Як намояндаи Дастгоҳи иҷроияи президент ба тарзи кори хабарнигорони Тоҷикистон ҳангоми даргирӣ дар сарҳад бо Қирғизистон норозигӣ кард.
Дар ҳоле ки рӯзноманигорон аз камбуди иттилои расмӣ дар рӯзҳои низоъ шикоят доштанд, намояндаи Дастгоҳ мегӯяд, хабарнигорон натавонистанд, саривақт мавқеи Тоҷикистонро ба забони хориҷӣ ба ҷаҳон бирасонанд.
Масрур Абдуллозода 11-уми март дар маросиме бахшида ба Рӯзи матбуот аз он норозигӣ кард, ки мавқеи Тоҷикистон бештар ба забони тоҷикӣ садо дод. Ҳол он ки, ба гуфтааш, "бояд назари Тоҷикистон бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба гӯши ҷаҳониён расонда мешуд".
Масрур Абдуллозода
Абдуллозода дар ҳузури даҳҳо хабарнигор ба зарурати "рӯзноманигорони соҳавӣ" ва "донандаи забони хориҷӣ" таъкид кард.
Эътирози мақомдори тоҷик дар ҳолест, ки рӯзноманигорон дар рӯзҳои низоъ бо Қирғизистон аз камбуди иттилои расмӣ шикоят доштанд.
Хабарнигор Ёқуби Саид мегӯяд, расонаҳои Тоҷикистон он шабу рӯз на танҳо ба забони русиву англисӣ, балки ба забони тоҷикӣ ҳам "матлабу хабарҳои кироӣ надоштанд".
"Ниҳодҳои масъули давлатӣ хабар намедоданд, коршиносон назар намегуфтанд," -- илова кард ӯ.
Мақомоти Қирғизистон дар рӯзҳои низоъ дар марз тақрибан ҳар соат хабарномаи расмӣ пахш мекунанд, ҷониби Тоҷикистон талош мекунад, камтар бо расонаҳо маълумоти расмӣ диҳад.
Аз ҷумла, дар низои охире, ки рӯзҳои 14-17-уми сентябри соли 2022 дар марз бо Қирғизистон рух дод ва аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ ба ҷой гузошт, мақомоти тоҷик ба ҷуз аз чанд иттилоияи идораи марзбонӣ чизе нагуфтанд.
Ин ҳолат боис шуд, ки хабарнигорони тоҷик қазияро бештар бо такя ба манбаъҳои худ ва сокинони маҳаллӣ бозтоб диҳанд.
Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, мақомоти расмии Тоҷикистон бо ин мавқеъ, ки ба вазъият шиддати бештар надиҳем, хеле чизҳоро аз даст доданд.
Раҷаби Мирзо
Ӯ рӯзи 12-уми март гуфт: "Эътирози намояндаи Дастгоҳ ҷой дорад, аммо ин айби расонаҳову журналистон нест. Бо чанд сабаб. Якум, бо сабабҳои маълум мо расонаи таъсиррасон ва пурмавқеи миллӣ ақаллан дар минтақа надорем. Ғайр аз "Азия-Плюс". Дуюм, ҷойи ин мушкили расонаҳоро метавонистанд масалан сафоратҳои Тоҷикистон пур кунанд, ки накарданд. Қирғизистон дар ин бахш ҳам фаъол буд. Яъне мушкил дар журналистон ва расонаҳо не, балки дар мавқеи интихобии ҳукумат буд."
Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки беш аз 300 километраш ҳанӯз таъину нишонагузорӣ нашудааст, солҳо боз манбаи низоъ миёни ду кишвар аст.
Душанбе ва Бишкек ҳамеша аз ҳалли мушкил бо роҳи дипломатӣ таъкид мекунанд, вале ҳар чанд вақт ҷанҷолу тирандозӣ дар марз рух медиҳад. Ҳарду тараф якдигарро ба сар задани муноқиша гунаҳкор мекунанд.
https://www.ozodi.org/a/32314328.html