Чаро 7 рӯзноманигор ва блогери тоҷикро зиндонӣ карданд?
     TJ RU EN
10:44 / 2024-12-19

Чаро 7 рӯзноманигор ва блогери тоҷикро зиндонӣ карданд?

Ҳафт рӯзноманигору блогери фаъол ва мустақили тоҷик аз 7 то 21 сол зиндонӣ шуданд. На баёнияҳои ниҳодҳои байнулмилалӣ ва на муроҷиатҳои фардӣ ба раиси ҷумҳур ба бознигарии ҳукми онҳо мусоидат накард. Чаро рӯзноманигорону блогеронро дар Тоҷикистон “чап” гирифтанд ва пайомадаш чист?

Кӣ ба чӣ гунаҳкор шуд?
Шахсони зерин ба зиндон маҳкум шуданд:

Улфатхоним Мамадшоева, рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ, ки ба ташкили тазоҳурот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муттаҳам дониста мешуд, 21 сол зиндонӣ гардид

Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогер, ба гумони соҳибкории ғайриқонунӣ, дурӯғпароканӣ ва узвият дар созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” боздошт ва ба 10 сол зиндон маҳкум шуд

Хушрӯз Ҷумъаев, маъруф ба Хушом Ғулом, блогер, фаъол ва пажӯҳишгари 24-солаи таърих ва забонҳои помирӣ, ба ҳашт сол зиндон маҳкум шуд

Авазмад Ғурбатов (Абдулло Ғурбатӣ), рӯзноманигор, блогер ва коргардон, 7,5 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳ ӯро ба истифодаи зӯр нисбат ба намояндаи ҳокимият, таҳқири намояндаи мақомот ва ҳамкорӣ бо созмони мамнуъ гунаҳкор кард

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори тоҷик, ки қаблан дар номае гуфта буд, ӯро дар боздоштгоҳ "заданду кӯфтанд ва ба барқ мондаву ҷонашро ба лаб оварданд", ҳафт сол аз озодӣ маҳрум шуд

Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигор, барои 7 сол маҳкум ба зиндон шуд. Ӯро ба ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва ҳаракати сиёсии “Гуруҳи 24” гунаҳкор карданд

Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон), рӯзноманигор ва корманди пешини мақомоти амниятии Тоҷикистон, ба гуноҳи ифротгароӣ ва таҳқири намояндаи давлат тавассути Интернет гунаҳкор дониста шуд. 7 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

“Дурӣ аз сиёсат халосӣ нест”
Ҳеч яке аз ин рӯзноманигорони маҳкумшуда ба таври мустақим дар мавзуъҳои сиёсӣ наменавиштанд. Шарҳу муҳтавои матолиби онҳо аслан фарогири мавзуъҳои иҷтимоӣ буда, ба танқиди мансабдори мушаххас ва ё ниҳодҳои давлатӣ маҳдуд мешуд. Барои мисол, Абдулло Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ чанд муддат то боздошт шудан навореро бо иштироки Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президент Эмомалӣ Раҳмон, нашр карданд. Муҳтавои он дар бораи корҳои хусусии ӯ дар рӯзи қабули шаҳрвандон буд.

Улфатхоним Мамадшоева ва Хушрӯз Ҷумъаев аҳёнан дар бораи воқеаҳои Бадахшон менавиштанд ва Мамадсултон Мавлоназаров гоҳе амалкардаҳои Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва зердастонашро танқид мекард.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, гуфт, ҳукмҳои мазкур нишонаи “интихоби роҳи нодурусти мақомот” дар заминаи эҷоди маҳдудият барои фаъолияти рӯзноманигорист.

“Рӯзноманигорӣ ҳирфае аст, ки бояд бо шахсони гуногун суҳбат кунӣ. Дар замони ҷаласаҳои додгоҳӣ бо тарафи муттаҳам суҳбат мекунӣ ва, инчунин, ба андешаи намояндаи мухолиф гӯш мекунӣ. Тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ ин ҷиноят нест,” – афзуд ӯ.

Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, “Гуруҳи 24” ва “Паймони миллии Тоҷикистон” бо пахши баёнияҳо ҳамкории худро бо маҳкумшудаҳо рад карданд. Баъзе аз ин афрод дар номаҳои худ аз боздоштгоҳ гуфтанд, ки зери фишор иттиҳомотро ба дӯш гирифтанд. Рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар номаи худ пеш аз муҳокима муваффақ шуд, шиканҷаҳои тоқатфарсоро фош кунад. Ниҳодҳои интизомӣ дар сатҳи расмӣ ба шикоятҳои вай посух надоданд.

Ҳукумат ба дунболи чист?
Ник Люис, намояндаи Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон, қароргоҳаш дар Ню-Йорк, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ махфӣ нигоҳ доштани парвандаҳо ва муҳокимаи додгоҳии рӯзноманигорони тоҷикро беасос ва бофта хонд. “Далелҳои заифе, ки мақомот барои мардум ироа кардаанд, инро тасдиқ мекунад. Аммо, ба назар мерасад, мақомот бо як тасмими сиёсӣ мехостанд, дар атрофи расонаҳо фазои сардеро эҷод кунанд ва ин рӯзноманигорон ба унвони василаи расидан ба ин ҳадаф истифода шуданд,” -- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ӯ афзуд: “Афроде чун Пирмуҳаммадзода ва Муҳаммад Султон қаблан ҳам то моҳи майи соли ҷорӣ зери назари мақомот буданд. Далери Имомалӣ ва Ғурбатӣ шояд ба сабаби маъруфият ва бозтоби мушкилоти иҷтимоӣ ва камкориҳои ҳукумат барои мақомот дардисарҳое эҷод мекарданд. Аммо ҳукмҳои тӯлонимуддат нишонаи эҷоди фазои сарду номатлуб барои расонаҳо мебошад. Таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, тасмим барои эҷоди чунин фазо на танҳо бо воқеаҳои Бадахшон, балки ба интиқоли эҳтимолии қудрат дар Тоҷикистон рабт дошт.”

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, мегӯяд, вазъияти рӯзноманигорон дар Тоҷикистон баёнгари натиҷаи кори низоми ҳозира аст.

“Фикр намекунам, ин иқдом фармоне аз боло бошад. Низом дар умум барои саркӯб иҷоза дод ва ҳоло ҳар афроди тасодуфӣ аз он истифода мекунад. Касе мехоҳад, душманони худро муҷозот кунад ва касе ҳам дар талоши ба даст овардани даромад аст. Аммо дар боло ё ин мавзуъро дар сатҳи худ намедонанд ва ё ҳам то ҳадди имкон аз афроде, ки ба ин низом хидмат мекунанд, пуштибонӣ мекунанд,” – афзуд Шерзамонов.

Поёни ҳамроҳ бо бадномӣ?
Тоҷикистон дар тӯли бист соли охир аз як кишваре бо сатҳи баланди озодии сухан амалан ба поёни ин радабандӣ расид. Ин кишвар дар радабандии ҷаҳонии озодии сухан дар соли 2021 аз миёни 181 кишвар дар мақоми 162 қарор гирифт ва вориди феҳрасти кишварҳое бо нигарони хос гардид. Ҳамчунин, Тоҷикистон дар гузориши нави “Хабарнигорони бидуни марз” дар ҷойи 152 қарор гирифт. Барои муқоиса, соли 2009 дар байни кишварҳои ҷаҳон дар ҷойи 113 буд.

Мақоми Тоҷикистон дар шохиси озодии матбуот

 

         86     114     95    113    117    115   106    113   115    123    123    123    115    116   150    149   149    161    161   161    152    153

“Ин тамоюл дар миёнамуддат шояд ба тахриби бештари расонаҳои Тоҷикистон ва маҳдудияти афзуни дастрасӣ ба иттилоот боис мешавад ва пайомадҳои манфиеро ба бовар хоҳад овард. Мо намунае аз чигунагии заифи Тоҷикистонро дар тӯли даргириҳои марзӣ бо Қирғизистон дидем. Расонаҳои хеле озодтари Қирғизистон тавонистанд, иттилоотро дар мавриди муноқиша ҳам ба шаҳрвандони худ ва ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонданд ва шоҳидон мегӯянд, ин ба Қирғизистон имконият дод, дар муборизаи иттилоотӣ ғолиб барояд. Ғайр аз ин, саркӯби расонаҳо тасвири Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ халалдор ва ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷаҳониро душвор мекунад, ки Тоҷикистон ба кумаки онҳо ниёз дорад”, - хулоса кард Ник Люис.

https://www.ozodi.org/a/tajik-imprisoned-journalists/32227116.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима