Бардошт аз нишастҳои матуботии аввали соли 2023
     TJ RU EN
12:45 / 2024-12-26

Бардошт аз нишастҳои матуботии аввали соли 2023

PressconferenceАз моҳи январ то 17 феврали соли ҷорӣ ниҳодҳои давлатӣ оид ба ҷамӣбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор намуданд. Тибқи Амри Президенти кишвар корхонаву идораҳои давлатӣ ӯҳдадоранд соле ду маротиба нишасти матбуотӣ баргузор намояд. Нишастҳои матбуотии соли 2022 чӣ гуна гузаштанд ва оё журналистон ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд? Ин масъаларо мо аз хабарнигрон пурсидем.

Ҷумъа, хабарнигори хабаргузории “Азия плюс”
Сол аз сол роҳбарони вазорату идораҳо барои гурехтан аз посухи журналистон роҳу равишҳои навро мекобанд. Масалан, агар солҳои пеш роҳбарони аввал дар нишастҳо ҳозир намешуданду танҳо муовинони хешро равон мекарданд ва ё аз додани баъзе омори шубҳанок худдорӣ мекарданд, имсол вазъ комилан ранги дигар гирифтааст. Акнун вазирону раисон дар нишастҳои матбуотӣ саволҳои рӯзноманигоронро инкор мекунанд, аҳамият намедиҳанд ва ҳатто дар аксари ҳолатҳо муовинонашонро намегузоранд, ки ба суолҳо посух диҳанд. Чунин ҳолат дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм рух дод ва Раҳим Саидзода на танҳо саволи ботакрори журналистонро дар бораи норасоии кадрӣ инкор кард, балки ба яке аз муовинонаш имкон надод, ки ба суоли рӯзноманигорон посух гӯяд.

Булаҷабҳои дигари нишастҳои имсола ин аст, ки масъулин оморҳое, ки солҳои охир дастрас буд ва ҳатто дар варақаҳои матбуотӣ навишта мешуд, имсол аз варақаҳо “руфтаанд”. Аз ҷумла, дар нишатси матбуотии вазорати меҳнат, муҳоҷиарт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омори муҳоҷирони тоҷик дар Русия пешниҳод нашуд ва вазири нав ҳам ба суоли ботакрори журналистон дар ин бора иттилоъ надод. Дар ҳоле, ки чунин омор солҳои пеш ҳаттодар варақҳои матбуотӣ дастрас буд.
Ҳамчунин, омори ҳаҷм ва нархи фурӯши барқ ба Афғонистон ҳам солҳои пеш дастрас буд, имсол он барои рӯзноманигрон “дастнорас” шуд. Омори сармоягузорони асосии Тоҷикистон дар оли 2022 ҳам дар варақаи матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ “ғайб” зад.

Махсусияти дигари мансабдорон дар нишастҳои матбуотии имсола ин ба души якдигар партофтани салоҳиятҳо буд. Масалан, вақте журналистон аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар бораи шумораи зиндониёни тоҷик дар маҳбасҳои Русия пурсиданд, онҳо гуфтанд чунин омор надоранд ва он дар Вазорати корҳои дохилӣ мешавад. Вале аз ВКД гуфтанд, чунин оморро надоранд ва ин ба салоҳияти онҳо нест. Прокуратура ҳам гуфт чунин оморро надоранд ва ба салоҳияти онҳо нест. Дар охир Вазорати адлия, ки масъули нигоҳубини зиндонҳо дар кишвар аст, дар посух ба ин суол гуфтанд, чунин оморро надоранд, дар салоҳияти онҳо нест ва аз Прокуратураи генералӣ пурсем. Ҳамин тариқ, омори расмии зиндониёни тоҷик дар Русия барои рӯзноманигорон дастрас нест ва ҷомеа намедонад, ки дар зиндонҳои ин кишвар чӣ қадар шаҳрванди Тоҷикистон адои ҷазо мекунад. Ин дар ҳолест, ки ҳамарӯза дар бораи кушта шудани зиндониёни тоҷике, ки дар Русия адои ҷазо мекунанд дар ҷангҳои Украина хабарҳо мерасад ва то ба ҳол тобути 14 зиндонии тоҷик аз майдонҳои ҷанг ба ватан оварда, ба хок супорида шуд. Наздиконашон мегӯянд аксари онҳоро маҷбурӣ ва қисмеро бар ивази авф ба ин ҷангҳо мебаранд.

Қироати то 40 дақиқа варақаи матбуотӣ, ки аллакай дар дасти журналистон ҳаст, манъи ду ва ё зиёда савол ба мансабдор, талаби бо либоси расмӣ ва бо забони адабӣ посух додан ба ҳамаи саволҳое, ки пешниҳод мешавад, аз дигар монеаҳои нишастҳои имсолаи матбуотӣ буд, ки нагузошт журналитсон ба суолҳои худ посухи мушаххас гиранд. Ин дар ҳоле, ки нишастҳои матбуотӣ ягона омили гирифтани иттилоъи расмӣ аз мақомот аст ва тавре ба назар мерасад он ҳам рӯз аз рӯз тангтар ва то ҷое нозарур мешавад.
Худи журналистон ҳам "мусичаи бегуноҳ" нестанд.

Агар солҳои пеш онҳо саволҳои то ҷое дуввумдараҷа ва сеюмдараҷаро медоданд, имсол рӯзноманигорони зиёде буданд, ки саволҳои шахсӣ пешниҳод мекарданд, ба таърифу тавсифи мақомот ё шахси аввали ин идора машғул мешуданд ва билохира кӯшиш мекарданд, ки бо ҳар роҳе вақтро кашол диҳанд то ба дигар ҳамкасбонашон навбат нарасад.

Аз ҷумла, дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон давоми қариб як соат саволҳои дуввумдараҷа, баррасии мушкили шахсии рӯзноманигор бо вазир ва таърифу тавсифи соҳа ва худи вазир бахшида шуда буд. Ин ба он оварда расонид, ки вазир гуфт вақти ҷудошуда ба охир расид ва баъди эътирози дигар журналистон ба чанд суоли муҳими соҳа, махсусан норасои кадрӣ дар соҳа посух гуфт.

Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори хабаргузории “Авеста”
Сатҳу сифати нишасти хабарии ҳар вазорат ё кумита ба вазир ва ё раиси он вобаста аст. Агар вазир ё раис ва ё директор аз худ дилпур аст, ба ҳама саволҳои журналистон ҷавоб медиҳад ва ҳатто фактҳои аҷибро пешниҳод мекунад. Ҷамолиддин Абудуллозода, вазири тандурустӣ имсол аз соати муқарраршуда ним соат зиёдтар ба саволҳои журналистон посух гуфт. Факту рақамҳоро бе қоғаз мегуфт ..фалон.. фалон.. фалон қадар, на ҳама вазир ё дилхоҳ шахс қудрати дар ёд гирифтани факту рақамҳои зиёдро дорад. Дар нишасти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Сулаймон Давалтзода ( раиси кумита)гуфт, “биёед аз саволу ҷавоб нишастро оғоз кунем, то ба саволҳоятон посух гиред”. Яъне нишастро озод гузаронид. Нишасти прокуратураи генералӣ, ки соле қабл 14 дақиқа сурат гирфта буд, имсол баракас то 45 дақиқа ва ҳатто зиёдтар давом кард. Юсуф Аҳмадзод, прокурори генералӣ саволеро бе посух намонд. Фикр намекунам, ки чизе журналистон аз ин нишастҳо барои худ ҳазм накарда бошанд. Албатта касе барои худ чизе гирфт , касе ба саволҳои худ посухе дарёфт накард, ин ҳам ба савол ва факут далели он вобаста буд. Дар муқоиса аз нишастҳои қаблӣ, яъне се чахор сол пеш на ду соли охир фарқ зиёд аст. Журналистони пеш боҷуръат буданд! Нишасти матбуотиро журалист бо тайёрӣ ва саволҳои "обдораш" рангин мекунад. Ростӣ ман намедонам ким чӣ гуна тарсе дар ниҳоди журналистон дар нишастҳо хис кардам. Ё журналистон эҳтиёткор шудаанд ё хайр...

Фарзона Муродӣ, хабарнигор аз вилояти Суғд
Сол то сол ин нишастҳои камранг мегузаранд ва шумораи сохторҳо кам мешаванд. Ман дар нишасти шашмоҳаи соли 2022 аз раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хоҳиш карда будам, ки сохторҳое, ки ин амри президентро нодида мегиранд ва нишаст доир намекунанд водор кунад, ки дар ҷамъбасти солона нишасти матбуотӣ гузаронанд. Аз ҷумла сохторҳои калидӣ- РВКД ҶТ, Суди вилояти Суғд, шабакаҳои барқ ва ғайра. Аммо нишасти солона ҳам ҷамъбаст гашту ҳолат дигар нашуд. Мушкили дигари нишастҳо дар як вақт чанд сохтори муҳимро дар нақша мондан аст. Дар як соат ду се шаҳру навоҳиро дар ҷадвал ҷо мекунуанд, ки ҳар кадоме муҳимтар аз якдигаранд. Баъзе редаксияҳо шумораи зиёди корманд доранд, ки тақсим шуда ба нишастҳо мераванд, аммо тамоми расонаҳои ҷумҳуриявӣ ва бурунмарзӣ дар вилоят яктоӣ намоянда доранд, ки наметавонад ба ҳамаи нишастҳои лозима иштирок кунад.
Пешниҳод мекунам, ки дар вақти ҷадвали нишастҳоро тартиб додан мушкилоти зикршударо ба инобат гиранд. Журналистонро тӯби футболӣ накунанд. Масалан дар Суғд идораи об, кишоварзӣ, экология ва кумитаи идораи замин дар як соат нишаст мегузаронанд. Ҳар роҳбар 10 дақиқагӣ баромад мекунад. Тасаввур кунед 80 фисади вақт ба маъруза сарф мешавад ва онҳо чизи нав не, балки ҳамон варақи хабарии ба мо дастраскадаро мехонанд. Ба 20 дақиқаи боқимонда 25-30 журналист чӣ кор мекунад? Не саволи комилу на ҷавоби дақиқ. Боз ин чор сохтор фаъолияти бисёр густурда доранд.

Хуршед Фозилов, хабарнигор аз шаҳри Панҷакент
Нишастҳои матбуотии солҳои қабл хуб мегузаштанд. Аввал раиси шаҳр мегузаронид ва супориш медод ҳар соҳа алоҳида нишаст гузаронад. Ин то солҳои 2018 буд. Баъдан ҳама соҳаҳои монанд якҷоя мегузаронидагӣ шуданд. Масалан, соҳаҳои кишоварзӣ, замин, обёрӣ, ҷангал. Сипас ҳамин ҳам аз байн рафт ва бархе аз роҳбарон ё нишаст намегузарониданд ё ба нишаст намеомаданд.
Имсол танҳо раиси шаҳри Панҷакент нишаст гузаронид ва на ба ҳама саволҳо посух гуфт. Гузашта аз ин, вақтро маҳдуд карданд ва чанде аз рӯзноманигорон натавонистанд суол диҳанд. Хулоса дар Панҷакент сатҳу сифати гузаронидани нишастҳои хабарӣ аз нигоҳи ман ғайриқаноатбахш аст.
Бигзор роҳбарон иштирок кунанд, ҳар соҳа нишасти матбуотӣ гузаронад ва аз ВАО нагурезанд. Онҳо ӯҳдадоранд.

Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, хабарнигор аз вилояти Хатлон
Нишастҳои матбуотӣ дар минтақаи Кӯлоб ба ҳар ҳол гузаштанд. Баъзеҳо бе тайёрӣ ва бархеи дигар бо тайёрӣ ба нишаст омада буданд. Нишасти матбуотӣ дигар аҳамияташро гум карда истодааст, ҷиддият нест. Бархе аз рӯзноманигорон ҳам ба ҷойи савол додан мехезанду раисро таъриф мекунанд ва ё махсус вақтро кашол медиҳанд. Аксари рӯзноманигрон ҳам бе тайёрӣ ба нишаст ҳозир мешаванд ва вобаста ба фаъолияти ниҳод огоҳии камтар доранд.
Пешниҳод мекунем, ки бояд тамоми нишастҳои матуботӣ тариқи пахши мустақим сурат бигирад. Масъулияти гузаронидани нишастҳои матбуотӣ ба зиммаи ягон ниҳоди таъсиргузор вогузошта шавад. Тамоми нишастҳои матбуотӣ бояд аз авал то охир тариқи телевизионҳои давлативу маҳалӣ пахш карда шаванд.

Рухшона Ҳакимова, Хадамоти мониторингии АМВАОМТ


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима