Суғд: нишастҳои матбуотии нимсола 26 июл оғоз мешаванд
     TJ RU EN
04:02 / 2024-12-20

Суғд: нишастҳои матбуотии нимсола 26 июл оғоз мешаванд

20230721 SNews2

Нишастҳои матбуотии ҳисоботӣ бо иштироки роҳбарони ҳукуматҳо, мақомоту раёсатҳо ва муассисаҳои вилояти Суғд 26 июли соли равон оғоз мегардад.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раиси вилоят, нишастҳои хабарии навбатӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи тамоми бахшҳои хоҷагии халқи шаҳру вилоятҳо ва сохторҳои давлатии вилояти Суғд рӯзи 26 июл оғоз мешаванд.

Тибқи ҷадвали нашршуда, рӯзи 26 июл раисони шаҳрҳои Истиқлол, Исфара, Панҷакент ва ноҳияи Шаҳристон ба суолҳои рӯзноманигорон посух хоҳанд дод.

Рӯзи панҷшанбеи 27 июл баргузории нишастҳои хабарӣ дар ноҳияҳои Деваштич ва Зафаробод пешбинӣ шудааст.

Рӯзи 28 июл дар шаҳри Хуҷанд, навоҳии Спитамен, Мастчоҳи кӯҳӣ ва Ҷаббор Расулов ​​нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд нишасти хабарӣ доир мегардад.

Ба иттилои манбаъ, нишастҳои матбуотии ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2023 16 августи соли 2023 ба охир мерасанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон аз соли 2011 дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ нимсола баргузор мешавад.

https://sugdnews.com/2023/07/21/sogd-polugodovye-press-konferencii-nachnutsja-26-ijulja/


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима