Рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов дар куҷост?
     TJ RU EN
04:50 / 2024-11-16

Рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов дар куҷост?

Fozilov KhurshedӮро шахсони ношинос аз ҷойи кори собиқаш дастгир ва ба сӯйи номаълум бурдаанд.

Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷик, ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузориш менавишт, тақрибан, соати 15:00-15:30-и рӯзи 6-уми март, дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд, дастгир ва ба сӯйи номаълум бурда шудааст.

Чанд манбаъ, аз ҷумла кормандони Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Панҷакент, ки шоҳиди ҳодиса буданд, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, “Хуршед Фозиловро ду шахси номаълум аз дохили утоқ гирифта бурданд”.

Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, Хуршед Фозилов то моҳи январ тибқи шартнома дар доираи як лоиҳа бо онҳо ҳамкорӣ мекард ва дирӯз, 6 –уми март барои хабаргирии ҳамкорони пешинаш рафта буд.

Субҳи имрӯз, 7-уми март, боз чаҳор нафари дигар бо либоси мулкӣ омада, компютереро, ки ӯ кор мекард, гирифта бурданд. Сабаб ва макони боздошти Хуршедро пурсидем, чизе нагуфтанд”, - гуфт як манбаъи мо аз ин идора.

Наздикони журналист ҳам тасдиқ карданд, ки якшабонарӯз ӯро наметавонанд пайдо кунанд ва хабар надоранд, ки ӯ дар куҷо ва дар кадом ҳолат аст.

Мо ба ҳамаи идораҳои қудратии шаҳр рафтем. Касе ҳарфи мушаххас намегӯяд. Тавассути чанд нафар фаҳмидем, ки дар идораи амнияти шаҳр аст. Вақте ба ин идора рафтем, тасдиқ карданд, ки Хуршед дар ин идора аст ва баъди бозпурсӣ ҷавоб медиҳанд”, - шарҳ дод яке аз наздикони рӯзноманигор.

Кушишҳои мо барои дарёфти иттилоъ дар бораи макони дақиқи нигоҳдошти ин рӯзноманигор дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент бенатиҷа анҷом ёфт.

Шуҳрат Анварзода, сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент баъди шунидани суол дар бораи эҳтимоли боздошти Хуршед Фозилов гуфт, “ман ӯро намешиносам” ва гӯширо гузошт.

Хуршед Фозилов қаблан барои ҳамкорӣ бо сомонаи хабарии замоне фаъоли “Ахбор.ком” (фаъолиташ дар Тоҷикистон манъ шудааст) гумонбар буд. Ӯро ҳамроҳи чанде аз рӯзноманигорони дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон нишон дода буданд.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20230307/rznomanigori-toik-hurshed-fozilov-dar-kuost


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима