"Оча, ман журналистам, террорист не". Рӯзгори оилаҳои хабарнигорони зиндонӣ. ВИДЕО
     TJ RU EN
05:40 / 2024-12-20

"Оча, ман журналистам, террорист не". Рӯзгори оилаҳои хабарнигорони зиндонӣ. ВИДЕО

20230720 RO2Наздикони рӯзноманигорони зиндонӣ мегӯянд, бо гузашти бештар аз як сол ба ҷудоӣ аз падари хонадон одат мекунанд. Вале бар дӯш гирифтани бори гарони зиндагӣ барояшон сахту сангин аст, зеро аксари рӯзноманигорони зиндонӣ ноноварони асосии оилаҳояшон будаанд. Онҳо аз тамосҳои пайвастаи наздиконашон аз зиндон ва руҳияи шикастнопазири онҳо хушҳоланд, вале гоҳи дигар ба пурсишҳои батакрори фарзандонашон "падарам кай меояд?" посух намеёбанд.

Масъуд даҳрӯза буд, ки падарашро боздошт карданд
Масъуд даҳрӯза буд, ки падарашро боздошт карданд

Масъуд, ягона писари хабарнигори зиндонӣ Абдулло Ғурбатӣ аст, ки падарро ба серӣ надидааст. Ғурбатиро замоне боздошту муҳокима карданд, ки ба қавли ҳамсараш, Муборак Қосимзода, фарзанди нахустини онҳо Масъуд ба дунё омад. Дар охири соли 2022 додрас Ғурбатиро ба задану таҳқири намояндаи ҳокимият ва пайравӣ аз созмонҳои мамнуъ гунаҳкор донист ва ба 7,5 сол зиндон маҳкум кард.

Гузориши видеоиро ИНҶО тамошо кунед:

Муборак Қосимзода, ҳамсари Абдулло рузи 14-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт рӯзҳои сахтеро пушти сар карда ҳоло бо сарнавишт муросо мекунад. Талош дорад, робитаи падару писарро мустаҳкам нигоҳ дорад. Ӯ дар ҳар дидор бо шавҳараш Масъудро ҳамроҳ мебарад. "Масъудро ҳам мебарем ва баъзан ду ё се рӯз меистем. Руҳияаш хуб аст. Дар ҳама мулоқотҳо ба ҳамдигар таъкид мекунем, ки руҳафтода нашавем ва шукри Худо руҳияамон побарҷост. Он рӯзҳоро кам ёд меорем, зеро бисёр ғамгин мекунад. Масъуд дар аввал дар назди падараш эҳсоси бегонагӣ мекунад вале баъдан одат мекунад,"-нақл кард Муборак.

Модар ва писари Абдуллоҳ Ғурбатӣ
Модар ва писари Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Ҳамсару фарзанди Абдуллоҳ ҳамроҳ бо пайвандонаш зиндагӣ мекунанд. Вале ба гуфтаи Муборак ӯ низ кори хабарнигорӣ мекунад ва бори гарони зиндагиро ҳамроҳ бо хусуру хушдоман якҷоя мекашанд. Гулнора Шарипова, модари Абдулло Ғурбатӣ пайваста ба бегуноҳии писараш таъкид мекуна ва бовар дорад рӯзе Абдуллоҳ аз зиндон раҳо мешавад.

"Ҳар вақте бо Абдуллоҳ мулоқот мекунем, доим мегяд, ки оча фикр кун ман журналистам, террорист нестам. Ман касби худамро иҷро кардаму маро нафаҳмиданд. Ягон шикоят надорад. Танҳо мегӯяд, ки шумо намерасед, ман аз Шумо дурам. Таъкид мекунад ки зану фарзандамро нигоҳ кунед, ҳамааш хуб аст,"-гуфт модари рӯзноманигор.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ 26 сол дорад ва се соли ахир барои хабаргузории “Азия-Плюс” гузоришҳои видеоӣ омода мекард. Ғурбатӣ дар саҳифаи фейсбукиаш аз мушкилотҳои ҷомеа интиқод мекард ва баъзан тунд ҳам мегуфт. Ҳамкору ҳамтақдири Аблуллоҳ, Далери Имомалӣ ҳашт сол пеш аз саҳнаи ҳунару театр ба журналистика омад. Ба майдоне, ки барояш ҳам шӯҳрат овард ва ҳам дардисарҳои зиёд.

Фарзандони Далери Имомалӣ
Фарзандони Далери Имомалӣ

Сарнавишти фарзандони Далери Имомалӣ хабарнигори дигари зиндонӣ аз Масъуди кӯчак фарқ дорад. Онҳо бузургтаранд ва ҳамеша роҳи падарро интизор мешаванд. Ҳоло аз манзили иҷора дар пойтахт ба деҳа рафта, ҳамроҳи бобову бибӣ зиндагӣ мекунанд.

Шодигул Бобиева, модари Далер рӯзи 14-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бори охир бо писараш рӯзи 29-уми июн дар зиндон мулоқот кардааст. Ӯ мегӯяд, зиндонӣ шудани писараш ки ноновари хонавода буд, таъмини зиндагиро барои онҳо мушкил кардааст. Бобиева мегӯяд фарзанди зиёд надорад чун солҳои ҷанги шаҳрвандӣ якбора панҷ фарзандашро аз даст додаву бо талошҳои зиёд Далер ва бародарашро бузург кардааст.

"Саломатии бачаам хуб нест. Ҳозир акнун одат кардам мегуяд. Ягон вақте агар касал шавад доруву давояшро мебарем. Мегӯяд ягон шикоят надорам, хубам, ҳурмат мекунанд. Намедонам ин гапҳоро барои дили ман мегуяд ё дар асл ҳаминхел ҳаст. Вале ман ҳар шаб бо умеди он ки писарам аз зиндон озод мешавад сарамро ба болин мемонам. Рӯзона бо ҳар коре худамро машғул медорам то набудани Далер маро азият накунад. Дар як моҳ як бор меравем, ман то бегоҳ меистам баъд ба хона бармегардам. Зану фарзандонаш ду рӯз ҳамроҳаш меистанд. Агар Далер дар озмунҳо ширкат кунад ба мо имкони дидорбинӣ медиҳанд. Ҳатто дар озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ” ки дар маҳбас гузаштааст Далер ширкат кардааст".

Шодигул Бобиева, модари Далери Имомалӣ
Шодигул Бобиева, модари Далери Имомалӣ

Модари Далер нафақахур аст ва падараш дар коргоҳе посбон асту маоши ночиз мегирад. Ба нақли ин модар барои таъмини зиндагии хонавода ҳамсари Далер, Зайтуна Иноятова кӯмак мекунад. "Ҳамсари Далер дузанда аст, дарз медӯзад, пулҳои ҷамъкардаашро маводи хурока мехарад ва ба хабаргирии шавҳараш меравад. Барои пеш бурдани зиндагӣ ҳам ӯ кумак мекунад. Шукр ки ҳамин ҳунарро ҳам доштааст. Ҳоло як замоне шудааст, ки ҳама ба рӯзи худаш аст, касе ба касе кумак карда наметавонад"-нақл кард модари Далер.

14-уми июл рӯзе, ки мо ба назди пайвандони Далер ба шаҳри Ҳисор рафтем, ҳамсари ӯ Зайтуна Иноятова ба дидорбинии шавҳараш ба зиндон рафта буд. Далери Имомалӣ моҳи октябри соли гузашта ба иттиҳоми соҳибкории ғайриқонунӣ, дурӯғпароканӣ ва узвият дар созмони мамнӯи "Гуруҳи 24" ба 10 сол зиндон маҳкум шуд. Худашу тарафдоронаш ҳукмро беасос номиданд.

Модар ва фарзандони Завқибек Саидаминӣ
Модар ва фарзандони Завқибек Саидаминӣ

Модари Завқибек Саидаминӣ ҳам мисли пайвандони Далеру Абдулло келину набераҳояшро аз манзили иҷора дар пойтахт ба деҳа бурдааст. Ҳабиса Ятимова, модари Завқибек Саидаминӣ дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, бори охир рӯзи 3-юми июл бо писараш дар зиндон дидорбинӣ кардааст. Ӯ гуфт писараш аз чизе шикоят надошт вале дурӣ аз ҳам барои хонавода сахт аст. Фарзандони Завқибек Саидаминӣ аз бибиву модарашон пайваста дар бораи падар мепурсанд ки посухаш сахт аст.. "Онҷо инҳоро ки таъмин мекунад, бигзор дар пеши худам истанд. Писараш низ дар таътили тобистона аст, дар пойтахт мондани онҳо муҳим нест. Зиндагии ҳамсару кудакони Завқибек аз ҳисоби писарони дигарам таъмин мешавад”-гуфт ӯ.

Завқибек Саидаминӣ, хабарнигори тоҷик ва як замон довталаби курсии вакили порлумон ҳам буд, моҳи ноябри соли 2022 ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд. Додрас ӯро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор кард вале худаш ҳукмро “якҷониба” номид. Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ дар зиндони “Якум советский” дар пойтахт нигаҳдорӣ мешаванд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода чанд соли ахир таксиронӣ мекард
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода чанд соли ахир таксиронӣ мекард

Аммо ба фарқ аз онҳо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода хабарнигори дигари зиндонӣ дар маҳбаси шаҳри Хуҷанд адои ҷазо мекунад. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро моҳи декабри соли гузашта ҳафт сол аз озодӣ маҳрум кард. Худаш моҳи октябри соли 2022 дар номае аз боздоштгоҳ навишт, ки аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш “бофтаву сохтаи” мақомоти милисаро ба дӯш бигирад.

Абдукарим Пирмуҳаммадзода бародари ӯ гуфт зиндагии ҳамсару фарзандони ӯ бидуни саробони оила мушкил аст. Наздиконаш гуфтанд роҳи дароз имкон намедиҳад, ки онҳо зуд-зуд ба дидорбинии ин хабарнигор раванд. "Ягон сомонӣ агар аз Русия фиристем зиндагии онҳо ҳам пеш меравад, дигар онҳо аз кадом ҳисоб даромад доранд?"

Дар бештар аз як соли охир дар Тоҷикистон 8 рӯзноманигору блогерро ба гуноҳи ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ аз 7 то 21 сол зиндонӣ карданд. Дар ин муддат чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардаанд, ки рӯзноманигорони боздоштшударо озод кунанд. Аммо мақомот ин даъватҳоро то ин дам сарфи назар кардаанд. Ҳоло он чи наздикону пайвандони хабарнигорони зиндонӣ умед доранд, поёни ин ҷудоиву фироқ аст, ки аҳли хонаводаро сарҷамъ мекунад ва пурсишҳои батакрори фарзандони онҳо хотима меёбад.

https://www.ozodi.org/a/32510283.html


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима