Тоҷикистон дар ҷойи охир. Муқоисаи нарх ва суръати интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ
     TJ RU EN
02:33 / 2024-11-16

Тоҷикистон дар ҷойи охир. Муқоисаи нарх ва суръати интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

20230207 APТоҷикистон миёни кишварҳои ҷаҳон аз рӯи суръати интернети мобилӣ дар ҷои 136-ум, интернети ноқилӣ дар ҷои 118-ум ва аз рӯи қимат 131-ум аст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба парлумон ва ҷаласаи солони ҳукумати кишвар аз сифат ва нархи интернет дар Тоҷикистон интиқод кард ва ба масъулин барои беҳтар кардани вазъ дастур дод.

Сифату суръати интернет дар Тоҷикистон солҳост мавриди интиқоди корбарон қарор дорад ва бори аввал аст, ки роҳбари давлат ба он дахл кард.

Баъди интиқоди президент, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки қаблан интиқоди аҳолиро оид ба сифат ва нархи интернет қабул намекард, гуфт аллакай, ситод таъсис ёфта, суръати интернетро беҳтар ва қимати онро аз ҳисоби роҳандозии роҳҳои алтернативӣ коҳиш медиҳанд.

Бо ишора ба ваъдаи мақомоти масъул, “Азия-Плюс” тасмим гирифт, сифат ва нархи кунунии интернетро дар кишварҳои Осиёи Марказиву Афғонистон ва мавқеи Тоҷикистонро дар раддабандиҳои байналмилалӣ муқоиса кунад, то баъдан инмконияти баҳо додан ба фаъолияти анҷомдодаи мақомот фароҳам ояд.

Интернети мобилӣ
Тоҷикистон дар раддабандии “Speedtest Global Index” аз рӯи суръати интернети мобилӣ дар моҳи декабри соли 2022 байни 141 кишвари ҷаҳон дар ҷои 5-ум аст. Баъди Тоҷикистон танҳо Гана, Венесуэла, Куба ва Афғонистон қарор доранд. Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба истиснои Туркманистон, дар ҷои охир аст. (Маълумот дар бораи ин кишвар дастрас нест).

 

 

Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети мобилӣ дар ОМ дар ҷойи охир аст

Суръати миёнаи боргирӣ

 

 

 

Аз ҳама ташвишовар нархи интернети мобилӣ аст. Дар рейтинги “Worldwide mobile data pricing 2022” Тоҷикистон бо нархи миёнаи 1,94 доллар барои 1 ГБ дар ҷаҳон ҷои 131-умро ишғол мекунад. Дар ҳоле ки кишварҳои ҳамсоя дар вазъи беҳтар қарор доранд: Қирғизистон дар ҷои 6-ум ($0,17), Ӯзбекистон дар ҷои 15-ум ($0,37), Қазоқистон дар ҷои 16-ум ($0,37) ва ҳатто Афғонистон дар ҷои 64-ум ($0,90). Дар Туркманистон гаронтарин интернет дар ҷаҳон аст - ба ҳисоби миёна 14,27 доллар барои 1 ГБ.

 

 

 

 

 

Интернети мобилии қимматарин дар ОМ дар Туркманистон аст

Нархи миёна барои 1GB бо доллари ИМА

 

 

 

 

Flourish logoA Flourish chart

Интернети ноқилӣ
Аммо аз лиҳози суръати интернети ноқилӣ Тоҷикистон дар ҷои беҳтар – дар байни 178 кишвари ҷаҳон дар ҷои 118-ум қарор дорад. Дар ин раддабандӣ Қирғизистон дар ҷои 83, Ӯзбекистон дар ҷои 89, Қазоқистон дар мавқеи 96, Туркманистон ва Афғонистон дар ҷойҳои 176-177 қарор доранд.

 

 

 

 

 

Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети ноқилӣ дар ОМ дар ҷойи чорум аст

Суръати миёнаи боргирӣ

 

 

 

Маълумот дар бораи арзиши миёнаи интернети ноқилӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мавҷуд нест ва аз ин рӯ муқоиса кардан ғайриимкон аст.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20230207/toikiston-dar-oii-ohir-muoisai-narh-va-surati-internet-dar-kishvaroi-osiyoi-markaz


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима