Шинохти Раҷаби Мирзо дар чанд бахш
     TJ RU EN
11:19 / 2024-12-20

Шинохти Раҷаби Мирзо дар чанд бахш

Rajabi MirzoДар ҳошияи зодрӯзи журналист, таҳлилгар ва шореҳи касбӣ Раҷаби Мирзо

Дар фазои иттилоотӣ бидуни баҳс акои Раҷаб яке аз беҳтарин шореҳони мо ба шумо мераванд, сабки худро доранд, бо рӯйкарди ба худ хос навиштаҳои таҳлилиро таҳия мекунанд. Бо дарназардошти ҳамин нукта чанд масъаларо перомуни хабарнигории таҳлилӣ дар кишвар, ки яке аз намояндагони касбии он соҳибҷашн ба шумор мераванд, рӯйи қоғаз меорам.

Аҳамияти хабарнигории таҳлилӣ дар чист?
Тағйири фавқуллодаи вазъ дар минтақа ва ҷаҳон дар ду соли охир нишон медиҳад, ки ба мо то кадом дараҷа журналистикаи таҳлилӣ лозим аст. Зарурати густариши ин самтро ҳам кормандони соҳа ва ҳам худи ҷомеа эҳсос мекунанд. Ҳарчанд барои собит намудани ин нукта аз ривоятҳои гуногун истифода менамоянд. Аҳамияти таҳлил ва тафсири касбӣ имрӯзҳо ниҳоят муҳим шудааст, чунки барои шаклгирии дидгоҳи шаҳрвандон таъсир расонида, арзишҳои худиро тақвият медиҳанд. Дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ даҳҳо иқдомҳо амалӣ мешаванд, ки яке аз ҳадафҳояшон ба вуҷуд овардани мавқеи рӯй ба ҷониби як кишвар (ё ҷамъи давлатҳо) аст. Дар чунин шароит ҳузури хабарнигорони касбӣ дар фазои иттилоотӣ, ки таҳлилҳо ва тафсирҳои вижаро ба ҷомеа пешкаш месозанд, барои нигоҳ доштани тавозуни фикрӣ муҳим мебошад. Агар ривояти устувору собити ватанӣ нисбат ба рӯйдоди минтавақӣ ва ҷаҳонӣ эҷод нагардад, ҳатман ба гурӯҳҳои ба ҳам муқобили густаришдиҳандаи дидгоҳҳои беруна ҷудо гардидани ҷомеа сабаб мешавад. Ин ҳолатро мо баъди рӯйдоди моҳҳои феврал-апрели соли 2022 дар фазои пасошӯравӣ мушоҳида намудем, ки чӣ гуна як бахше аз шаҳрвандон ривоятҳои ҷонибҳои даргирро бо ҳам баҳс ва ба муқобили ягдигар аз забони нафрат истифода менамуданд.

Ҳамчунин, дар ду ҳодисаи фавқуллодае, ки дар марз бо ҳамсояи шимолӣ моҳи апрели соли 2021 ва сентябри соли 2022 ба вуқуъ пайваст, садоҳои мухталифе дар бораи “мағлуб” шудани кишвар дар ҷанги иттилоотӣ садо дод. Дар нишастҳои вижа, барномаҳои видеоӣ, мақолаҳо ва нигоштаҳо кормандони соҳа зикр намуданд, дар як лаҳза омода намудани шореҳ ва ё хабарнигори таҳлилнавис имкон надорад. Солҳо лозиманд, ки нозукиҳои ин самт аз худ гардида, “даст барои навиштан” рост шавад. Аксари кулли матлабҳои навиштаи соҳибҷашн дар вебблоги “Рӯзи нав” маҳфузанд, онҳо ба масоили мухталиф бахшида шудаанд ва намунаи муосири маводи хабарнигории таҳлилӣ мебошанд. Дар вебблоги мазкур солҳои пеш матлабҳои зиёди таҳлилӣ ба нашр мерасиданд ва дар афкорсозӣ нақши муҳим доштанд. Имрӯз фаъолияти густардаи он ба мушоҳида намерасад. Агар аз сари нав фаъол мегардид, ба фоидаи фазои иттилоотии кишвар мебуд.

Перомуни аҳамияти хабарнигории таҳлилӣ бояд зикр шавад, ки вазъи баъди моҳи феврали соли 2022 ба вуҷуд омада, сабақи ҷиддиро ба вуҷуд овард. Арзёбиҳо нишон доданд, ки шаҳрвандони мо ба масъалаҳои актуалии минтақа ва ҷаҳон аз дидгоҳи кишварҳои бегона назар мекунанд. Зеро матлабҳои касбии таҳлилӣ бо забони давлатӣ кам ба мушоҳида мерасанд ё дар формате пешкаши хонандагон мегарданд, ки мутаассифона бахши умдаи онҳо рақобатпазир ва ҷолибу муосир нестанд.

Шояд бархе нисбат ба хабарнигории таҳлилӣ назарҳои гуногун ва “ҳарос”-ҳои муайян доранд. Вале зарурати аслии ин самт дар шаклдиҳии “болини амниятӣ” аст, ки манбаҳои шаклдиҳандаи афкори ҷамъиятиро дар дохили кишвар нигаҳ медорад. Ҳамин нукта, тамоми “ҳарос” ва “фобия”-ҳоро камарзиш мекунад, зеро дар дурнамои кутоҳмуддат эҳтимоли боз ҳам густариш ёфтани “ҷангҳои ҳибридӣ” дар фазои иттилоотии Тоҷикистон мавҷуд аст. Танҳо чанд мавзуъ ё самтро номбар мекунем, ки дар “ҷангҳои ҳибридӣ” ба эҳтимоли зиёд истифода мегарданд (аллакай мавриди истифода қарор доранд):

Якум, рақобатҳои кишварҳои дорои манфиат дар Осиёи Марказӣ ва инчунин Тоҷикистон дар формати Чин-ИМА, Русия-ИМА ва ғайра, ки ба табақаҳо ҷудо шудани шаҳрвандонро метавонад боз ҳам густариш диҳад. Бо назардошти рақобатҳои мазкур ниҳоят муҳим аст, ки манфиатҳои миллии Тоҷикистон осеб набинанд ва барои чунин нашудан, ҷойгоҳи хабарнигории таҳлилӣ калидӣ аст.

Дуюм, даъватҳо ба бозбинии таърихи гузашта ва ҳаводиси асрҳои ХIX-ХХ дар ҷуғрофиёи Тоҷикистон. Имрӯзҳо кушишҳои зиёде барои бозбинии таърих дар формати “пасоистеъморӣ”, “истеъморзудоӣ” ва ғайра ба мушоҳида мерасад, агар аз берун ангеза дода шавад ва мудирият гардад, ҷаҳонбинии моро “истеъморзада” нигаҳ медорад. Хавфи чунин ҳолат дар он аст, ки мо гузаштаи худро аз диди дигарон мебинем. Мисоли барҷастаи ба кадом ҳолат овардани “аз диди дигарон нигаристан ба гузаштаи худ” дар мисоли таърихнависии замони Шӯравӣ равшан аст (мавзуи мазкур баррасии алоҳидаро талаб мекунад). Дар ин самт, хабарнигории таҳлилӣ метавонад барои дар салоҳияти худи соҳибони таърих боқӣ мондани баҳогузориҳои онро таъмин кунад (мавзуи мазкур бо таъмини амнияти фикрӣ дар кишвар таъсири мустақим дорад).

Сеюм, дар Тоҷикистон таҷрибаи созмондиҳӣ ё мудирияти расонаҳои ба истилоҳ “ватанӣ” аз ҷониби давлатҳои беруна ба мушоҳида мерасад. Ҳадафи асосии фаъолияти онҳо шаклдиҳӣ ва тарвиҷи “дидгоҳ”-и руй ба кишвари маблағгузор мебошад. Дар як соли охир мо чандин шакли нашри ҳамчунин матлабҳоро дар фазои иттилоотӣ мушоҳида намудем ва ба эҳтимоли зиёд дар оянда боз густариш ҳоҳанд ёфт. Аз ин рӯ, зарурати дигари рушди хабарнигории таҳлилӣ эҷод ва устувору собит нигоҳ доштани ривоятҳои ватанӣ мебошад, то “ҷойгузинии мафҳумҳо” сурат нагирад ва хостаҳои кишварҳои манфиатдор ба ҳайси манфиатҳои миллии Тоҷикистон матраҳ нашаванд.

Ниҳоят, саволе ба миён меояд, ки чӣ гуна хабарнигории таҳлилиро метавон рушд дод? Посух ё роҳҳали равшан вуҷуд надорад, чун ҷомеа ҳамеша дар ҳоли рушд аст ва нисбат ба рӯйдодҳои гуногун таъсирпазир мебошад. Ин самтро бар асоси назария ва амалия метавон омӯзонд, вале як мушкили бархе донандагони хуби назария ин аст, ки худашон “навишта” наметавонанд. Онҳое, ки дар “истеҳсолот” ҳастанд, малакаи муассири омӯзондани ин самтро шояд надоранд…

Соҳибҷашн ба 50 расиданд ва таҷрибаи амалиро ҳам дар навиштан ва ҳам тадриси муосири майлонҳои нави хабарнигорӣ доранд, ки дар поён бозкушоӣ мекунем:

Фаъолияти хабарнигории таҳлилии соҳибҷашн
Навиштани мақолаҳои таҳлилӣ. Як паҳлӯи қавии соҳибҷашн ҳирфаият дар навиштани мақолаҳои таҳлилӣ аст, ки ба масъалаҳои мухталифи сиёсати дохилии кишвар ва ба рӯйдодҳои минтақа ва ҷаҳон бахшида шудаанд. Навиштаҳо аз диди сохтор чунинанд: моҳияти масъала (i), раванди ҷорӣ ё муҳтавои имрӯза (ii), омилу шароити таъсиррасон (iii), мулоҳиза, хулоса ва пешбинӣ (iv), инчунин, сенарияҳои эҳтимолии рушди вазъ (v) бозкушоӣ мешаванд. Мақолаҳои таҳлилии соҳибҷашн се вижагӣ доранд: якум, муаллиф ривояти ватаниро дар бораи мавзуи мавриди назари худ эҷод мекунад, ки таъсири ҷиддиро ба шаклгирии дидгоҳи шаҳрвандон мерасонад; дуюм, ангезаи падидор шудан/ба вуҷуд омадани вазъ баррасӣ ва таърихчаи мухтасари он оварда мешавад, ки ба таври ҷиддӣ омода шудани муаллифро барои таҳияи нигошта нишон медиҳад; сеюм, таҳияи сенарияҳои мухталиф, ки дар шакли “плани А” ва “плани Б” дар навишта зикр мегарданд. Муҳтавои аксари мақолаҳо фикрзо буда, дар анҷом дар зеҳни хонанда “плани С”-ро ба вуҷуд меоранд, ки боз будани навиштаҳоро нишон медиҳанд.

Фаъолияти коршиносӣ. Соҳибҷашн дар расонаҳои ватанӣ ба ҳайси коршинос баромад намуда, назари худро дар мавриди масоили мубрам баён мекунанд. Як вижагии эшон шояд дар он бошад, ки ҳам мақола менависанд ва ҳам дар саҳифаи расонаҳо ҳузур доранд. Барои чӣ ин нукта муҳим аст? Чунки вақтҳои охир дар расонаҳо онҳое бештар суҳбат мекунанд, ки ягон мақолаи таҳлилӣ ё илмие дар мавриди мавзуи мавриди назари худ надоранд.

Фаъолияти тренерӣ. Солҳои охир соҳибҷашн ба унвони тренер дар омӯзишҳо барои хабарнигорон ҷалб мешаванд ва мавзуҳои мухталифи амалии соҳаро барои онҳо тадрис мекунанд. Модели фаъолияти тренерии акои Раҷаб низ чанд вижагӣ дорад: якум, аз таҳти дил ба тадрис машғул мешаванд ва дар корашон “беҳуда” гузаронидани вақт мушоҳида намешавад; дуюм, ба ҳар андеша ва дидгоҳи шунавандагон эҳтиром мегузоранд ва барои “пухта расидани он” мадад мекунанд; сеюм, тақрибан рӯйкарди мавриди назари худро таҳмил намекунанд; чорум, баҳсу баррасии ҷолибро ба вуҷуд меоранд, ки ҳар шунаванда кушиш мекунад, дидгоҳи худро баён намояд; панҷум, нармӣ дар рафти омӯзиш ва сахтгирӣ барои босифат анҷом шудани кори эҷодӣ. Бешубҳа, чунин тарзи муносибат ба кор ва эҳтироми шуновандагон амали оддӣ нест, балки касбияти муайянро талаб мекунад, ки соҳибҷашн дорои он мебошанд.

Дар интиҳо ин матни табрикотии ба табрикот монанд набуда, ба соҳибҷашн тамоми хушиҳои зиндагиро таманно мекунам. 101 сола шаванд ва ҳамеша муваффақ бошанд.

Шералӣ Ризоён

https://pressa.tj/shinohti-ra%d2%b7abi-mirzo-dar-chand-bahsh/


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима