15 август дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Вазорати молия нишасти матбуотӣ соати 09:00 доир мешавад.
Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мегардад.
Дар Прокуратураи генералӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 гузаронида мешавад.
Дар Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мегардад.
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ нишасти матбуотӣ соати 10:30 доир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2023 26 июл оғоз шуда, 15 август ҷамъбаст мегарданд.