Дар нишастҳои матбуотии рӯзи 9-уми феврал чӣ гузашт?
     TJ RU EN
03:46 / 2024-11-16

Дар нишастҳои матбуотии рӯзи 9-уми феврал чӣ гузашт?

Press-conference 4aСанаи 9 феврал Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор намуданд.

Ҷиҳати муайян намудани сифати дониш ва сатҳи донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён соли 2022 900 муассисаи таълимӣ аз санҷиши сатҳи сифати таҳсил гузаронида шуданд, ки нисбат ба соли 2021 80 муассисаи таълимӣ зиёд мебошад. Дар ин бора Икром Субҳонзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 09:30 дар маҷлисгоҳи МД «Тоҷикфилм» доир намуд. Олимҷон Муҳаммадзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, дар назар аст минбаъд соҳибкорон ба хотири пешгирӣ аз хатову ғалат дар номи ширкатҳо аз санҷиши забон гузаранд. Ӯ зикр намуд, ки риоя нагардидани меъёри забони давлатӣ дар дӯкону мағозаҳо зиёд ба назар мерасад.

Нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» соати 11:00 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баргузор гардид. Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар бораи сарбозони қурбонии муноқишаи марзии Қирғизистону Тоҷикистон филми мустанад бардошта шудааст. Филми мустанад дар бораи 17 нафар сарбозону афсароне, ки ҳангоми ҳифзи марзу буми Ватан ҷон додаанд, аллакай омода шудааст ва рӯзҳои наздик тариқи телевизион пахш мешавад.

Фарзона Шарипова, Хадамоти мониторингии АМВАОМТ


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима