Неъматулло Мирсаидов: лоиҳаи DW Akademie ва АМВАОМТ - муассир ва мавриди тақозост
     TJ RU EN
12:04 / 2024-12-26

Неъматулло Мирсаидов: лоиҳаи DW Akademie ва АМВАОМТ - муассир ва мавриди тақозост

Nematullo Mirsaidov

Чанд рӯзест, ки ман аз натиҷаи кори бузурге, ки рӯзноманигорони Тоҷикистон, бахусус вилояти Суғд дар доираи марҳилаи навбатии лоиҳаи муштараки DW Akademie ва АМВАОМТ анҷом доданд, ман дар ҳиссиёти хуб қарор дорам, ки дар он ҳамчун мураббӣ иштирок намудам. Лоиҳаи "Инъикоси ба низоъ ҳассос ва созандаи рӯйдодҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон" аз ҷониби АМВАОМТ (Тоҷикистон) дар ҳамкорӣ бо созмони байналмилалии олмонии рушди ВАО DW Akademie бо маблағгузории Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон амалӣ гардид.

Ман қоил мешавам, ки натиҷаҳои кор беш аз интизориҳои мо шуданд. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар бораи сарҳад ҳатто дар давраи душвори зиддиятҳои байни халқҳои ду ҷумҳурият — Тоҷикистон ва Қиргизистон метавон маводҳои созанда омода намуд. Дар бораи ҳаёт ва равандҳои минтақаи наздимарзӣ чунин матолиби мусбати бо камоли кордонӣ омодашуда ҳатто ҳангоми ширкат доштани рӯзноманигорони Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон дар марҳилаҳои қаблии лоиҳа эчҷод нашуда буд. Сарфи назар аз он, ки дар даргириҳои 14-16 сентябри соли 2022, ки беш аз 140 нафар кушта ва садҳо нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд, ва оқибатҳои он то ба ҳол аз хотираҳо зудуда нашудаанд, рӯзноманигорони тоҷик тавонистаанд матлабу гузоришҳо ва эссеҳои мухталиферо дар бораи чӣ гуна ба даст овардани сулҳи пойдор дар сарҳад, барқарор намудани тарзи зиндагонии мусолиматомези, ки бо калимаи оддии «ҳамсоягии нек» номида шудааст. Ва муҳимтар аз ҳама, маводҳо бо сифати хуб, аксаран бо риояи тавозун, бетафовут, мувофиқи меъёрҳо, принсипҳо ва стандартҳои асосии журналистикаи байналмилалӣ буданд.

Ҳамчун шахс ва мутахассисе, ки мушкилоти минтақаи марзиро хуб медонад, дар давраҳои омӯзишӣ як силсила мавзӯъҳоро барои инъикоси ҳаёти минтақаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон тавсия кардам. Ва ин ба ман қаноатмандии бузург бахшид, ки рӯзноманигорон маҳз дар ин мавзӯъҳо мавод омода карданд. Инҳо масъалаҳои делимитатсия ва аломатгузории сарҳад, тақсимоти обу обанбор, бозорҳои марзӣ, равобти нақлиётӣ, зиндагии аққалиятҳои қирғиз дар Тоҷикистон мебошанд. Мо дарк менамудем, ки бо далели баста шудани марзи Тоҷикистону Қирғизистон набояд тавозуни комили назаротро интизор шуд, аммо сатҳи касбияти рӯзноманигорони Тоҷикистон, ба хусус рӯзноманигорони вилояти Суғд имкон дод, ки роҳи ҳалли ин масъаларо пайдо намянд. Бисёре аз хабарнигорон аз робитаҳои мавҷудаи худ дар Қирғизистон истифода карданд. Баъзеҳо бо роҳи дигар рафтанд: маводҳои қаблан интишоршударо омӯхта, андеша ва назароти қаблан дар ВАО садо додашударо моҳирона истифода намуданд, ки ин аз ҷустуҷӯи онҳо ва омӯзиши маводҳо дар бораи сарҳад шаҳодат медиҳад. Аксарияти материалхо ба таҳлили чукури вазъияти минтақаи сарҳадӣ асос ёфтаанд. Маҳз бо ҳамин хусусият матлабҳои омоданамудаи рӯзноманигорон Қамар Аҳрор, Фарзона Муродӣ ва Озод Мелибоев, ки дар бораи баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон ва нақши бозорҳои марзӣ дар рушди иқтисоди ду кишвар, ташаккули фазои дӯстӣ ва ҳамкорӣ, фарқ мекаранд.

Мақолаҳои Алишер Охунов ва Абдумуталиб Шарифов, ба назари ман, сазовори таҳсин буданд, ки маводҳои худро ба нақши «дипломатияи халқӣ» дар барқарорсозии муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва принсипҳои тақсимоти об дар рӯдхонаи фаромарзии Исфара ҳамчун ба низоме, қодир аст даргириҳои эҳтимолиро оид ба масъалаҳои обтаъминкунӣ пешгирӣ менамояд, бахшидаанд.

Рӯзноманигорон Фирӯза Мирҷумъаева ва Шаҳбон Олимова дар бораи ҳаёти аққалиятҳои миллии қирғиз маводи хеле ҷолиб омода карданд. Гузашта аз ин, Мирҷумаева дар ҳудуди вилояти Суғд макони иқомати қирғизҳоеро, ки то ҳол барои доираи васеи хонандагон номаълум буданд, пайдо кард. Олимова дар бораи мушкилоти қирғизҳо дар низоми таҳсилот муфассал сухан ронд. Зимнан, Шаҳбону Олимова ягона намояндаи нашрияи давлатӣ буд, ки на танҳо дар ин лоиҳа ширкат дошт, балки мақолаи худро дар нашрияи давлатии вилоятӣ – рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» интишор намуд.

Лоиҳаи "Инъикоси ба низоъ ҳассос ва созандаи рӯйдодҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон" на танҳо қобилияти иҷро, балки самаранокии худро дар коҳиши танишҳоро низ нишон дод.

Боварӣ дорам, ки силсилаи интишорот дар мавзӯи сарҳад, ки асосан бо мусбияти худ фарқ мекард ва ба принсипи эълонкардаи лоиҳа - «ЗАРАР НАРАСОН!» посух медоданд, дар замоне, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳо дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз нав барқарор мешаванд, барои рушди тамоюли истиқрори сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард. Ва ман идомаи лоиҳаи мазкурро, ки дар сурати мувофиқати тарафҳо дар мавриди боз кардани марзҳо формати онро метавон васеъ кард, ба мақсад мувофиқ мешуморам.

Неъматулло Мирсаидов, хабарнигори байналмилалӣ


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима