Ҷовид Сулаймонӣ, рӯзноманигор
Ҳарчӣ гӯем ё нагӯем, матбуоти озод ва озодии баён дар Тоҷикистон солҳои охир вориди бунбаст шудаанд. Солҳои пеш асосан дар ростои интихобот матбуот ва журналистон зери фишор меафтоданд. То интихобот ҳоло вақт зиёд аст, вале озодии баён дар расонаҳо то рафт тангтар мешавад ва ҳабсу ба солҳои зиёд маҳкум кардани хабарнигорони озод идома дорад. Зоҳиран, агар озодии баён ба поинтарин нуқта ҳам расад, ҳабси хабарнигорон давом хоҳад ёфт ва яке дигареро мисли занҷираи тилисм қуввату вусъат мебахшад.
Ҳама интизори чизе ҳастанд. Мисли солҳои арафаи интихобот. Ҳамон чиз ки гузашт, аз нав сарҳадди озодии баён васеъ мешавад, журналистон афв шуда, аз маҳбас мебароянд.
Ҳокимият, ки қоидаҳои кори матбуотро дар қонунҳо муайян кардааст, бо ин сер намешавад, мехоҳад, онҳо “бачаҳои баодоб” бошанд. Ин барояш мушкил нест, чун КДАМ, ВКХ, суд ва кумитаҳои андозу оташнишонӣ дорад. Аммо “ҳокимияти чаҳорум” ва дар намунаи Тоҷикистон чизҳое аз беамакӣ на мушакҳои қавии молӣ дорад ва на ҳимояти мардумӣ.
Матбуоти давлатӣ ё дастгоҳи пропаганда
“Матбуоти тоҷик новобаста аз шакли моликияташ бояд дар пешбурди ҷомеа саҳим бошад ва барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ талош намояд”. Ин шиорест, ки ҳамеша аз намояндагони давлат дар робита ба фаъолияти матбуоти тоҷик мешунавем. Вале ҳамоно муносибати тунди мақомоти кишвар ба беқурб шудани ин шиор сабаб мегардад.
Пропагандаи сиёсати давлат дар матбуоти кишвар аз ҳамаи сарҳад гузаштааст. Ин функсия дар кулли матбуоти давлатии Тоҷикистон ба шумули матбуоти расмӣ-давлатӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ амал мекунад. Хеле кам ба назар мерасад, ки масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, вазъу ҳоли одамони оддӣ ё фаразан, муҳоҷирон дар Русия ё ягон ҳолати танқидӣ дар нашрияҳои давлатӣ баррасӣ шаванд. Агар аҳёнан дар чанд моҳ як бор як чунин мақолае пайдо шавад, бо он ҳамаи шабакаҳои иҷтимоиро пур мекунанд: “Мешудааст-ку!”
Матбуоти давлатӣ дар Тоҷикистон, ки аз пули миллат нашр мешавад, аслан бо пропаганда (хонда шавад дурӯғу газофу воҳимаи арзонакак) ва манипулятсияи шуури мардум (хокзанӣ) машғул аст.
Дар аслитарин вазифаи журналистика, ки фавран расонидани иттилоъ аст, нашрияҳои давлатӣ фаъол нестанд ва дар баъзе аз мавридҳо барои ба қавле ҳифзи осудаҳолии мардум аз расонидани иттилои ҳақиқӣ худдорӣ мекунанд. Инъикоси мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон, даргириҳои дохилӣ, мавқеи мухолифи ашхоси шинохта намунаи боризи ин гуфтаҳост. Барои наздикони онҳое, ки қаҳрамонона дар ҳифзи марзҳои давлатии Тоҷикистон кушта шуданд, дардовар буд, ки номи онҳо дар матбуот то воқеаҳои ахир аслан бурда намешуд.
Матбуоти замонасоз
Агар фаъолияти матбуоти мустақилро дар Тоҷикистон дастоварди муҳими озодии баён арзёбӣ намоем, мушкил аст бигӯем, ки он дар ростои вазифаҳои худ комёб аст. Тоҷикистон дар радабандии Созмони хабарнигорони бидуни марз дар соли 2022 дар ҷойи 152 аст. Ин нишондод назар ба соли 2021 даҳ зина боло аст, вале вазъи воқеии ВАО-и Тоҷикистон дар умум нигаронкунанда аст.
Мавзуъ ва муҳтавои матбуоти мустақили кишвар солҳои охир бо назардошти принсипи “оқибатандешӣ” ва “замонасозӣ” нарм шудааст. Муноқишаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон мавқеъгирии мустаҳками матбуоти озоди кишварро дар ҳимоят аз аҳдофи сиёсии давлат ва ягонагии он нишон дод. Аммо дар мавриди воқеиятҳои дигар, ба монанди даргирӣ дар Бадахшон расонаҳои кишвар вокунише нишон надоданд. Ҳатто гурӯҳи расонаҳои “Азия Плюс” бо нашри изҳороти расмӣ ва ишора ба таҳдиди Додситонии кулли Тоҷикистон аз пайгирии мавзуъ худдорӣ кард.
Ҷомеа тавре рафтор кард, ки гуё чизе нашудааст. Касе ҳам садои эътироз баланд накард. Ба амалкарди Додситонии кулли Тоҷикистон, ки бояд худ ҳомии қонун бошад, баҳои ҳуқуқӣ дода нашуд.
Агар ин ҳолат дар Гурҷистон мешуд, ҳазорон нафар ба расона даҳҳо миллион пул мефиристоданд, ки натарсад ва роҳашро давом диҳад, шояд дар пойгоҳҳои дигари иттилоърасонияш аз вазъи Бадахшон хабар пахш кунад. Лек аз ҷомеаи Тоҷикистон ба унвони “Азия Плюс” ба ғайр аз як ё ду дашному таъна чизе нарасид.
Матбуоти мустақили Тоҷикистон, ки шароити сахти буҳрониро тай мекунад, барои таъмини моддии худ ҳоло танҳо аз реклама кор мегирад. Ҳатто аз таблиғоти пинҳонӣ. Ин аст, ки матолиби фармоишӣ дар матбуоти мустақили кишвар бештар нашр мешаванд. Тарғиби муассисаву ширкатҳои хусусӣ ва нашри маводи супоришӣ муҳтаво ва ҷолибияти матбуоти мустақилро коҳиш додааст. Илова бар ин адади нашри рӯзномаҳои хусусӣ аз пештара дида кам гаштааст.
Омилҳои сустии матбуот дар Тоҷикистон:
Иқтисоди заиф. Қисмаи зиёди матбуоти даврӣ дар Тоҷикистон, ба ҷуз чанд рӯзномаву маҷаллаи расмӣ-давлатӣ ва ҳизбӣ ба таври худкифо фаъолият мекунанд. Ҳаққи қалам танҳо дар нашрияҳои бузурги давлатӣ пардохта мешавад. Барои мисол, нашрияҳои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз даромади фурӯш ва обуна нашр мешаванд ва ҳаққи қалам дар ин нашрияҳо пардохта намешавад. Таъсири ин омилҳо дар сифат ва муҳтавои маводи нашрияҳо ба назар мерасад.
Сензура ва худсензура. Асли масъала ин ҷост, ки матбуоти Тоҷикистон дар даҳ соли охир бо сабаби сензураи шадид қудрат ва нуфузашро аз даст дод. Рӯзномаҳои сиёсӣ-ҷамъиятие монанди “Нигоҳ” ва “Озодагон” маҳз ба сабаби гуногунандеш будан баста шуданд. Ҳарчанд мақомоти кишвар баста шудани ин расонаҳоро ба камбуди моддӣ марбут медонад. Назорати қатъӣ аз рӯйи қалам расонаҳои моро водор сохт, то дар рафти фаъолияти худ аз худсензура кор бигиранд.
Надоштани мухотаб. Вуҷуди матбуот бе хонанда бемаъност. Муҳаққиқони матбуот дар Тоҷикистон бар он назаранд, ки сухани чопӣ ҳеч гоҳ намемирад. Аммо набудани робитаи зичи ҷомеа бо матбуот нишон медиҳад, ки нуфузи матбуоти даврӣ коҳиш ёфтааст ва обуна ба нашрияҳои давлативу соҳавӣ ба таврӣ маҷбурӣ сурат мегирад. Камтаваҷҷуҳ шудани аудиторияи матбуот ба шуури ҷамъиятӣ, камбуди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ вобастагӣ дорад. Зеро шуури ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон дар дигар қолаб шакл гирифтааст ва проблемаҳое монанди матбуот, адабиёт ва санъат барои омма дорои аҳамият нестанд. Зеҳн ва нерӯи аслии ҷомеаи тоҷик барои беҳбуд бахшидан ба рӯзгори хеш равона шудаанд. Фаъолияти густурдаи расонаҳои интернетӣ низ сабабгори беэътибории матбуот гардидааст.
Мушкилоти умдаи журналистони матбуоти тоҷик:
https://www.ozodi.org/a/32312448.html