Вазорати фарҳанг озмуни ҷумҳуриявиро оид ба тарғиботи зиддикоррупсионӣ эълон менамояд.
     TJ RU EN
04:38 / 2024-12-20

Вазорати фарҳанг озмуни ҷумҳуриявиро оид ба тарғиботи зиддикоррупсионӣ эълон менамояд.

Vazorati FarhangВазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” озмуни ҷумҳуриявиро оид ба тарғиботи зиддикоррупсионӣ таҳти унвони «Васоити ахбори омма муқобили коррупсия» эълон менамояд. Озмун моҳи декабри соли 2023 ҷамъбаст мегардад.

Ба озмун мақолаҳое роҳ меёбанд, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои марказии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2023 дар мавзӯи мубориза бо коррупсия нашр гардидаанд.

Барои

  • ҷои якум – 7 000 сомонӣ,
  • ҷои дуюм – 4 000 сомонӣ,
  • чои сеюм – 2 000 сомонӣ ҷоиза муқаррар гардида ва фаъолон низ бо мукофот қадрдонӣ мешаванд.

Мақолаҳо барои иштирок дар озмун дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон то 01.12.2023 қабул карда мешаванд.

Пешниҳоди рӯзнома ё маҷалла бо мақолаи нашргардида ҳатмӣ мебошад. Телефон барои тамос: 221 40 65, 221 03 00,
Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

https://www.vfarhang.tj/index.php/tj/khabar-o/7131-e-lon-2


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима