Ғубор дар оинаи матбуоти тоҷик
     TJ RU EN
05:11 / 2024-12-20

Ғубор дар оинаи матбуоти тоҷик

20230719 PressaМУРОҶИАТ:

ба Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода,

ба Раиси Шӯрои ВАО Ҳуринисо Ализода,

ба Раиси Асостсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев

 

Чандест, ки фазои ҷомеаи журналистии Тоҷикистон ғуборолуд аст. Ин ғубор на танҳо ойинаи софи рӯзномаю рӯзноманигориро тира месозад, балки эътибори онро дар миёни мардум ва институтҳои иҷтимоӣ коста мегардонад.

Роҳ ёфтани қаламбадастони ғайрикасбӣ, аз мақому мавқеи худ сӯйистифода кардани рӯзномаю рӯзноманигорони касбӣ боиси аз Қонуни матбуот, аз меъёрҳои ахлоқи рӯзноманигорӣ берун рафтани онҳо, пур гаштани саҳифаҳои интернетӣ аз музахрафот, ба забони кӯчагӣ табдил ёфтани Забони Давлатӣ гаштааст.

Тибқи моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд”.

Мувофиқи моддаи 23-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст”.

Моддаи 19-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар “эҳтироми ҳуқуқ ва обрӯи ашхоси дигар”-ро муқаддас медонад.

Дар Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон омадааст:

Банди 3.7: “Ҳангоми интишори матолиб аз забони хушунат ва суханони нафратангез истифода накунанд”.

Банди 3.8: “Аз истифодаи ибораю истилоҳоти омиёна (жаргон) ва вожаҳои хоси номаҳфум дар матлабҳо худдорӣ намоянд”.

Банди 4.5: “Дар матолиб аз ишора ба нуқсҳои ҷисмонии инсон худдорӣ кунанд”.

Банди 9.1: “Ҳамраъйии касбиро риоя кунанд”.

Моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” низ дар матбуот интишор кардани маълумотеро, ки сабабгори сӯйистифода аз озодии сухан мегардад, манъ кардааст.

Аз Шумо — Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода, Раиси Шӯрои ВАО Ҳуринисо Ализода, Раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев чунин муҳити нанговар, ки ба миён омадааст, таваҷҷуҳи бештарро мехоҳад.

Муроҷиат ба Шумо ба он хотир аст, ки ҳамаи рӯзномаҳо, ҳама рӯзноманигорон ё узви яке аз ин созмонҳо ҳастанд, ки Шумо роҳбарӣ мекунед, ё бо созмони Шумо ҳамкорӣ доранд.

Барои ҳамин, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки дар заминаи масъулият ва ваколатҳое, ки ба дӯшатон гузошта шудааст, амал намоед, худро канор нагиред ва нагузоред, ки фазои иттилоотии Тоҷикистон ғуборолуд гардад.

Бо эҳтиром,

Pressa.tj

https://pressa.tj/%d2%93ubor-dar-oinai-matbuoti-to%d2%b7ik/?fbclid=IwAR2CPWZ6KeixgG18fbH4232Gblqqu1v_Q-7imlDV6TwbmzRkOJUpRomCRHU


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима