“Хабарнигорони бидуни марз” ҳукми Хуршед Фозиловро ноодилона хонд
Наздиконаш мегӯянд, ки ба зинаи болоии додгоҳ шикоят мекунанд.
Созмони байналмилалии “Хабарнигорони бидуни марз” (RSF) ҳукми 7 соли зиндони Хуршед Фозилов, рӯзноманигори маҳкумшуда дар Тоҷикистонро маҳкум кардааст. Наздиконаш мегӯянд, ҳукмро дастрас кардаанд ва дар ҳоли омода кардани шикоят ба зинаи болоии додгоҳ мебошанд.
Дар изҳороте, ки баъди чанд соати содир шудани ҳукми Хуршед Фозилов, шоми 26-уми май, дар саҳифаи расмии “Твиттер”-и ин созмон нашр шуд, таъкид мегардад, ки “Хуршед Фозилов дар паи як мурофиаи ноодилона ба 7 соли зиндон маҳкум шуд”.
“Хабарнигорони бидуни марз” саркӯбҳои сангинеро, ки алайҳи журналистони мустақил равона шудааст, маҳкум мекунад”, - омадааст дар изҳорот.
Дар ҳамин ҳол, наздикони Хуршед Фозилов ба “Азия-Плюс” гуфтанд, “вакили дифоъ нусхаи ҳукмро имрӯз, 31-уми май, дастрас кард ва дар ҳоли омода намудани шикоят ба зинаи болоии додгоҳӣ аст”.
Дилафрӯз Самадова, яке аз ду вакили дифои Хуршед Фозилов дар суҳбат бо “Азия-Плюс” дастрас кардани ҳукм ва шикоят аз болои ҳукми Додгоҳи шаҳри Панҷакент ба зинаи болоиро шарҳ надод.
Хуршед Фозилов рӯзи 26-уми майи соли равон бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Панҷакент 7 сол равонаи зиндон шуд.
Мақомот Хуршед Фозиловро барои ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ айбдор мекунанд. Вале худи ӯ, тавассути вакили дифоаш гуфтааст, ки ӯро маҷбур карданд, ки бар зидди худаш баёнот диҳад ва ҳеҷ гоҳ бо созмонҳои мамнӯъ дар кишвар ҳамкорӣ надошт.
Дар пайи ирсоли парвандаи Хуршед Фозилов ба додгоҳ, модари рӯзноманигор бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хоста буд, ки баррасии парвандаи писарашро зери назорат гирифта, ӯро озод кунад.
Хуршед Фозилов, ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои кишвар хабару гузориш ва мақолаҳо менавишт 6–уми марти соли равон аз сӯи кормандони шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакант боздошт ва дертар ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд бурда шуд.
Дар як соли охир ин аллакай, панҷумин рӯзноманигори тоҷик аст, ки аз сӯи мақомот боздошт ва бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ дар кишвар ё моддаи 307-и Кодекси ҷиноятӣ маҳкум мешавад.
Аз ин пеш, Далери Имомалӣ, Абудуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, чор рӯзноманигори тоҷик айнан бо ҳамин ҷурм дастгир ва бо ҳукми додгоҳ аз 7 то 10 сол аз озоӣ маҳрум карда шуданд.
Қаблан, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми ин рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карда буданд, ки онҳоро фавран озод кунад.
DPF
31.05.2023 12:20
136
Хабарҳо