Радабандӣ ҳамасола аз ҷониби ташкилоти таҳқиқотии бритониёӣ таҳия мешавад.
Дар “Шохис (индекс)-и демократия”-и The Economist Intelligence Unit барои соли 2022 миёни 167 давлат Тоҷикистон дар зинаи 156-ум қарор гирифт. Дар соли 2021 Тоҷикистон мақоми 157-умро ишғол карда буд.
Радабандии Democracy Index ҳамасола аз ҷониби ташкилоти таҳқиқотии бритониёии The Economist Intelligence Unit таҳия карда мешавад.
Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қирғизистон мақоми 116-ум, Қазоқистон - 127-ум, Ӯзбекистон - 149-ум ва Туркманистон - 161-ро касб кардаанд.
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 дар “Шохиси демократия” Ӯзбекистон байни 167 кишвар 1 зина боло рафта, арзёбии демократия дар кишвар 2,12 баллро ташкил медиҳад ва аллакай се сол инҷониб тағйир намеёбад.
Дар радабандии минтақавии Аврупои Шарқӣ миёни 28 давлат Ӯзбекистон дар зинаи 25-ум қарор дорад. Беларус, Тоҷикистон ва Турманистон дар зинаҳои охири радабандӣ ҷойгиранд.
“Дар минтақа то ҳол “демократияи комил” вуҷуд надорад: аз 28 кишвар 16-тоаш “демократияи нокомил” (давлатҳои шарқи узви Иттиҳоди Аврупо ва Балкани ғарбӣ), чаҳортоаш - “режими гибридӣ” (Арманистон, Босния ва Ҳерсеговина, Гурҷистон ва Украина) ва ҳашттоаш - "сохти худкома (режими авторитарӣ)" (Озарбойҷон, Беларус, Русия ва тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ) мебошанд”, - омадааст дар гузориш.
Тай чандин сол пайиҳам Норвегия (9,81 балл) дар садри радабандӣ қарор дорад. Зеландияи Нав (9,61), Исландия (9,52), Шветсия (9,39) ва Финландия (9,29) низ дар панҷгонаи авваланд.
Дар зинаҳои охири радабандӣ Кореяи Шимолӣ (1,08), Мянма (0,74) ва Афғонистон (0,32) ҷойгир шудаанд.
Муаллифони гузориш 24 кишварро ба сафи кишварҳои демократияи комил шомил кардаанд, ки 8%-и аҳолии сайёра дар онҳо зиндагӣ мекунад. 48 кишвар бо 37,3%-и аҳолӣ - демократияи нокомил; 36 кишвар бо 17,9%-и аҳолии сайёра - сохт (режим)-и гибридӣ ва 59 давлат бо 36,9%-и аҳолии ҷаҳон - кишварҳои худкома арзёбӣ шудаанд.