Додгоҳи олӣ гуфт, шикояти журналист аз шиканҷа тасдиқ нашуд
     TJ RU EN
12:08 / 2024-12-26

Додгоҳи олӣ гуфт, шикояти журналист аз шиканҷа тасдиқ нашуд

PirmihammadzodaДодгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, шикояти Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори тоҷик дар бораи шиканҷа тасдиқ нашуд.

Пирмуҳаммадзода қаблан дар номае гуфта буд, ӯро дар идораи пулиси шаҳри Ваҳдат "заданду кӯфтанд ва ба барқ мондаву ҷонашро ба лаб оварданд", то ба гуноҳи нокардааш эътироф кунад. Cарфи назар аз ин, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 26-уми декабри соли гузашта рӯзноманигорро ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Абдуқаҳҳор Тағозода, додраси Додгоҳи олӣ 16-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар вақти мурофиа аз шиканҷа шуданаш шикоят кардааст.

Ба гуфтаи Тағозода, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ “барои санҷиши воқеии истифода шудани шиканҷа” қарор қабул кард, ки додситонӣ шикояти Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро санҷад. Додраси Додгоҳи олӣ афзуд, дар ҷараёни санҷиши додситонӣ шикояти Пирмуҳаммадзода дар бораи шиканҷа “тасдиқи худро наёфт.”

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, рӯзноманигорро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор донист.

Худаш моҳи октябр дар номае аз боздоштгоҳ навишт, ки аз рӯзи аввали боздошт зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш “бофтаву сохтаи” мақомоти милисаро ба дӯш бигирад.

Дар ҳоле, ки пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳукми додгоҳро “ноодилона” гуфта буданд, масъулини Додгоҳи олӣ аз болои ҳукм шикоят дарёфт накардаанд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаи 44-сола, соҳиби чаҳор фарзанд, ки тайи моҳҳои охир дар бораи мушкили иҷтимоии мардум дар Ютуб суҳбат мекард, рӯзи 8-уми июли имсол дар зодгоҳаш, шаҳри Ваҳдат, дастгир шуд. Номи ӯ моҳи ноябри соли 2020 ва пас аз як муроҷиати ғайриодияш ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон маъруф гардид.

Он замон гуфта буд, аз ночорӣ таксӣ меронад, аммо аз ҷаримаҳои зиёди нозирони роҳ ба дод омадааст. Аз он пеш дар радиои “Садои Душанбе” ва расонаҳои вобаста ҳукумат ба кор мекард.

https://www.ozodi.org/a/32274281.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима