“Иттилоъ намедиҳанд, аммо пул мегиранд”. Баҳси фаъолияти блогерҳо дар Тоҷикистон
     TJ RU EN
04:34 / 2024-11-16

“Иттилоъ намедиҳанд, аммо пул мегиранд”. Баҳси фаъолияти блогерҳо дар Тоҷикистон

20230406 APЖурналистону блогерон мушкилоту дурнамои фаъолияти худро баррасӣ карданд.

Ҳафтаи гузашта дар идораи “Азия-Плюс” бо ҷалби намояндагони парлумон, ҳуқуқшиносони ВАО, журналистону блогерон вазъи ҳуқуқии блогерон ва мушкилоти онҳо дар Тоҷикистон таҳти унвони “Блогерӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо” баррасӣ гардид.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик ва гардонандаи маҳфил сухани худро аз он оғоз кард, ки “бархеро чун блогер муаррифӣ кунем, барояш сахт мерасад”.

Ӯ гуфт, ҳарчанд блогерӣ дар ҷаҳон таърихи қадима дорад, вале дар Тоҷикистон ба шакли блоги классикӣ солҳои 2007-2008 шакл гирифт, вале маъруф набуд.

“Замоне маъмул шуд, ки видео-блогҳо тариқи “YouTube” фаъол шуданд. Ҳарчанд маълум кардан мушкил аст, ки онҳо барои маблағ кор мекунанд ё шуҳрат”,- зикр намуд Раҷаби Мирзо.


“Бе пул суханат асар надорад”
Ба ин суол, Абдулазизи Восеъ, журналисти тоҷик, ки вақтҳои охир ба кори блогерӣ машғул аст, посух дод ва гуфт, андешаи он ки журналист ё блогер бояд ройгон кор кунад, то ҷое хато аст.

“Таҷрибаи тамоми ҷаҳон нишон медиҳад, ки барои журналистика ё блогери мустақил бинандаву хонандааш пул медиҳад. Дар мо инро гадоӣ мепиндоранд. Ман тарафдори он ҳастам, ки ин таҷриба дар мо низ роиҷ шавад. То замоне, ки ин таҷриба амалӣ нагардад, дар бораи журналистика ва блогери мустақил ҳарф гуфтан беҳуда аст”, - афзуд Абдулазизи Восеъ.

Нигаронии дигари Раҷаби Мирзо аз мушаххас набудани самти кори блогерҳо дар Тоҷикистон буд. Ӯ гуфт, “дар мо блогҳои ҷидии касбие, ки ба як самт ё мавзӯи мушаххас равона шуда бошанд, нест”. Ҳарчанд ба таъкиди вай, таъсири блогерҳо дар баъзе ҳолат ба ҷомеа аз журналистика зиёдтар аст.

Чаро блогерро ҷиддӣ қабул намекунанд?
Дар нишаст масъалаи танзими қонунии фаъолияти блогерҳо ва зикри ин мафҳум дар қонунгузорӣ низ баррасӣ шуд.

Ранжет Ятимов, ҳуқуқшинос аз ТҶ “Хома” гуфт, дар қонунгузории Тоҷикистон мафҳуми блогер нест, вале дар кишварҳои ҳамсоя, мисли Ӯзбекистон ин мафҳум дар қонунгузорӣ ҳаст ва тафсир ёфтааст.

Ба гуфти ҳуқуқшинос, дар Тоҷикистон шарт нест, ки фаъолияти блогер тибқи қонунгузорӣ танзим шавад, чунки онро чанд қонуни амалкунанда, аз ҷумла кодексҳои шаҳрвандӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷиноятӣ ва ғайра танзим мекунад.

“Блогер иттилоъро дастрас ва паҳн мекунад. Барои ин қонуни махсус эҷод кардан шарт нест. Ӯ дар доираи қонунҳои ҶТ “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот”, “Дар бораи ҳифзи иттилоот”, “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” метавонанд фаъолият кунад. Муҳим, иттилои қонун манъкардаро паҳн накунад. Яъне сирри давлатӣ, тиҷоратӣ, оилавӣ, маълумоти ҳаёти шахсиро паҳн накунад”, - гуфт ӯ.

Масалан, тибқи Кодекси граждании кунунӣ бе иҷозати шахс аксу навори ӯро паҳн кардан мумкин нест, аммо бар асоси таҳрири нави ҳамин қонун, ки 1-уми июли соли ҷорӣ ба амал медарояд, агар шахс дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қарор дошта бошад, дигар гирифтани иҷозат лозим нест.

Дилрабо Самадова, ҳуқушинос аз ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” танзими қонунии фаъолияти блогерҳоро навъе аз маҳдудкунии фаъолияти онҳо гуфта, таъкид намуд, ки ҳар қадаре танзим зиёд бошад, ҷавобгарӣ ҳам меафзояд.

“Аз дигар тараф, агар мафҳуми блогер дар қонун зикр шавад, ваколату ҳуқуқҳои онҳо ҳам зиёд мешавад. Масалан, вай ҳуқуқ ба дастрасии иттилоотро пайдо мекунад”,-гуфт Дилрабо Самадова.

Далер Шарипов, журналисти дигари тоҷик, ки “YouTube” лоиҳаи “Китобхон”-ро пеш мебарад, маҳз мушкили дастрасӣ ба иттилоот барои блогерҳоро зикр намуд. Ӯ гуфт, вақте масъулини давлатӣ ва ё қаҳрамонҳо фаҳманд, ки ба онҳо блогер муроҷиат кардааст, аз суҳбат дурӣ меҷӯянд.

Раъно Бобоҷониён, вакили парлумон бошад, зикри мафҳуми блогер дар қонунро ба манфиат медонад ва мегӯяд, вақте ҳуқуқу уҳдадориҳо мушаххас аст, кор кардан осон мешавад ва аз ҷониби мақомоти расмӣ низ нисбати блогерҳо муносибати ҷиддӣ сурат мегирад.

Бояд гуфт, ки ҳоло дар парлумон лоиҳаи Кодекси иттилоот мавриди баррасӣ қарор дорад ва он ҳамаи қонунҳои соҳаро зери як чатр гирд меоварад. Аммо қабули он наметавонад ба фаъолияти блогерҳо таъсир расонад.

Ҳамрайъӣ – рӯъё?
Қазияи боздошт ва маҳкумияти журналистону блогерҳои тоҷик дар соли сипаригардида собит намуд, ки миёни онҳо ҳамрайъӣ вуҷуд надорад. Ин нукта бори дигар дар нишаст садо дод.

Абдулазизи Восеъ гуфт, як гурӯҳ журналистон-блогерҳо дар “YouTube” журналистикаи босифатро оварданд, вале боздошту муҳкумияти онҳо нишон дод, ки пешниҳоди матолиби босифати журналистӣ монеаҳо дар пай дорад.

“Охири роҳ ин шуд, ки чанд нафар боздошт шуд ва дигарон фаъолияти худро қатъ карданд, аммо касе ба ҷонибдории онҳо изҳороте надод”, - нигаронӣ кард А. Восеъ.

Ба андешаи Раҷаби Мирзо, журналистон нисбати блогерон як навъ рашк доранд ва баъзеи онҳо, интернет ва журналистикаи шаҳрвандиро умуман қабул накарда, танҳо онеро журналист медонанд, ки дипломи донишгоҳи журналистиро дорад. Ин як сабаби адами ҳамрайъӣ аст.



Аксимарбута.
Акс аз vecherka.tj

Дилрабо Самадова набудани ҳамрайъиро нишонаи тарс номида, гуфт, “вақте блогер ё журналисте боздошт мешавад, бо баҳонаи “ҷиноят содир кардааст” ӯро ҳимоят накарда, аз пуштибонӣ даст мекашанд”.

Ӯ мегӯяд, дар чунин ҳолат бояд дақиқ гардад, ки “оё журналистон блогерҳоро ҳамкасб медонанд ва дар сурати фишор болои блогерҳо журналистон аз онҳо ҳимоя мекунанд ё не?”

Сифати муҳтаво ва завқи аудитория
Рустам Гулов, коршиноси IT, ки ба кори блогерӣ низ машғул аст, дар робита ба сифати муҳтавои блогерон гуфт, ки онро бояд бозор ва рақобат муайян кунад.

“Ҳарчанд, муҳтавои блогерон ба ягон талабот ҷавобгӯй нест, вале аудиторияи калон доранд, чунки ба шавқу завқи аудтория мувофиқ аст. Агар хоҳем, ки сифат хубтар шавад, аз оилаву мактаб оғоз кунем, саводнокии расонаӣ ва тафаккури интиқодиро рушд диҳем. Вақте шавқу завқи аудиторияро боло бардоштед, сифат ҳам боло меравад. Бо зери назорат гирифтани фаъолияти блогерӣ ҳамон муҳтавои ночизи буда ҳам аз байн меравад”, - гуфт Рустам Гулов.

Масъалае, ки баррасиаш ба таъхир афтод
Яке аз масоили муҳиме, ки чанд вақти охир блогерҳои тоҷикро ба ташвиш андохтааст, ин андозбандии фаъолияти онҳо мебошад. Ба қавле, ҳангоми дастрасӣ ба иттилоот мафҳуми блогер дар қонун нест, аммо вақти ситонидани андоз, блогер соҳибкори ҷиддӣ муаррифӣ мегардад, ки боиси нофаҳмиҳо миёни худи блогерон шудааст.

Аз ин лиҳоз, дар нишаст таъкид гардид, ки масъалаи андозбандии фаъолияти блогерон бояд зимни як мулоқоти алоҳидаи онҳо бо масъулини мақомоти андоз муфассал баррасӣ шавад.

Ёдовар мешавем, ки ин чорабинӣ бо ибтикори “Азия-Плюс” ва маблағгузории “Интернюз дар Тоҷикистон” баргузор гардид.

Сурат: Акс аз Хусрав Зуҳуров. Дар яке аз чорабиниҳои 10 блогери маъруфи Тоҷикистон, ки соли гузашта дар Душанбе гузашт.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20230406/ittilo-namediand-ammo-pul-megirand-basi-faoliyati-blogero-dar-toikiston


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима