"Шубҳа дорем." Талаби бозбинии ҳукми Хуршед Фозилов
     TJ RU EN
04:57 / 2024-12-20

"Шубҳа дорем." Талаби бозбинии ҳукми Хуршед Фозилов

Fozilov Khurshed 8Вакилони мудофеъ аз Додгоҳи вилояти Суғд хостаанд, ки ҳукми Додгоҳи шаҳри Панҷакентро дар мавриди рӯзноманигор Хуршед Фозилов бозбинӣ кунад.

Анвар Бобохонов, яке аз вакилон, рӯзи 31-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ҳукми зинаи аввал розӣ нестанд ва умед доранд, "додгоҳи вилоятӣ қазияро одилона ва мунсифона баррасӣ хоҳад кард".

Хуршед Фозилов рӯзи 26-уми май ба гуноҳи ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд. Мурофиааш дар Боздоштгоҳ дар Хуҷанд гузашт. Наздиконаш ҳукмро беасос хонданд.

То кунун чанд созмони байнулмилалӣ, аз ҷумла Гузоришгарони Бидуни Марз, хоҳони озодии ӯ шуданд. Ҳамкории Байнулмилалӣ барои Ҳуқуқи Башар (IPHR) дар эъломияе рӯзи 29-уми май гуфт, Хуршед Фозилов барои хабарнигорияш боздошту зиндонӣ шуд. Масъулони созмон аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, аз ҳадаф гирифтани рӯзноманигорони мустақил ва "буғӣ" кардани озодии баён даст бардорад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), рӯзи 31-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз ҳукми журналист Хуршед Фозилов изҳори норозигӣ кард.

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Ӯ гуфт: "Ба гунаҳкор будани Хуршед Фозилов шубҳа дорем. Мақомот ошкоро нагуфтанд, ки гуноҳаш чист. Дар ноогоҳӣ ва таҳлука нигоҳ доштани ҷомеа дуруст нест. Мақомот бояд аз лаҳзаи боздошт иттиҳоми зидди Хуршед Фозиловро ошкор мекарданд ва дар мурофиаи боз гуноҳи ӯро собит менамуданд."

Ҷаноби Қаршибоев дар пайванд ба ин суол, ки чаро то ин замон созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорн дар дохил сокит буданд, гуфт, кормандони созмони зери раҳбарии ӯ "хомӯш набуданд", вазъро мушоҳида доштанд.

Хуршед Фозилов дар аввали моҳи марти имсол аз тарафи маъмурони амниятӣ дар шаҳри Панҷакент дастгир шуд. Вай бештар дар масъалаҳои иҷтимоӣ, бахусус мушкили мардуму камбуди мақомот менавишт. 37-сола ва падари се фарзанд аст.

Дар як соли охир дар Тоҷикистон ҳашт хабарнигор ва блогер дастгир ва аз 7 то 21 сол зиндонӣ шуданд.

Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва намояндагони кишварҳои ғарбӣ борҳо ҳукумати Тоҷикистонро ба фишори афзоянда танқид карда, озодии хабарнигоронро хостанд, аммо посухи мусбат нагирифтанд.

https://www.ozodi.org/a/32437378.html

 

 

 
 

Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима