва нӯшидани кофе истиҳола кунед!”

Ин навишта ишора ба раванди номатлуби дар ҷараёни нишастҳои матбуотӣ авҷгирандаи “тӯҳфагирӣ бар ивази хомӯшӣ” миёни рӯзноманигорон буд.

Бале, талх аст, аммо бояд гуфт ва ҳар чиро бояд бо номи худ зикр кард! Зеро вақте аз масъулин талаби ислоҳот мекунем, худ бояд ҳадди ақал камтар аз онҳо нуқс дошта бошем.

Воқеан, рафтори баъзе рӯзноманигорон ва омодагии сатҳии аксари онҳо аз масъалаҳои мубрам буд, ки дар ҷараёни нишастҳои матбуотии тобистона бештар аз ҳар вақти дигар муҳокима гардид ва нигарониҳои ҷомеаи рӯзноманигориро ба миён овард.

Як ҳафта пас аз оғози нишастҳои матбуотӣ эътирози ҷомеаи журналистии кишвар баланд шуд. Яке аз рӯзноманигорон пас аз шунидани посух ба саволи хеш аз вазири маориф гуфт: “Суханатон дар даҳонатон қанду асал гардад”. Ин гуна тамаллуқ чӣ лозим буд, номаълум аст, дар ҳоле, ки вазирро қонун вазифадор кардааст, то ба саволи рӯзноманигор посух гӯяд. Ва ё акнун барои посух гирифтан ба савол ба мансабдорон миннатдорӣ бояд кард?

Ва ё дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз рӯзноманигорон аз вазир пурсид: Шумо чӣ мехӯред, ки хотираатон қавӣ аст? Дар ҳоле, ки арқоми ироакардаи вазир оид ба норасоии табибон дар саросари кишвар номувофиқатҳо дошт.

Ҷараёни баргузории нишасти матбуотӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Акс аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Дар ҳамин вазорат чанд рӯзноманигор аз вазир хоҳиши ҳалли кадом як мушкили шахсии худро карданд. Онҳо чанд дақиқа вақти гарони ҳамкасбони худро гирифта, гила мекунанд: Хешам бемор аст, барои табобат кӯмак кунед. Ба кадом муассисаи тиббие муроҷиат кардаму бо ман муносибати дуруст накарданд, гӯши ҳамонҳоро тобед.

Баъзе рӯзноманигорон ба қавли хеш “тадқиқот” гузаронида, аз натиҷааш мақомотро огоҳ мекунанду мегӯянд, фалон нафар (машаххасан) ҷиноят содир кардааст! Дар ҳоле, ки додгоҳ онро собит насохтааст. Чунин ҳолатҳо дар нишастҳои матбуотии мақомоти интизомӣ ва тафтишотӣ бештар мушоҳида мешавад.

Бе омодагии ҷиддӣ ҳозир шудан аз мушкили дигари музмин аст. Аз ҷумла, роҳбари Кумитаи телевизион ва радио нишастро бе хондани варақаи иттилоотӣ оғоз кард ва маҷбур шуд аз рӯзноманигорон хоҳиши фаъол буданро кунад. Яъне, рӯзноманигорон натавонистанд масъалагузорӣ ва саволҳои мушаххас пешниҳод кунанд. Дар ҳоле, ки дар соҳа масъалаҳои зиёди ҳалталаб ҳаст.

Чунин ҳолат дар Вазорати адлия, Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи озуқаворӣ ва Саридораи геология низ мушоҳида шуд.

Аз сабаби он ки рӯзноманигорон бе тайёрӣ ба нишаст омада буданд, нишасти матбуотии Додгоҳи олии иқтисодӣ 15 дақиқа давом кард: 8 дақиқа барои ироаи варақаи матбуотӣ ва 7 дақиқа барои саволу ҷавоб.

Ин ҳама нуқсу дарди рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон нав нест ва он рӯзноманигоронеро, ки сидқан кор мекунанд, аз ниҳоде пиёлае чой ё финҷоне қаҳва наменӯшанд, лифофае намегиранду ошу асали ниҳодеро намехӯранд ва ҳамин тавр, ҳеҷ мансабдореро васф намекунанду тамаллуқ намезананд, яъне вазифаи худро ба таври ҳирфаӣ иҷро мекунанд, агар бисёр нарм гӯем, ба ташвиш овардааст.

Дар робита ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта, чанд сол қабл пешниҳод шуда буд, ки сармуҳарирон ва худи соҳибрасонаҳо дар нишастҳо ширкат кунанд. Ин пешниҳод то ҳол амалӣ нашуд.

Воқеан, рӯзноманигори ҳирфаӣ набояд ба ин ҳад ноқис бошад. Агар ин ҳама нуқсро дорост, пас беҳтар аст касбро иваз кунад.

Сурат: Asia-Plus

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20230822/dardi-muzmin-voeiyatoi-talhi-nishastoi-matbuot


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима