Як иёлат дар ИМА истифодаи шабакаҳо барои ноболиғонро маҳдуд кард.
     TJ RU EN
02:30 / 2024-11-16

Як иёлат дар ИМА истифодаи шабакаҳо барои ноболиғонро маҳдуд кард.

Forum ciensi

Раиси иёлати Юта дар Амрико рӯзи 23-уми март ду қонунеро имзо кард, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғонро маҳдуд менамояд. Бар асоси ин ду санад, наврасону навҷавонони то 18-сола пеш аз истифода аз шабакаҳое ба мисли Инстаграм, ТикТок ва Фейсбук, бояд ҳатман иҷозаи волидонашонро дошта бошанд.

Ҳамингуна Юта аввалин иёлат дар Амрико мешавад, ки намегузорад, наврасони то 18-сола бе иҷозаи падару модар аз шабакаҳое ба мисли Инстаграм, ТикТок ва ё Фейсбук истифода баранд.

Ин қонунҳоро Спенсер Кокс, раиси ҷумҳурихоҳи Юта рӯзи 23-уми март имзо кард. Ӯ дар "Твиттер" навишт, ки иёлат "дигар намегузорад, моликони шабакаҳои иҷтимоӣ ба сиҳатии равони ҷавонони мо осеб бирасонанд".

Спенсер Кокс гуфт, "шабакаҳои иҷтимоӣ медонанд, ки маҳсулоташон заҳролуд аст. Абзорҳояшон тавре сохтаанд, ки муътод мекунад. Ҳамчун раҳбар ва волидайн мо ӯҳдадорем, бачаҳоямонро муҳофизат кунем".

Ду санадро дар ин бора аввали моҳ вакилони маҷлиси иёлат тасвиб карданд. Ин қонунҳо ба додгоҳ кашидани ширкатҳои соҳиби шабакаҳои иҷтимоиро осонтар мекунанд. Агар ки осеб расонида бошанд.

Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба кӯдакон дар Амрико ба як баҳси миллӣ табдил шудааст, чун дар кишвар як қонуне ҳаст, ки моликони шабакаҳои иҷтимоиро аз муҳокима дар додгоҳ эмин нигаҳ медорад.

Қонунҳои Юта, ки ширкатҳои мазкур мухолифаш ҳастанд, аз ҳар корбари шабакаҳои иҷтимоӣ пеш аз боз кардани саҳифа мехоҳад, собит кунанд, ки 18-сола ҳастанд.

https://www.ozodi.org/a/32337243.html



Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима