Додгоҳ "Памир дейли нюс"-ро баст. Масъулин: Мо хоре дар чашми мақомот ҳастем
     TJ RU EN
05:39 / 2024-12-20

Додгоҳ "Памир дейли нюс"-ро баст. Масъулин: Мо хоре дар чашми мақомот ҳастем

20230720 ROДодгоҳи олии Тоҷикистон сомонаи "Памир дейли нюс"-ро, ки асосан таҳаввулоти Вилояти Бадахшонро инъикос мекард, мамнуъ эълон кард. Масъулини сомонаи "Памир дейли нюс" ин тасмими мақомотро маҳкум карда гуфтанд, ба корашон идома медиҳанд. Додситонии куллии Тоҷикистон гуфт, қарори Додгоҳи олӣ дар ин бора ҳанӯз 14 июн қабул шудааст. Маълум нест, ки чаро онро бо гузашти як моҳ нашр карданд.

Дар хабарномаи расмӣ омадааст, бо дархости додситонӣ, "ташкилоти "Памир дейли нюс" ("Pamir Daily News") ё "Памир нюс" ("Pamir News") ташкилоти экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон манъ карда шуд."

Мақомот гуфтанд, сомонаҳои интернетии "Памир дейли нюс" дар ҳудуди кишвар баста шуда, шаҳрвандон дар сурати ҳамкорӣ ва кӯмак ба он, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Аммо додситонӣ мушаххасан нагуфтааст, ки бар асоси кадом далелҳо ин сомона дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шуд.

Ба дунболи нашри хабари расмӣ, масъулини сомонаи "Памир дейли нюс" дар изҳороте навиштанд, амалҳои мақомот ба рафтори шахси бадафт монанд аст, ки оинаро мешиканад, то камбудҳои ӯро нишон надиҳад.

"Фаъолияти мо кайҳо боз хоре дар чашми мақомоти Тоҷикистон буд. Зеро мо яке аз охиринҳое ҳастем, ки дар бораи қонуншиканиҳо дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ВМКБ хабар медиҳем. Нашрияи моро ғайриқонунӣ эълон намуда, мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки фикру мулоҳизаҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро комилан аз байн баранд, ки дар он ҷо сиёсати ғайриахлоқӣ ва бемасъулиятонаро идома медиҳанд,"-омадааст дар изҳороти сомонаи "Памир дейли нюс".

"Памир дейли нюс" бештар хабарҳо дар бораи вазъият дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро нашр мекунад. Дар эътирозҳои моҳи май ва июни соли гузашта дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон, "Памир дейли нюс" лаҳза ба лаҳза ин таҳаввулотро пӯшиш медод.

"Памир дейли нюс" ягона сомонаи хабарие нест, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон мамнуъ мешавад. Соли 2020 Додгоҳи олии Тоҷикистон сомонаи мустақили "Ахбор"-ро, ки қароргоҳаш дар шаҳри Прага аст, ба рӯйхати вебсайтҳои мамнуъ дар кишвар ворид карда буд. Мақомот торнаморо ба он айбдор кардаанд, ки ба созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифин дар Аврупо, "хидмат мекунад". Мирзои Салимпур, муассис ва сардабири “Ахбор”, гуфта буд, сомонаи зери раҳбарии ӯ ба ҳеч созмон ё ниҳоде тааллуқ надорад ва бастанаш "як амали ғайриқонунӣ ва ҳамлаи рӯйирост ба озодии матбуот аст".

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ солҳои ахир ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён ва фишор ба хабарнигорон танқид мекунад. Мақомот аксар вақт интиқодро дар ин самт рад мекунанд. Аммо зиндонӣ шудани 8 хабарнигору блогер дар як соли ахир нигарониҳоро дар бораи кори рӯзноманигорон дар кишвар зиёд кардааст.

https://www.ozodi.org/a/32510448.html


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима