Аз номувофиқ будани 196 нафар ба мансаби ишқол намуда то бо хоҳиши худ рафтани муҳоҷирони зиндонӣ ба ҷанг. Дар нишасти матбуотӣ чӣ гуфтанд?
     TJ RU EN
12:07 / 2024-12-26

Аз номувофиқ будани 196 нафар ба мансаби ишқол намуда то бо хоҳиши худ рафтани муҳоҷирони зиндонӣ ба ҷанг. Дар нишасти матбуотӣ чӣ гуфтанд?

Press-conference 4a13 феврал Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор намуданд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 10:00 дар вазорати мазкур доир намуд. Намояндаи вазорати меҳнат дар Федератсияи Россия дар ҷавоб ба саволи хабарнигорон вобаста ба ҷалб гардидани муҳоҷирони зиндонии тоҷик ба ҷанги Украина гуфт, онҳо бо хоҳиши худашон ба ҷанги Украина мераванд ва касе маҷбурашон намекунад. Дар ҳамин ҳол наздикони зиндониени кушташуда ба расонаҳо борҳо гуфтанд, ки фарзандонашонро бо зӯриву таҳдид ба ҷанги Украина мебаранд. Гулнора Кенҷа, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ омори муҳоҷирони тоҷикро ба хабарнигорон пешниҳод накард ва гуфт, аз сабаби оне, ки омори мо бо омори ҷониби Россия мквофиқат намекунад, пешниҳод карда наметавонем.
Нишасти матбуотии ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» соати 10:00 дар маҷлисгоҳи ҶСК «Барқи Тоҷик» доир карда шуд. Маҳмадумар Асозода зимни нишаст гуфт, азнавпайвастшавии Тоҷикистон ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ амалӣ карда мешавад. Ба гуфтаи мавсуф, дар айни замон низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҷудогона фаъолият дошта, баъзе аз минтақаҳои низоми энергетикии ин ё он ҷониб ба низоми энергетикии дигар пайваст шудаанд, ки ин минтақаи сарбаст мебошад.

Нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Тибқи хулосаҳои комиссияи аттестатсионӣ, аз 2592 нафар хизматчиёни давлатии ба аттестатсия фарогирифта 2396 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ карда шудаанд. Комиссияи мазкур 196 нафари дигарро ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ намудааст. Дар ин хусус Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Фарзона Шарипова, Хадамоти мониторингии АМВАОМТ


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима