Пешбурди SMM (social media marketing) тақозои замон аст!
     TJ RU EN
04:52 / 2024-12-20

Пешбурди SMM (social media marketing) тақозои замон аст!

Образовательные курсыБозорёбӣ дар расонаҳои иҷтимоӣ -SMM (social media marketing), як навъи бозоршиносӣ дар Интернет аст, ки аз барномаҳои расонаҳои иҷтимоӣ ба унвони як абзори бозорёбӣ истифода мекунад. Пешбурди SMM дар ҳама соҳаҳои фаъолият барои пайдо кардани муштарӣ, бештар кардани ҳаҷми фуруши молу маҳсулот ва хизматрасонӣ, омузиши эҳтиёҷоти муштариён ва гайра аҳамияти калон дорад.

Дар ҷумҳурӣ вобаста ба мавзӯҳои журналистика, озодии баён, муҳтаво, журналистикаи ба низоъ ҳасос, бозоршиносӣ, масоили иҷтимоӣ ва ба ҳамин монанд мавзӯҳо барои намояндагони ВАО, блогерон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ давраҳои омӯзишӣ (тренингҳо) ва мактабҳои такмили ихтисос зиёданд, лекин то ҳол дар мавзӯҳои пешбурди SMM ва мобилография ягон тренинги қобили таваҷҷӯҳ мавҷуд нест.

Ассосиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил дар Тоҷикистон (АМВАОМТ) тасмим гирифтааст, ки дар моҳҳои наздик даври омузишӣ - “Мактаби пешбурди SMM ва мобилография” барои гуруҳҳои мақсаднок баргузор кунад. Барномаи Мактаби мазкур тренингҳоро барои мутахассисони SMM дар соҳаи ВАО, журналистони ҷавон, донишҷӯёни факултаҳои журналистика, блогерон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дарбар мегирад, зеро пешбурди SMM - ин абзори универсалӣ буда барои ҳама гуна ширкату соҳаҳои фаъолият муфид аст. Дар шароити имрузаи ҷомеаи иттилоотӣ ва шароити бозаргонӣ эҳтиёҷот барои омӯзиш ва такмили малакаҳо дар самти SMM ва мобилография баҳри ғанӣ гардонидани фазои иттилоотӣ, пешниҳод намудани сарчашмаҳои иттилооти альтернативӣ барои интихоби молу хизматрасонӣ рӯз ба рӯз афзун мегардад.

Бинобар ин, АМВАОМТ ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро дар рушди фаъолияти SMM ва мобилография ва баргузор намудани даври омӯзиш даъват мекунад. Ҳамкорӣ дар асоси фоидаи тарафайн ба роҳ монда мешавад. Дар тренингҳо ба таври инфиродӣ ё дастаҷамъӣ (корпоративӣ) иштирок кардан мумкин аст.

Барои маълумоти муфассал ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , тел.: +992 93 504 3013, +992 93 525 9313 муроҷиат намоед.

Хадамоти Мониторингии АМВАОМТ


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима