Дар ҳоле ки нигаронии созмонҳои байналмилалӣ ва фаъолони ҷомеа аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бештар садо медиҳад, Омбудсмени тоҷик баръакс мегӯяд, дар соли 2023 вазъи риояи ҳуқуқи башар дар кишвар беҳтар шудааст.
Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон 25-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе иддао намуд, ки нисбат ба солҳои пеш вазъи ҳуқуқи инсон беҳтар шудааст.
Ӯ афзуд: “Як мисоли одӣ меорам аз вазъи будубоши маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ. Мо ҳозир ворид? мешавем назар ба солҳои пешин хеле пешравӣ аст. Фақт як муассисаи ислоҳӣ дар маҳаллаи якум “Советский”... мо навакак ворид шудем, боздид кардем ҳамроҳи Нидоев. Дар ҳақиқат, ҷойҳои санитарӣ, хӯрдани хӯрок, масҷид, ҳатто масҷиде, ки ман дар ин муассиса дидам, дар берун ин хел масҷид нест”.
Дар гузашта шикоятҳо аз вазъу шароити маҳбасҳои Тоҷикистон, бахусус шиканҷа шудани маҳбусон борҳо расонаӣ шудааст.
Шикоят аз ноадолатӣ
Ваклотдори ҳуқуқи инсон таъкид намуд, ки чунин баҳодиҳии онҳо ба вазъи ҳуқуқи инсон дар асоси мониторинг, боздиду сӯҳбатҳо бо маҳбусон, аз ҷумла бо се рӯзноманигори маҳкумшуда - Далери Имомалӣ, Завқибеки Сайдаминӣ ва Абдулло Ғурбатӣ анҷом шудааст.
Наздикон ва худи ин се рӯзноманигор аз ноадолатӣ дар парвандаашон нигаронӣ доштанд ва дар мавриди поймол шудани ҳуқуқҳои онҳо бархе созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ҳам садо баланд намудаанд.
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, рӯзи 17-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, агар ваколатдор вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро ба соли гузашта дар муқоиса гузошта бошад, шояд пешравӣ бошад. Зеро ба гуфтаи ӯ, соли 2022 ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба ҳадде поймол шуд, ки дар даҳ соли ахир собиқа надошт.
“Он чи ки ваколатдори ҳуқуқи инсон ба маҳбасҳо рафтанд, аз ҳоли мардуми он ҷо хабардор шуданд, ба хусус бо он рӯзноманигорони ҳабсшуда сӯҳбатҳо карданд, вазъи онҳоро диданд, ки вазъашон он қадар бад нест - ин ҳама як падидаи хуб аст. Вале мебоист, ки ин намояндагон бо онҳо дар бораи сабаби ҳабс шуданашон сӯҳбат мекарданд, поймолшавии ҳуқуқи онҳоро ҳангоми ба ҳабс гирифтан баррасӣ мекарданд,” – афзуд ӯ.
Тавсифи омбудсмени тоҷик аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки созмонҳои байналмилалӣ бо нигаронӣ мегӯянд, вазъи ҳуқуқи башар дар кишвар беҳбуд наёфтааст.
Қонуни фаъолияти блогерӣ ҳам мавриди нигаронӣ аст?
Сийнат Султоналиева, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар “Дидбони ҳуқуқи башар” (Human Rights Watch), рӯзи 16-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ баста шудани даҳҳо созмони ҷамъиятиро як намунаи барҷастаи нақзи ҳуқуқи инсон дар кишвар унвон кард.
Хонум Султоналиева афзуд: “Як мояи хоси мавриди нигаронӣ ин басташавии созмонҳои зиёди ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон мебошад. Аз рӯи маълумоти мо, танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ тахминан 240 созмон ва 15 адади онҳо бо қарори додгоҳ баста шуданд. Тавре мо мефаҳмем, аксари онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор мекарданд. Ҳафтаи гузашта дар бораи ташаббуси қабули қонун дар бораи танзими фаъолияти блогерӣ хабар дода шуд. Ин чиз боиси маҳдудтар шудани домани фаъолияти блогерон ва ҳам бештар шудани сензура дар кишвар хоҳад шуд. Мушкили ҷиддии дигар хушунат алайҳи занон дар Тоҷикистон мебошад”.
Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон 8-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар пайи санҷиши беш аз 140 иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар ВМКБ, фаъолияти панҷ созмон дар ин вилоят қатъ шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти 5 созмоне, ки дар Бадахшон қатъ карда шуданд, бо гуруҳҳои ҷиноӣ робита дошта, сармоягузорӣ мешуданд. Ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ моҳи майи имсол шикоят кард, ки мақомот ба онҳо фишор меоранд, то ихтиёран корашонро қатъ кунанд.
Дар пай боздошту зиндонӣ намудани рӯзноманигорону блогерон интиқодҳо аз риояи нашудани ҳуқуқи инсон дар кишвар бештар шуд.
Чандин созмони байналмилалӣ дар як соли охир Тоҷикистонро дар заминаи ҳуқуқи инсон танқид карданд ва талош доранд, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъала дар Тоҷикистон ҷалб кунанд. Дар миёни онҳо Дидбони ҳуқуқи башар, Гуруҳи ҳуқуқи ақаллиятҳо, Авфи Байнулмилал, Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ, Гузоришгарони вижаи СММ, Дидбони поксозии қавмӣ, Хонаи озодӣ ва ғайра мебошанд. Мақомоти тоҷик нигаронии чунин созмонҳоро дар мавриди поймол шудани ҳуқуқи инсон беасос медонанд.
Сурат: Омбудсмен гуфт, бо Завқибеки Саидаминӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ дар зиндон ҳолпурсӣ кардааст.
https://www.ozodi.org/a/32554072.html