Дар порлумони Тоҷикистон сатҳ ва сифати интернет дар ин кишварро танқид карданд.
Баҳс дар бораи суръати интернет рӯзи 19-уми апрел ҳангоми баррасии лоиҳаи нави қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ” дар порлумон сурат гирифтааст.
Гавҳар Шарофзода, вакили порлумон аз он нигаронӣ кард, ки суръати интернет дар маркази шаҳр бисёр паст аст ва ин барои онҳое, ки аз хориҷ мехоҳанд бо наздиконашон дар Тоҷикистон тариқи интернет суҳбат кунанд, мушкил эҷод мекунад.
Вакилон аз Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон пурсиданд, ки ин ниҳод барои беҳтар кардани хидматрасонӣ дар самти интернет чӣ кор кардааст.
Илҳом Атоев дар посух гуфт, дар се моҳи ахир онҳо як ситоде таъсис дода, суръати интернетро ба 100 гигабайт расонидаанд, ки ин дар қиёс ба гузашта беҳтар аст.
Ӯ афзудааст, ки барои беҳтар шудани суръати интернет ҳамчунин ҳоло дар шаҳри Душанбе 42 дастгоҳи нав насб шудааст.
Шикоят аз бад шудани суръати интернет ва хадамоти алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст.
Масъулони Хадамоти алоқа қаблан як сабаби паст будани суръати Интернетро "истифодаи нодурусти он аз сӯйи мардум" гуфта буданд. Иддаое, ки сокинон онро қабул надоранд.
https://www.ozodi.org/a/32376952.html