RWB: Вазъи матбуот дар Тоҷикистон “бисёр бад” аст
     TJ RU EN
02:33 / 2024-11-16

RWB: Вазъи матбуот дар Тоҷикистон “бисёр бад” аст

RWBЯк созмони ҳомии озодии сухан мегӯяд, вазъи хабарнигорон ва матбуот дар Тоҷикистон дар соли 2023 бисёр бад шудааст.

Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Border), ки дар Фаронса қароргоҳ дорад, рӯзи 3-юми май бо нашри Шохиси Озодии матбуот Тоҷикистонро дар қатори кишварҳое қарор додааст, ки аҳволи матбуоташон “бисёр бад” аст.

Соли 2022 Тоҷикистон дар ин шохис аз ҷумлаи кишварҳое ба ҳисоб мерафт, ки вазъи матбуоташон “душвор” номида мешуд.

Дар кишвар танҳо дар як соли гузашта 7 хабарнигорро ба зиндон маҳкум карданд.

Хабарнигори дигар, Хуршед Фозилов, дар боздошт аст.

Мақомот онҳоро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ муттаҳам карданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ин афрод фақат барои корашон, яъне инъикоси воқеият паси панҷара рафтаанд, на чизи дигар.

https://www.ozodi.org/a/32391234.html


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима