Раисони рӯзномабадбин. Чаро аз Кӯлобу Данғара ибрат намегиред?
     TJ RU EN
05:54 / 2024-11-16

Раисони рӯзномабадбин. Чаро аз Кӯлобу Данғара ибрат намегиред?

20230410 PressaБоре ишора карда будем, ки аксар раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони вазорату кумитаҳо, агентиҳо на танҳо рӯзнома намехонанд, балки журналистонро чашми дидан, ба нашрияҳояшон таваҷҷуҳу назари нек надоранд.

Вилояти Суғдро намедонам, вале ба андешаи инҷониб, дар 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба мисли Назарзода Бахтиёр Худоёр — раиси шаҳри Кӯлоб Рӯзи матбуотро хотирмон, диданӣ нагузарониданд. Ба ин ҷашн на танҳо журналистони маҳаллӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, вазоратҳо дар минтақа даъватӣ буданд. 36 нафар рӯзноманигорон барои ғолибият дар озмуни эҷодӣ соҳиби мукофотпулиҳо, 16 нафар сазовори сипосномаҳо гардиданд.

Раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исомиддин Хайриддин ҳам ба матбуоти маҳаллиаш эҳтиром гузошт. Рӯзи 10-уми марти соли равон ӯ ба идораи рӯзномаи «Симои Данғара» омада, бо аҳли кормандон ва фаъолони ҷамоатии он суҳбати гарм орост, онҳоро табрик гуфта, бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуд. Раис ваъда дод, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлол редаксия соҳиби бинои хушсохт ва матбааи замонавӣ хоҳад шуд.

Чунин андешае ба сарам омад, ки чаро дигар раисон аз Назарзода ва Исломиддин Хайриддин ибрат намегиранд?

Агар дар пойтахти кишвар Рӯзи матбуот бо шукуҳ гузарад, дар музофот ин ҷашнро дар сатҳи лозимӣ, даркорӣ не, балки «ради галочка» мегузаронанд.

Мавзуи дигар муносибати роҳбарон бо журналистон аст. Як ба ахбороти рӯзномаҳои марказию вилоятӣ (моҳҳои январу феврал) назар андозед, бештар дар нишастҳои матбуотӣ на роҳбарони аввал, балки муовинони онҳо ширкат доштанд. Роҳбарон аз суолу пурсишҳои журналистон гурехта, ё ба “рухсатии меҳнатӣ” мераванд, ё «бемор» мешаванд ва ба ин васила фармони президенти кишварро риоя намекунанд.

Боз як андешаи дигар. Вақте матбуот мегӯем, пеши назар танҳо ва танҳо рӯзномаву маҷалла ҷилвагар мешавад. На радио ва на телевизион. Решаи калимаи матбуот матбаа аст, на чизи дигар. Вақте Рӯзи матбуоти тоҷикро аз 11-уми марти соли 1912 — нашри нахустин шумораи «Бухорои шариф» таҷлил менамоем, пас он танҳо хоси кормандони рӯзномаю маҷаллаҳост. Охир, радио, телевизион рӯзҳои касбии худро доранд-ку! Пас чаро дар Рӯзи матбуот ҳама ифтихорномаву ҷоизаву унвонҳо ба кормандони радиову телевизион дода мешавад? Боре шунидаед ё дидаед, ки ин воситаҳои ахбори омма журналистони матбуотро ба ҷашнҳояшон даъват карда бошанд?

https://pressa.tj/raisoni-r%d3%afznomabadbin-charo-az-k%d3%aflobu-dan%d2%93ara-ibrat-namegired/


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима