14 август дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Кумитаи андоз нишасти матбуотӣ соати 11:00 доир мешавад.
Дар Суди Олӣ нишасти матбуотӣ соати 14:00 баргузор мегардад.
Дар филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ соат 10:00 (кӯчаи Турсунзода, 82, рӯ ба рӯи Литсейи алоқа) доир мешавад.
Тибқи нақша, вақти баргузории нишастҳои матбуотӣ дар тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, бо АМИТ «Ховар» мувофиқа мешавад. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04,94-604-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳамарӯза дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
https://khovar.tj/2023/08/14-avgust-dar-kumitai-andoz-va-sudi-ol-nishasti-matbuot-barguzor-megardad/