Баргузории тренинг дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи муҳоҷирати бехатар
     TJ RU EN
02:28 / 2024-11-16

Баргузории тренинг дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи муҳоҷирати бехатар

20230427 Тренинг худжандДар шаҳри Хуҷанд санаи 27.04.2023 машғулият (тренинг) барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии мураббиён ва машваратчиён ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои омузишӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ, дар мавзӯи «Муҳоҷирати бехатар» баргузор шуд. Мувофиқи нақша дар тренинг 20 нафар аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов - намояндагони сохторҳои давлатӣ ҷамъиятӣ, марказҳои машваратӣ барои муҳоҷирон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ марбу аст, инчунин фаъолони маҳаллӣ ва ВАО иштирок намуданд.

Дар тренинг масъалаҳои: «Мафҳум ва намудҳои муҳоҷират ва роҳҳои таъмини муҳоҷирати бехатар», «Душвориҳо ва хатарҳои муҳоҷират. Ҳодисаҳои савдои одамон», «Омодагӣ ба сафар, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кор дар хориҷи кишвар. Омодагии касбии муҳоҷирони меҳнатӣ», «Убури сарҳад. Корти муҳоҷиратӣ. Ҷустуҷӯи кор. Гирифтани патент барои кор.», «Малакаи рафтор дар бозори меҳнат. Ҳолатҳое, ки ба шаҳрванди хориҷӣ манъи вуруд ё берункунӣ аз қаламрави ФР пешбинӣ гардидааст. Буду бош дар Федератсияи Руссия, тартиби 90/180», «Санҷиши имкониятҳои вуруд ба ФР. Муроҷиат барои тоза намудани ном аз рӯйхати шахсони воридшавиашон ба ФР манъшуда» ва дигар ҳалатҳо баррасӣ шуданд.

Инчунин баҳс дар бораи ҷаҳонишавии муҳоҷират, ки барои одамҷаллобон хело имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад, дар бораи ҳадафи чоруми рушди устувор, ки ба санотикунинии кишвар нигаронида шудааст, ҳамкории бисёрҷониба оид ба омода намудани муҳоҷирон пеш аз сафар, бехатарии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, дар бораи фаъолияти Марказҳои омодагии пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ, фаъолияти Маркази бо кор таъминкунӣ дар хориҷи кишвар, ки ба давлатҳои Аврупо имрӯзҳо муҳоҷиронро номнавис карда истодаанд, дар бораи фаъолияти хадамоти муҳоҷират дар фурудгоҳ ва роҳи оҳан баррасӣ шуданд.

Аз тарафи иштирокчиён барои таъмини муҳоҷирати бехатар тавсияҳо ба монанди:

- васеъ намудани фаъолият дар байни донишҷӯён ва хатмкунандагони макотибҳои миёнаи умумӣ, ҷавонони дархостнашуда (невостребованные молодые люди, которые не работают и не учатся), ки ба гуруҳи потенсиалии муҳоҷирони меҳнатӣ мансубанд;

- таҳкими малакаи кумитаҳои маҳаллӣ дар баланд бардоштани маърифатнокии муҳоҷирони меҳнатӣ, дар бурдани корҳои иҷтимоӣ бо оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ;

- ҷоннок намудани фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо сохторҳои давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма дар расонидани иттилоот ба муҳоҷирони потенсиалӣ, ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ;

- таҳия кардани видеолавҳаҳои (роликҳои) иҷтимоӣ баҳри огоҳонии сокинон аз пешгирии омилҳои номатлуб ва омӯзонидани тарзи дурусти истифодаи Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва боз дигар тавсияҳо пешниҳод карда шуданд.

Барои кулли иштирокчиён баргузории тренинги мазкур манфиатбахш буда онро бо фаъолнокии худ тасдиқ намуданд.

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи “Муҳочирати бехатар" баргузор гардид.

Хадамоти мониторингии АМВАОМТ


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима