Додгоҳи олӣ гуфт, шиканҷа шудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзода тасдиқ нашуд
     TJ RU EN
11:59 / 2024-12-25

Додгоҳи олӣ гуфт, шиканҷа шудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзода тасдиқ нашуд

PirmuhammadzodaОнҳо гуфтанд, аз ҷониби ӯ шикояти кассатсионӣ ворид нашудааст.

Шикояти Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷик ба Додгоҳи олии Тоҷикистон дар робита ба шиканҷа шуданаш тасдиқи худро наёфт. Дар ин бора Абдуқаҳҳор Тағозода, додраси Додгоҳи олӣ дар нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.

Ӯ гуфт, доир ба истифода шудани шиканҷа нисбати Абдусаттор Пирмуҳаммадзода қарори додгоҳ қабул шуда, санҷиш гузаронида шуд.

“Аммо санҷишҳо нишон дод, ки шикояти ӯ асос надорад”, - афзуд Абдуқаҳҳор Тағозода.

Номбурда ҳамчунин, гуфт аз ҷониби Абдусаттор Пирмуҳаммадзода пас аз содир шудани ҳукм шикояти кассатсионӣ ворид нашудааст.

Қаблан, масъулини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфта буданд, ки оид ба шиканҷа шудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзода касе аз наздикони рӯзноманигори маҳкумшуда ба ниҳоди зери роҳбарии ӯ муроҷиат накардаанд.

“Новобаста ба ин, мо нақша дорем давоми моҳи равон далели мазкурро санҷиш намоем”, - гуфта буд Муқим Ашӯров, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.

Бояд гуфт, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, яке аз чаҳор рӯзноманигори тоҷик, ки тобистони соли ҷорӣ бо гумони даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм боздошт гардида буд.

Моҳи декабри соли 2022 Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, 7 сол равонаи зиндон гардид.

Дар ҷараёни мурофиа, ӯ бо ирсоли номае аз дохили зиндон шикоят кард, ки аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа қарор дошт, то иттиҳоми ба қавлаш “бофтаву сохтаи” мақомоти тафтишотиро ба дӯш бигирад.

Гуфтан ба маврид аст, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, корманди собиқи радиои давлатӣ замоне шинохта гардид, ки дар Рӯзи Президент наворе сабт карда, шикоят намуд, ки кормандони БДА барои озод фаъолият карданаш монеъ мешаванд.

Баъдан ӯ бо пахши наворҳои дигар аз мушкилоти дигари ҷомеа нақл мекард. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки баъди боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигорони дигари маҳкумшудаи тоҷик садояшро баланд кард.

Дар як соли охир, ба ғайр аз Абдусаттор Пирмуҳаммадзода се рӯзноманигори дигари тоҷик, Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ боздошт ва ба муҳлатҳои аз 7 то 10 сол зиндонӣ шуданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20230216/dodgoi-ol-guft-shikana-shudani-abdusattor-pirmuammadzoda-tasdi-nashud


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима