Оғози лоиҳаи нави шарикӣ
     TJ RU EN
05:37 / 2024-11-16

Оғози лоиҳаи нави шарикӣ

NANSMITАМВАОМТ лоиҳаи Migrant-line (Муҳоҷирати бехатар) – маъракаи иттилоотӣ барои мусоидат ба муҳоҷирати бехатари тоҷикистониёнро дар ҳамкорӣ бо ҶДММ ШТР "СМ-1", ҶДММ "Реклама ва Идея" (сомонаи «Оила.tj»),  ТВ "Қурғонтеппа", ТҶ "Ахтари бахт" ва ТҶ "Чашмаи ҳаёт" оғоз намуд. 
Мо бо мушовир/ҳаммуассиси ТҶ "Чашмаи ҳаëт" Рафоат Бобоева пурсиши сарироҳӣ анҷом додем.
 
- Оё бо чунин лоҳаи шарикӣ (коллаборатсия) пештар низ Шумо кор кардаед? 
-Бале, лоихаи сечонибаи Точикистон, Афгонистон, Эрон - марбут ба масоили занон; бо ШТРР "Тироз" – лоиҳа оид ба масьалахои мухочирати бехатар татбиқ кардаем. 
-Аз ин лоиҳа дар мавриди шарикӣ ташкилот ё расонаи Шумо чӣ интизориҳо дорад ва барои худ чӣ гирифта метавонад?
-Тақвият бахшидани таҷрибаи ҳамкорӣ дар коллаботасия ва омӯхтани номгӯи мавҳумҳои фанниро дар ВАО интизор ҳастем. Дар таҷрибаи корӣ чӣ тавр истифода бурдан аз имкониятҳои ВАО ва ТҶ, на танҳо дар доираи мавзӯи лоиҳа ва берун аз он бароямон муҳим аст.
 
- Татбиқи лоиҳаи шарикии мазкур барои ташкилоти (ҷамъияти) шумо чӣ таъсир расонида метавонад ва назари Шумо оид ба татбиқи ин лоиҳа чӣ гуна аст?
-ТҶ фаьолияти бисëрҷониба дорад, бидуни лоихаҳо ҳамарӯза дар ҳалли масоили ҷомеа фаьолона иштирок ва дар холатҳои зарурӣ мусоидат мекунад, аммо фаьолияти худро реклама карда наметавонад. 
Аз ин ва дигар сабабҳо ҳамкориро бо ВАО хеле муҳим меҳисобем.
Ҳамчунин ҳамкории бисëрҷониба дар масьалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва пешгирии савдои одамон барои ҷомеа хеле зарур аст.
Гузаронидани пурсиш, таҳлил ва муҳокимаи он барои ташкилоти мо муфид аст.
 
- Ҳамкориатонро бо шарикони худ дар доираи лоиҳаи мазкур чӣ гуна баҳо дода метавонед?
- Алҳол дар доираи лоиҳаи мазкур дар ин бора сухан гуфтан душвор аст. Бо вуҷуди он, ки лоиҳа аз 1 март оғоз гардид фаьолияти худро бо дигар ташкилотҳои шарик ба роҳ мондем. Умедворем, ки лоиҳа бо муваффақият ба анҷом хоҳад ëфт.
 
     Мушовир/ҳаммуассиси ТҶ "Чашмаи ҳаëт", Бобоева Р. Ш.
 

Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима