Натиҷаи нишастҳои матуботии санаи 15-уми феврал баргузоршуда. Чӣ гуфтанд?
     TJ RU EN
12:37 / 2024-12-26

Натиҷаи нишастҳои матуботии санаи 15-уми феврал баргузоршуда. Чӣ гуфтанд?

Press-conference 4a15 феврал Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор намуданд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 15-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, се корманди милиса барои хунукназарӣ ҳангоми боздошти Абдуқаҳҳор Розиқов боздошт шудаанд ва чанд нафари дигар ҳам аз кор ронда шуданд. Вазир мушаххасан нагуфт, ки дар робита ба қазияи Розиқов чанд нафарро аз кор озод кардаанд.

Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола ва соҳиби ду фарзанд шаби 2-юми январ аз тарафи маъмурони милиса дастгир ва дар шароити мармуз ҷон дода буд.

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон 377 миллион сомонӣ хисорот ошкор кардааст. 19 кас аз муассисахои давлатй аз кор хорич карда шуд. Дар ин бора масъулони ин ниҳод дар нишасти матбуотӣ хабар доданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода рӯзи 15-уми феврал дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ҳудуди 15 дарсади пулҳои интиқолии афроди воқеӣ аз Русия дар соли 2022 ба Тоҷикистон тавассути содироти баъзе маҳсулот ворид шудааст.

Раиси Кумитаи заминсозӣ ва геодезӣ Ориф Хоҷазода имрӯз дар нишасти матбуотӣ аз пурзӯр намудани чораҳои мубориза бо нақзи қонунгузории замин хабар дод.

Шарипова Фарзона, Хадамоти мониторингии АМВАОМТ


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима