Тоҷикистонро дар як арзёбии байнулмилалӣ дар қатори Туркманистон ва Чину Сурия "давлати пӯшида" номбар карданд. Ин баҳои бадтарини CIVICUS Monitor ба Тоҷикистон аст. Созмоне, ки сатҳи озодиҳои бунёдиро дар 197 кишвар месанҷад. Дар гузашта Душанберо "саркӯбгар" номида буд.
Бар асоси гузориши CIVICUS Monitor аз 16-уми март, саркӯбгариҳои мақомоти Тоҷикистон дар баробари тазоҳургарони осоишта дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба чунин арзёбӣ сабаб шудааст.
Вокуниши намояндагони ҳукумат дастрас нест. Дар изҳороти созмон гуфтаанд, "дар Тоҷикистон фазои тарсу ҳарос ҳукмфармост. Мардум барои истифода аз ҳуқуқи бунёдии худ, аз ҷумла озодии баёну гирдиҳамоӣ, зери ҳамла мемонанд ё зиндонӣ мешаванд."
Гирдиҳамоӣ бо талаби таҳқиқи марги Гулбиддин Зиёбеков аз Роштқалъа ва истеъфои раисони вилояти Бадахшону шаҳри Хоруғ моҳи майи соли 2022 дар маркази ВМКБ сар шуд. Дар ноҳияи Рӯшон идома кард.
Дар ҳарду маврид мақомот тазоҳуротро саркӯб карданд. Дар минтақа амалиёти, ба гуфтаи намояндагони ҳукумат, зидди "аъзои гуруҳи ҷиноӣ" сурат гирифт, ки "бо истифодаи нерӯи аз ҳад зиёд, боздоштҳои худсарона, шиканҷа ва куштор ҳамроҳ буд".
Илова бар ин, ба навиштаи созмон, ҳафтаҳо Интернетро дар саросари минтақа дастнорас карданд. То ин дам чанд созмону кишварҳои ғарбӣ хоҳони таҳқиқи мунсифонаи қазия шуданд, вале "мақомот натавонистанд, санҷиши беғаразонаи нақзи ҳуқуқи одамонро дар минтақа анҷом диҳанд".
Ба иттилои CIVICUS Monitor ва созмони ҳамкораш, IPHR (Ҳамкории Байнулмилалӣ барои Ҳуқуқи Башар), дар пасманзари ҳодисаҳои Бадахшон камаш 20 ҳомии ҳуқуқ ва хабарнигор боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Созмон аз вакили мудофеъ Манучеҳр Холиқназаров ва рӯзноманигору фаъоли маданӣ Улфатхоним Мамадшоева ёд овардааст.
"Аз он дар ташвишем, ки чанд ҳомии ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорони тоҷик бо ангезаҳои сиёсӣ ва сохта, ки ба меъёрҳои байнулмилалӣ мувофиқ набуданд, ба муддати дароз маҳкум шуданд," – гуфтааст Бриҷит Дюфур, мудири IPHR.
Вай бовар дорад, ҳукумат аз онҳо "қасос гирифт" ва "бояд фавран озод кунад". Додгоҳҳои Тоҷикистон онҳоро гунаҳкор эълон кардаанд.
https://www.ozodi.org/a/32320971.html