"Агар вазъ чунин монад..." Рӯзноманигорон хостори муколама бо мақомот шуданд. ВИДЕО
     TJ RU EN
12:34 / 2024-12-26

"Агар вазъ чунин монад..." Рӯзноманигорон хостори муколама бо мақомот шуданд. ВИДЕО

20230503 RO2Сафири Амрико аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба озодии баён эҳтиром гузошта, аз хабарнигорон пуштибонӣ кунад. Изҳороти Мануэл Микаллер 3-юми май дар нишасте бахшида ба рӯзи озодии сухан дар Душанбе садо дод. Вай аз боздошту зиндонӣ шудани чанд рӯзноманигори тоҷик дар соли гузашта ибрози нигаронӣ кард.

Мануэл Микаллер гуфт: "Расонаҳои мустақил, воқеан, дар рушди демократия, мубориза бо коррупсия ва пешниҳоди иттилооти дақиқ нақши ҳалкунанда доранд. Озодии баён танҳо арзиши амрикоӣ нест, балки арзиши ҷаҳонӣ аст."

Сафири Амрико дар Рӯзи ҷаҳонии озодии баён аз он ёд овард, ки соли гузашта дар Тоҷикистон чанд хабарнигор боздошт ва дар мурофиаҳои пӯшида ба солҳои дарози зиндон маҳкум шуданд. Ӯ гуфт, хабарнигорон ва расонаҳо набояд барои анҷоми вазифаи касбиашон мавриди ҳамла қарор гиранд.

Дар нишасти бахшида ба озодии баён дар Душанбе ба ҷуз аз сафири Амрико намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва САҲА низ иштирок доштанд. Онҳо бо зикри инки "матбуоти озод барои пойдор будани демократия нақши муҳим дорад" иктифо карда, дар бораи вазъи озодии баён дар Тоҷикистон тақрибан чизе нагуфтанд.

Аз "душвор" ба "бисёр бад"
Дар як соли охир 8 рӯзноманигору блогер дар Тоҷикистон боздошт ва 7 нафари онҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Мақомот аксари онҳоро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор карданд, ҳарчанд худи онҳо инро рад карданд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил (НАНСМИТ) ҳам бо изҳори нигаронӣ аз боздошти 8 хабарнигору блогер мегӯяд, “имсол низ чунин нишонаҳо ба назар мерасад.”

Ба гуфтаи роҳбари НАНСМИТ, аввали имсол як блогери дигар аз тарафи мақомот боздошт шуд ва танҳо баъди собит кардани онки ӯ бо созмонҳои мамнуъ робита надорад, озод гардид. Нуриддин Қаршибоев аз ин блогер ном набурд.

Гузоришгарони Бидуни Марз, ки дар Фаронса қароргоҳ дорад, рӯзи 3-юми май бо нашри Шохиси Озодии матбуот Тоҷикистонро дар қатори кишварҳое қарор дод, ки аҳволи матбуоташон “бисёр бад” аст. Соли 2022 Тоҷикистон дар ин шохис аз ҷумлаи кишварҳое ба ҳисоб мерафт, ки вазъи матбуоташон “душвор” номида мешуд.

Видеоро дар инҷо бинед: Дар Рӯзи озодии баён дар Душанбе чӣ гуфтанд?

Ситоиши намояндагони давлат
Намояндагони Вазорати фарҳанг ва Вазорати корҳои хориҷӣ дар нишасти бахшида ба Рӯзи озодии баён дар Душанбе аз шароити кори хабарнигорон ва расонаҳо дар Тоҷикистон тавсиф карданд.

Раҳмоналӣ Шералиев, як масъули Вазорати фарҳанг гуфт, “дар мамлакат барои рушди ВАО тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити лозим фароҳам оварда шудааст.”

Заррина Исмоилзода, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз он ситоиш кард, ки 75 дарсади матбуот дар кишвар мустақил ва ҳамагӣ 25 дарсад давлатӣ ҳастанд. Исмоилзода ҳамчунин гуфт, дар кишвар 60 хабарнигори расонаҳои хориҷӣ аккредитатсия шудаанд.

Изҳороти ин мақомдор дар ҳолест, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ чанд сол аст ба мушкили гирифтани аккредитатсия рубарӯ ҳастанд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба чанд корманди нави Радиои Озодӣ иҷозаи фаъолият надод ва ба дигар хабарнигорон ҳамагӣ барои 3 моҳ аккредитатсия медиҳад. Ҳол онки аккредитатсияи хабарнигороне, ки доимӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, як сол аст.

Дар 2-3 соли оянда чӣ хоҳад шуд?
Нигарониҳо дар бораи маҳдуд шудани озодии баён дар Тоҷикистон аз забони дигар намояндагони расонаҳои маҳаллӣ ва созмонҳои рӯзноманигорӣ ҳам садо дод.

Умед Бобохонов, муассиси гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, гуфт, агар вазъ чунин идома кунад шояд дар 2-3 соли оянда касе намонад, ки ҷамъ шуда, Рӯзи озодии баёнро ҷашн гирад. Бобохонов аз он изҳори ташвиш кард, ки рӯзноманигорон касбро тарк мекунанд ва расонаҳо зери таъсири мушкилотҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ баста мешаванд. “Касе, ки мемонад, бо мушкилоти зиёд рубарӯ гардида, наметавонад ба маълумоти одитарин дастрасӣ пайдо кунад.”

Муассиси гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” роҳи ҳалли масъаларо дар ташкили як майдони муколама миёни рӯзноманигорон ва мақомот мебинад. Чизе, ки аз забони Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ё НАНСМИТ ҳам садо дод.

Ба таъкиди Қаршибоев, дар ин майдони муколама бояд мушкили расонаҳо миёни намояндагони ҳукумат, рӯзноманигорон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар баҳс кашида шавад.

Даъват аз мақомот
“Мутаассифона чунин майдони муколама вуҷуд надорад. Ҳарчанд аз тарафи мо ин чиз таъкид мешавад, вале мо як ҳусни тафоуҳм аз тарафи мақомоти ҳукуматӣ намебинем то мушкилоти худро муҳокима ва роҳи илоҷи масъаларо пайдо кунем,”-афзуд Қаршибоев.

Масъули Вазорати фарҳанг дар умури матбуот дар ин қисмати ҳамоиши вобаста ба озодии баён иштирок надошт то ба ин даъват посух диҳад.

Умед Бобохонов, муассиси гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” аз мақомот даъват кард, ки стратегияи худро дар баробари расонаҳо маълум кунанд. Ба таъкиди Бобохонов, дар вақти буҳрон ва ҷангҳои иттилоотӣ мақомот мехоҳанд расонаҳои Тоҷикистонро пурқувват бинанд то маълумоти заруриро бо забонҳои хориҷӣ пахш кунанд.

“Аз мо мепурсанд, ки чаро ин корро намекунед? Вале вақте буҳрон мегузарад, боз ҳамон мақомот мехоҳад расонаҳои Тоҷикистонро сусту хомуш бубинад. Дар ин чиз мантиқ нест. Мақомот бояд ба як қарор биояд, ки оё дар ин вазъияти душвори ҷаҳонӣ дар вақте ки ҷангҳои иттилоотӣ дар авҷанд...оё ба манфиати миллату давлат аст, ки расонаҳои миллии мо боқувват бошанд ё ба ҳукумат беҳтар аст мо суст бошему дастрасӣ ба иттилоот надошта бошем. Дар кору рафтори сохторҳои давлатӣ нисбати расонаҳо бояд як мантиқ бошад,”-афзуд Умед Бобохонов.

Намояндагони расонаҳои маҳаллӣ дар нишасти бахшида ба Рӯзи озодии баён ҳамчунин аз мушкилтар будани дастрасӣ ба иттилои расмӣ ва фишорҳо ба хабарнигорон изҳори ташвиш карданд.

https://www.ozodi.org/a/32391232.html

 

Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима