Намояндаи як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ Тоҷикистонро дар қатори кишварҳое номбар кард, ки бо таҳдиду зӯроварӣ саъй доранд, даҳони мунтақидонро ҳатто дар хориҷа бибанданд.
Яна Гороховская, мудири тадқиқот ва стратегияи Freedom House ё Хонаи Озодӣ, рӯзи 6-уми апрел навишт, "то охири соли 2022-юм 38 ҳукумат шаҳрвандони худро дар 91 кишвар ҳадаф гирифтанд."
Ҳамин ҳукуматҳо, ба қавли ӯ, барои пахши садои интиқодӣ ва дигарандешӣ дар байни диаспора ва ҷомеаҳои табъидӣ "аз куштор, ҳамла, боздошт ва ихроҷу истирдоди ғайриқонунӣ" истифода мекунанд. "Теъдоди онҳо аз соли 2014 дар ҳоли афзудан аст," -- бовар дорад Гороховская.
Дар идома ҳукуматҳои худкомаро барои ёрӣ ба саркӯби шаҳрвандони якдигар танқид кардааст. "Ҳукумати Тоҷикистон соли 2022 барои таъқиби помириҳо (зодагони Бадахшон)-и муқими Русия аз ҳамкориҳои деринаи амниятӣ бо Маскав истифода намуд," – мегӯяд ӯ.
Ба иттилои намояндаи Freedom House, мақомоти Тоҷикистон пас аз саркӯби тазоҳуроти эътирозӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 11 нафарро, ки "амалиёт"-и Душанберо танқид мекарданд, аз Русия оварда, зиндонӣ карданд.
Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо ва Амриддин Аловатшоев аз ҷумлаи онҳоянд. Онҳо пас аз як муддати нопадид шудан дар Русия дар дасти мақомоти қудратии Тоҷикистон пайдо шуданд.
Ба ҳамин тарзи монанд, аммо бо риояи баъзе қонунҳои Русия, аз ин кишвар дар солҳои гуногун фаъоли мухолиф Мақсуд Иброҳимов (соли 2015), Каромат Шарипов (соли 2017), Иззат Амон (соли 2021) ва дигар мунтақидони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон рабуда ё маҷбурӣ ба Тоҷикистон оварда шуданд.
Freedom House ё Хонаи Озодӣ, созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ, моҳи марти имсол дар гузориши солонааш Тоҷикистонро аз ҷумлаи кишварҳои ноозод ва саркӯбгар ном бурд ва дар қатори Чин, Туркия, Русия ва Миср ҷой дод.
Намояндагони давлати Тоҷикистон тайи моҳҳои охир дар бораи "ҳалли" масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқи инсон гузориш медиҳанд. Дар нишасти хабарӣ ва маърузаи солонаи Омбудсмени Тоҷикистон овардани "146 зану кӯдак аз урдугоҳҳои Ховари Миёна" ва "қабули қонун дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз"-ро мисол овардаанд.
Дар айни замон дар бораи саркӯби эътирозгарон дар Бадахшон дар моҳи майи соли 2022 ва ҳукми ҳафт журналисту блогери тоҷик чизе гуфта нашудааст. Дар ҳодисаҳои ВМКБ даҳҳо кас кушта, маҷруҳ ва даҳҳо нафари дигар боздошту зиндонӣ гардиданд.
https://www.ozodi.org/a/32357026.html