Муллораҷаб Юсуфӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ барандаи Ҷоизаи созмони Медиа-алянси Тоҷикистон дар бахши таҳқиқоти журналистӣ шуд.
Ғолибони ин озмун рӯзи 3-юми май дар маросиме бахшида ба Рӯзи озодии баён дар Душанбе эълон шуданд.
Тибқи хулосаи ҳакамон, дар ин озмун ҷойи аввал насиби Муллораҷаб Юсуфӣ шуд. Мақоми дуввум аз Ҷаҳонгир Мирсалимов, хабарнигор аз вилояти Суғд ва ҷойи сеюм насиби Рухшона Ҳакимова, хабарнигор аз Душанбе гардид.
Ҷоизаи созмони Медиа-алянси Тоҷикистон дар бахши таҳқиқоти журналистӣ ба номи Ҷумъабой Толибов, муассиси нашрияи «Пайкон» гузошта шудааст, ки соли 2011 даргузашт.
Муллораҷаб Юсуфӣ хабарҳои доғро бозтоб медиҳад, гузоришҳои таҳлилӣ ва таҳқиқӣ менависад, мусоҳибаҳои муҳим ва самимӣ анҷом медиҳад. Ӯ соли 2022 барандаи Ҷоизаи вижаи доварони Медиа-Камп ва соли 2021 барандаи Ҷоизаи Дафтари мустақили ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун шуда буд.
Чанд гузориши ӯ ҷоизаи Беҳтаринҳои RFE/RL-ро сазовор гашта, дар соли 2020 дар ҳайати тими Радиои Озодӣ барандаи Ҷоизаи байнулмилалии Дейвид Бурк шудааст.
Ин корманди Озодӣ зимни иҷрои фаъолияти хабарнигорӣ борҳо мавриди ҳамлаву фишор қарор гирифтааст, аз ҷумла 17 майи соли 2022 вай аз тарафи афроди номаълум бо нидоҳои "Муллораҷаб, ман туро мепаронам" ҳадафи лауткӯб қарор гирифта буд ва таҳҷизоти корияшро рабуданд.
Пеш аз он, моҳи марти соли 2021 ҳамроҳ бо ҳамкораш Шаҳлои Абдулло дар нуқтаи фурӯши сӯзишовории "Соро Ойл" латукӯб шуд ва 5 октябри соли 2018 аз тарафи омилони "сарбозшикор" ё "облава" боздошту ба комиссариати ҳарбӣ бурда шуд. Дар ҳеҷ яке аз ин воқеаҳо гунаҳкорон дарёфту муҷозот нашудаанд.
Муллораҷаб Юсуфӣ 30 сол дорад ва аз соли 2017 дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе кор мекунад. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аст ва дар гузашта хабарнигори нашрияҳои "Самак", "Нигоҳ", сомонаи Cabar ва хабаргузории TojNews буд.
https://www.ozodi.org/a/32394653.html