Хатлон: Ҳокими вилоят ва 12 раис чиҳо гуфтанд?
     TJ RU EN
11:13 / 2024-12-20

Хатлон: Ҳокими вилоят ва 12 раис чиҳо гуфтанд?

20230821 FarajРаисони 12 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ва раиси вилоят дар нишастҳои матбуотии худ нишастанду аз бурду бохти шаҳру ноҳияҳои худ ҳарф заданд. Дар аксар маврид ба суолҳои намояндагони ВАО аз мушкилоти ҷойдошта дар шаҳру ноҳияҳо онҳо мисли нишастҳои қаблӣ мегуфтанд, ки воқеан ҳам ин мушкил ҷой дорад ва мо баҳри ислоҳи он корбарию коргузорӣ карда истодаем.

То ҷашни 35-солагӣ 6260 иншоот бунёд мешавад

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд ва сохтмони 6 ҳазору 260 адад бинову иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ӯ афзуд, ки ба ҳолати 1 июли соли 2023 дар 1447 адад бинову иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки нисбати нақшаи умумӣ 23,1 дарсад ва нақшаи соли 2023, ки 1367 иншоот мебошад, иҷроиши он 253 адад ё ин, ки 38,3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 84 адад корхона ва коргоҳ таъсис дода шудааст. Дар корхонаҳои навтаъсиси соҳаи саноат 467 адад ҷойҳои кории нав таъсис дода шудааст,- илова кард раиси вилоят.

Кӯлоб: 30 корхона ва коргоҳи нав бунёд шудааст

Дар шаҳри Кӯлоб дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 30 корхона ва коргоҳи нав аз ҷумла ба истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, сохтмонӣ, мебел, бозичаҳои кӯдакона ва дару тирезаҳои пластикӣ ба истифода дода шуда, дар ин замина 104 ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд. Дар ин бора Бахтиёр Назарзода шаҳрдори Кӯлоб иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки Минтақаи озоди иқтисолии “Кӯлоб” бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар майдони зиёда аз 309 гектар таъсис дода шудааст. Айни замон дар ин минтақа 7 субъект ба қайд гирифта шуда, корхонаи истеҳсолии филтрҳои ҳавоӣ ва равғанӣ барои автомашинаҳо аз ҷониби ҶДММ “Тоҷик алмос” ба истифода дода шуда, дар ин давра 18 нафар, аз ҷумла12 нафар занҳои хонашини маҳаллӣ бо кор ҷалб гардидаанд,-илова кард раиси шаҳри Кӯлоб.

Итилоъ дода шуд, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақими хориҷӣ маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” 7 шартнома ба маблағи зиёда аз 2 миллиард сомонӣ бо сармоягузории хориҷӣ барои бунёди корхонаҳои саноатӣ ба имзо расонида шуда, ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ корҳо идома доранд.

Бохтар: Баъди 32 сол соҳиби автобус шудем

Маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар баъди 32 сол дубора соҳиби 41 автобуси ҷамъиятӣ шуд. Дар ин бора раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло иттилоъ дод. Раиси шаҳр​ зимини қабули автобусҳо қайд, кард, ки ин иқдом бо дастгирии ҳукумати кишвар роҳандозӣ шуда, мақсади асосӣ беҳтар кардани​ хидматрасонии нақлиётӣ ба аҳолии шаҳр ва ноҳияҳои атроф аст.

– Мо нақша дорем, ин автобусҳо 10 рӯзи аввал бепул ба мардум хизмат кунанд,​ то онҳо одат кунанд. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ беш аз 40 ҳазор корт роҳандозӣ шуда, хидматрасонӣ​ ғайринақдӣ мешавад ва барои маъюбону камбизоатон сабукиҳо оварда хоҳанд шуд, – илова кард шаҳрдори Бохтар.

Қайд гардид ки аз 41 автобуси воридшуда ба шаҳр 20 ададаш дар дохили шаҳр ба сокинон хизмат расонида, 20 адади дигар​ дар ноҳияҳои атрофи шаҳр фаъолият хоҳанд кард.

Леваканд: сохтмони бинои «яхбаста» шурӯъ мешавад

Дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон ҳанӯз соли 2004 дар масоҳати як гектар замин сохтмони бинои МИҲД-и шаҳр оғоз гардидаву бо гузашти беш аз 19 сол ба ҷуз таҳкурсиаш аз идомаи сохтмон дараке набуд. Рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур дубора оғоз хоҳад шуд. Дар ин бора Кабирзода Неъматуло, муовини аввали раиси шаҳри Леваканд, зимни нишасти хабарӣ итилоъ дод.

“Бинои мақомоти маҳаллии шаҳри Леваканд воқеан ҳам солҳои тӯлонӣ нотамом боқӣ монда буд, хушбахтона, бо дасгирии ҳукумати вилояти Хатлон имсол барои идомаи сохтмони он аз буҷети вилоят, тариқи сохтмони асосии вилоят 1 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки рӯзҳои наздик дубора сохтмонаш оғоз хоҳад ёфт”, – илова кард ӯ.

Муовини раиси шаҳр афзуд, ки дар натиҷаи талошҳои раиси имрӯзаи шаҳри Леваканд Файзиддинзода Бунафша ва дастгириҳои раиси вилоят Давлаталӣ Саид, кор дар иншооти мазкур, ки солҳои тӯлонӣ нотамом боқӣ монда буд, рузҳои наздик оғоз мегардад.

Кӯшониён: 4 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд

Дар​ шаш моҳи соли ҷорӣ​ аз ҳудуди ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 3 ҳазору 988 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст, ки 88,6 дарсади​ нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад,- гуфт раиси ноҳияи мазкур Вализода Икромиддин зимни нишасти матбуотӣ.

Раис афзуд, ки​ дар ноҳия ҳоло ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ идома дошта, давоми моҳҳои сипаригардидаи соли ҷорӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар маҷмӯъ 12 ҳазору 734 тонна ғаладонагӣ, 19 ҳазору 226 тонна картошка, 90 ҳазору 709 тонна сабзавот, 8051 тонна полезӣ, 8487 тонна меваҷот ва 147 тонна ангур ҷамъоварӣ шудааст.

Гуфта шуд, ки дар ин давра ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия 1 миллиарду 107 миллиону 634 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки аз ин маблағ 899,3 миллион сомонӣ ё 81,2 дарсади он ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд.

Ҷайҳун: аз Бадахшон омӯзгор меорем

Ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон барои бартараф кардани мушкили кадрӣ то оғози соли навӣ хониш 60 нафар омӯзгоронро аз Вилояти Мухтор Куҳистони Баахшон ба муассисаҳои таълимии ноҳия ҷалб мекунем,-гуфт Одиназода Абдулҳафиз, – раиси ноҳия.

“То имрӯз алакай 10 нафар омӯзгорон ба кор кор ҷалб шудаанд. Барои ҷалби онҳо ба Вилояти Мухтор Куҳистони Баахшон сафар карда бо онҳо сӯҳбату мулоқот гузаронидам” -,афзуд ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки ба омӯзгороне, ки ба муассисаҳои таълмиии ноҳия аз дигар вилоятҳо ҷалб карда мешаванд, қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шуда, то бунёди хонаҳояшон бо ҷойи зист таъмин хоҳанд шуд.

Дӯстӣ: шаҳрвандон пурра бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мешаванд

Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон 126 ҳазор аҳолӣ иқомат мекунанд, ки 0,6 дарсадашон ба оби тозаи ошомиданӣ таъминанду халос, гуфт раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон дар нишасти хабарӣ.

Қайд гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар бо харҷи 45 миллион долар як лоиҳа дар ҳоли амалӣ шудан аст. Баъди амалӣ шудани ин лоиҳа 100 дарсад аҳолии ноҳияи Дӯстӣ бо оби ошомиданӣ таъмин хоҳанд шуд.

Номбурда афзуд, ки мақсади ягонаи мо ин таъмини зиндагии шоистаи сокинони ноҳия ва бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва таъмини сокинон бо қойҳои корӣ доимӣ ва маоши хуб мебошад.

Хуросон: Корхонаи ордро Валиевҳо дубора фаъол мекунанд

Дар ноҳияи Хуросон калонтарин корхонаи орд, ки беш аз 10 сол аст аз фаъолият бозмондааст, дар ояндаи наздик дубора фаъол хоҳад шуд. Дар ин бора Аҳмадзода Илҳом раиси ноҳияи мазкур дар нишасти​ матбуотӣ иттилоъ дод.

“Корхонаи мазкур ба оилаи​ Валиевҳо тааллуқ дошта, то соли 2012 фаъолият карда,​ орд истеҳсол менамуд, аммо бо омилҳои гуногун беш аз 10 сол аст, ки​ аз фаъолият бозмондааст”,- шарҳ дод раиси ноҳия.

Иттилоъ дода шуд, ки соҳибмулки корхонаи Орд​ нақша дорад, ки дар доираи ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дубора корхонаро фаъол карда, дар дохили он чанд корхонаи хурди дигар бунёд кунанд. -Аз ҷониби соҳибмулк алакай лоиҳаи бунёди корхонаи хурд пешниҳод карда шудааст,-афзуд Аҳмадзода.

Ҷомӣ: бунёди 40 коргоҳу корхонаи саноатӣ

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар 40 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз беш аз 10 ададаш сохта ба истифода дода шудааст, афзуд раиси ноҳияи болозикр Раҳимзода Сафармаҳмад.

Ба гуфтаи ӯ танҳо дар соли 2023 бунёди 7 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он се ададаш дар шаш моҳи соли ҷорӣ сохта ба истифода дода шуда, дар дигар корхонаҳо сохтмон идома дорад.

Раиси ноҳия ҳамчунин илова кард, ки бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон бунёду таъмири 203 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин дар соли 2023 чил иншоот бояд бунёд карда шавад. Аз он дар ин дарвра 15 ададаш сохта ба истифода дода шудааст.

Ёвон: 14 корхонаи бекорхобида дубора ба кор шурӯъ карданд

Дар ноҳияи Ёвон беш аз 50 корхонаи саноатӣ мебошад, ки аз он 14 ададаш соли гузашта бо омилҳои гуногун фаъолият намекарданд ва дубора онҳо фаъол карда шуданд. Дар ин бора Бахтиёр Шарифӣ раиси ноҳияи мазкур иттилоъ додааст.

Ҳамчунин ӯ илова кардааст, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия коргоҳҳои истеҳсолии ҶДММ “Накӯкорон”, ҶДММ “Ширинов Нимат”, ҶДММ “Сорбон Компания”, ҶДММ “Ҳасан Ҳусейн”, ҶДММ “Рустамов Наҷмиддин”, ҶДММ “Сурайёи Муҳаммад”, ҶДММ “Музафаров Анушервон”, ҶДММ “Мусулмон Пласт” ва ҶДММ “Замираи Ёвон” бо 32 ҷойи корӣ доимӣ ва ҳамзамон аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ 4 коргоҳи навӣ истеҳсолӣ бо 10 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар ин давра корхонаю коргоҳҳои саноатӣ ноҳияи Ёвон ба маблағи 814 миллиону 468,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 34 миллиону 155,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад,-илова кард Бахтиёр Шарифӣ.

Қубодиён: Хисороти​ сӯхтори бозор муайян шуд

Зарар​ аз сӯхтори бозори “Қубод”-и ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, ки рӯзи 29-уми июни соли ҷорӣ​ рух дода​ буд ва садҳо тоҷир зиён дида буданд,​ 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ муайян карда шуд.​ Дар ин бора раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат дар нишасти хабарӣ иттилоъ додааст.

​- Дар ин сӯхтор​ 68 дӯкон аз Ҷамъияти​ “Тоҷикматлубот” ва беш аз​ 200 соҳибкори инфиродӣ зарар дида буданд,- афзуд ӯ.

“Ҳоло ҳам омили сар задани сӯхтор маълум нест. Мақомоти дахлдор сабаби сар задани сӯхторро муайян мекунанд”,​ – илова кард раис.

Иттилоъ дода шуд, ҳамаи​ соҳибкороне, ки дар сӯхтори бозор зарар дида буданд, барои фурӯши молу маҳсулоташон бо ҷойҳои нав таъмин карда шуданд. Ҳоло сохтмони бозор идома дорад.

Вахш: Таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷӣ ба “Аҷинатеппа” зиёд аст

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 86 нафар сайёҳони хориҷӣ аз мавзеъи таърихиву сайёҳии “Аҷинатеппа”-и​ ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дидан карданд, ки 34 нафари онҳо аз Чин мебошанд,- гуфт Қурбон Юсупов, раиси ноҳияи Вахш дар нишасти хабарӣ.

“Дар ноҳияи Вахш 7-адад ёдгории таърихӣ мавҷуд мебошад, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 86 нафар сайёҳони хориҷӣ, аз ҷумла аз давлатҳои Фаранса 4 нафар, Шветсария 2 нафар, Ҷопон 27 нафар, Амрико 3 нафар, Англия 4 нафар, Полша 2 нафар,​ Россия,​ Эрон 1 нафарӣ,​ Қирғизистон 5 нафар, Чин 33 нафар аз мавзеи таърихии Дайри буддоӣ “Аҷинатеппа” дидан карданд”,- итилоъ дод раис ва афзуд, ки​ ​ 201 нафар сайёҳони дохилӣ аз ин мавзеъ дидан карданд.

Раис қайд кард, ки мо бештари роҳҳои ин мавзеъро, ки солҳои тулонӣ таъмирталаб буданд, босозӣ карда, ният дорем бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ мавзеъи таърихиву сайёҳии “Аҷинатеппа”-и​ ноҳияро бозсозӣ намоем.

Панҷ: Муроҷиати шаҳрвандон саривақт барасӣ мешаванд

Раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Шоҳиён Зарифхӯҷа иттилоъ дод, ки бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар нимсолаи аввали соли 2023-юм ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1904 шаҳрванд, аз ҷумла 1689 нафар тариқи хаттӣ ва 215 нафар шифоҳӣ муроҷиат намуданд.

“Аз муроҷиатҳои воридшуда, 5 муроҷиат ба воситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, 14 муроҷиат ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 муроҷиати дигар ба воситаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардидааст”,-афзуд раиси ноҳияи Панҷ ва илова кард, ки аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттӣ бошад 1422 адад аз рӯи тобеият ирсол гардида, 267 адад баррасӣ шуда, аз он 24 адад тарқи фаҳмондадиҳӣ, 239 аришаи дигар қонеъ ва 4 аризаи дигар имрӯз мавриди баррасӣ қарор доранд.

Нишастҳои матбуотӣ ба охир расид, вале…

“Фараж” ҳафтаи дигар перомуни он ки 13 раисони ноҳияҳои дигар, – Балхӣ, Шаҳритус, Носири Хусрав, Ҳамадонӣ, Фархор, Восеъ, Ховалинг, Мӯъминобод, Балҷувон, Данғара, Шамсиддин Шоҳин, Норак, Темурмалик чӣ гуфтанду чӣ мушкил доранд, идомаи гузориши хабарнигронашро пешниҳод менамояд.

Ҳоло бошад, умед дорем, масъулони ташкилоту идораҳо ва 12 раиси шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон вобаста ба баъзе камбудиҳои ҷойдошта барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум, ки ҳам роҳбари давлат ва ҳам раиси вилоят супориш медиҳанд, чораҳои зарурӣ меандешанд.

https://farazh.tj/sahifai-asosy/mintaqa/hatlon-okimi-vilojat-va-12-rais-chiho-guftand/


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима