Ба ифтихори 111-солагии матбуоти тоҷик дар шаҳри Гулистон мулоқот доир карда шуд
     TJ RU EN
04:50 / 2024-11-16

Ба ифтихори 111-солагии матбуоти тоҷик дар шаҳри Гулистон мулоқот доир карда шуд

20230210 KhovarБахшида ба 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ баргузор карда шуд, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Гулистон.

Бояд гуфт, ки 11 март Рӯзи матбуоти тоҷик буда, ҳамасола дар саросари мамлакат аҳли қаламу сухан ин рӯзро ботантана истиқбол менамоянд. Ин ҷашн ба ифтихори нашри нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» пазируфта шудааст.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон, котиби масъули созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ва сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Соҳил» аз таърихи матбуоти тоҷик ёдовар шуда, доир ба нақши матбуот дар ҳаёти рӯзмарраи ҷамъияти имрӯза ва дастовардҳои матбуоти тоҷик сухан гуфтанд.

Ҳамзамон ба иштирокдорон доир ба нозукиҳои касби рӯзноманигорӣ маълумот дода шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Гулистон

https://khovar.tj/2023/03/ba-iftihori-111-solagii-matbuoti-to-ik-dar-sha-ri-guliston-mulo-ot-doir-karda-shud/

 

Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима