Чӣ пурсиданд, чӣ шуниданд. Рафтори мақомдор дар Суғд хабарнигоронро нороҳат кард. ВИДЕО
     TJ RU EN
12:21 / 2024-12-26

Чӣ пурсиданд, чӣ шуниданд. Рафтори мақомдор дар Суғд хабарнигоронро нороҳат кард. ВИДЕО

20230217 RO 1Ҷавобҳои Хадамоти муҳоҷирати Суғд рӯзноманигоронро нороҳат кард

Рӯзноманигорон дар Суғд ба ҳеч суоли худ дар нишасти матбуотии сардори хадамоти муҳоҷирати вилоят натавонистанд, посух гиранд.

Мақомдорони тоҷик тибқи расмиёт дар шаш моҳ як бор бо расонаҳо суҳбат мекунанд. Журналистон дар фазои маҳдудияти озодии баён ин нишастҳоро ягона фурсати муносиб барои дарёфти посухи расмӣ ба суолҳояшон медонанд.

Журналистони Суғд дар нишасти сардори хадамоти муҳоҷирати вилоят дар рӯзи 13-уми феврал талош карданд, то дар бораи теъдоди муҳоҷирон, интиқоли тобути шаҳрвандон аз Русия посух гиранд.

Саид Камолзода, сардори хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд батакрор мегуфт, аз ин чизҳо хабар надорад. Ардашери Султон, хабарнигори “ТВ Танин” пурсид, ки “дар соли 2022 чӣ қадар муҳоҷир ба муҳоҷират рафт, чӣ қадар баргашт ва чӣ қадар фавтид”, вале сардори Хадамот гуфт, инро фаҳмонда наметавонад.

Ӯ гуфт: “Номаш муҳоҷират аст, вале ҳама корбариву нақшаашро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пеш мебарад. Вақте "Груз- 200" (тобути муҳоҷирон) меояд, ба мо ягон хел дахл надорад. Мо ягон хел наметавонем вайро гирифта ва муайян кунем."

Ин мақомдор талош мекард, ба суоли хабарнигорон посух надиҳад ва ё ба шакле аз додани посухи мустақим мегурехт.

Саид Камолзодаи 25 сола, як сол пеш ба ин вазифа бо фармони Ширин Амонзода, вазири ҳамакнун собиқи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъин шудааст. Рӯзноманигорон мегӯянд, аз ин мансабдори ҷавонтарини вилояти Суғд дар нишастҳои хабарии қаблӣ ҳам ба саволҳои худ посухи дақиқу пурра намегирифтанд.

Фарзона Муродӣ, хабарнигори “Азия Плюс” аз ин мақомдор дар бораи сабабҳои марги муҳоҷирон пурсид ва аз ӯ хост, ки минбаъд ба нишасти хабарӣ омода шавад.

Саид Камолзода, сардори Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд гуфт: “Як ё ду рӯзи дигар сабр кунед, ҳамин маълумот мебарояд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамин оморро ба шумо бидиҳад. Корҳои намояндагии мо дар Федератсияи Русия асосан қарзе, ки корхонаҳо ба тоҷикон дода наметавонад, ҳамонро кушиш карда баргардонда додан аст. Дар масъалаи фавт бошад, дар онҷо пул нест, ки биёранд. Диаспораҳо мардумро ҷамъ мекунанд ва чанд пуле ёрдам дода тавонанд, баъд мурдаҳоро меоранд. Ҳаминро баъд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қайд мегиранд.”

Ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия муҳоҷир буда, зиндагии аксари сокинон дар кишвар аз ҳисоби пули муҳоҷират аст. Муҳоҷирон пайваста шикоят мекунанд, ки мақомоти тоҷик барои ҳали мушкили онҳо талош намекунанд. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ки Хадамоти муҳоҷират тобеи он аст, аз камтарин ниҳодест, ки дар Русия барои кор бо муҳоҷирон намояндагӣ дорад.

Ҷавобҳои Хадамоти муҳоҷирати Суғд рӯзноманигоронро нороҳат кард

https://www.ozodi.org/a/32275668.html


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима