Афви Байнулмилал (Amnesty International) Тоҷикистонро кишваре номид, ки “30 сол боз аз ҷониби як хонавода" идора шуда, ҳуқуқи инсон дар он пайваста поймол мешавад. Гузориши солонаи созмон рӯзи 28-уми март нашр шуд.
Ҳодисаҳои Бадахшон
Ин созмон Тоҷикистонро барои саркӯби эътирозгарон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳабсу таъқиби фаъолону журналистон, шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ танқид кард.
Ба гуфтаи намояндагонаш, мақомоти Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2022 “эътирози ақаллияти помириро саркӯб карданд”. Дар ин амалиёт, ба гуфтаи Amnesty International, зиёда аз 30 кас кушта ва беш аз 200 нафар боздошт шуд. Созмон гуфтааст, дар ҳодисаҳои Бадахшон аз қатлҳои худсарона низ хабар расид, аммо ин хабарҳо мустақилона таҳқиқ нашудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки дар ВМКБ “аъзои гурӯҳҳои ҷиноиро безарар карданд”.
Дар гузориш рабуда шудани фаъолони помирӣ дар Русия, мурофиаҳои ноодилона ба ҳукмҳои тӯлониро дар Тоҷикистон танқид кардаанд.
Боздошту ҳабси хабарнигорон
Афви Байнулмилал навиштааст, соли гузашта фишор болои рӯзноманигорон афзоиш ёфт ва чанде аз онҳо боздошту зиндонӣ шуданд.
Дар гузориш аз ҳамлаи шахсони ношинос ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее время” ёд овардаанд. Рӯзи 17-уми май хабарнигорон барои суҳбат ба назди Улфатхоним Мамадшоева, рӯзноманигору фаъоли маданӣ рафта буданд. Онҳоро чанд фарди ношинос, ки то ҳанӯз боздошт нашудаанд, латукӯб карда, дастгоҳи сабту телефонҳои мобилиашонро рабуданд. Баъдан Улфатхоним Маҳмадшоева ба иттиҳоми даст доштан дар ҳодисаҳои Бадахшон боздошт ва ба 21 соли зиндон маҳкум шуд.
Соли гузашта дар Тоҷикистон, ба гуфтаи созмон, на танҳо блогеру рӯзноманигороне мисли Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Эмомалӣ, Хушрӯз Ҷумъаев ва Завқибек Саидаминиву дигарон боздошту зиндонӣ шуданд, балки ба расонаҳое ба мисли “Азия-Плюс” додситонӣ супориш додааст, ки дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон чизе нанависанд.
Мақомот беш аз ҳафт блогеру рӯзноманигорро ба ифротгароӣ ва узвият дар созмонҳои мамнӯъ муттаҳам карданд. Айбе, ки наздикони онҳо ва созмонҳои байналмилал сохтаю бофта медонанд.
Соли гузашта дар Бадахшон чанд моҳ дастрасӣ ба интернет маҳдуд шуд ва ба гуфтаи созмон, фишору маҳдудияти озодии сухан ҳанӯз идома дорад.
Ихроҷи паноҳҷӯён
Ин созмон ибрози нигаронӣ кардааст, ки соли гузашта Тоҷикистон дағалона даҳҳо паноҳҷӯйро ба Афғонистон фиристодааст, ки дар онҷо ба онҳо хатар таҳдид мекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар гузорише дар моҳи декабри соли гузашта ба Созмони Милал сабаби аз кишвар рондани хориҷиён, аз ҷумла паноҳҷӯёни афғонро "риоят накардани қонунҳои кишвар" номид.
Дар Тоҷикистон беш аз даҳ ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ сабтином шудаанд. Аксари онҳо то ба сари қудрат омадани Толибон ба Тоҷикистон омадаанд. Паноҳандагон мегӯянд, барои ҳамеша ба Тоҷикистон наомада, талош мекунанд, ба Канада ё ягон кишвари аврупоӣ бираванд. Дар як соли охир наздик ба чаҳор ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ ба кишвари сеюм, аз ҷумла Канада, рафтаанд.
Тоҷикистон ҳанӯз ба гузориши созмони Афви Байнулмилал вокуниш накардааст, вале дар гузашта, баъзе аз мансабдорони тоҷик чунин гузоришҳоро якҷониба номида буданд.
https://www.ozodi.org/a/32337883.html